Осиёи МарказӣСиёсат

Муноқиша дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон тезутунд мешавад

Бино ба иттилои Sputnik  мабнӣ бар хабари фаврии  КДАМ Тоҷикистон “имрӯз, 29-уми апрел, соати 13:05 дақиқа дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии “Головной”, воқеъ дар болои дарёи Исфара ва ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара, низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ба сӯи сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд”.

Гуфта мешавад, ки “ ҳодисаи мазкур дар ҳоле рух дод, ки тӯли рӯзҳои охир ҷониби Қирғизистон худсарона бандҳои созишномаи қаблан мувофиқашудаи дуҷонибаро бо Тоҷикистон вайрон намуда, нақшаи забти нуқтаи обтақсимкунии “Головной”-ро ба роҳ мондааст”.

“Тибқи харитаи солҳои 1924-1927 ва 1989 иншооти мазкур пурра дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, соли 1968 дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ барои обёрии шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон истифода мешуд”- омадааст дар хабар.

Рӯзҳои ахир вазъият дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳамоно тезутунд боқӣ мемонад.

 Имрӯз КДАМ Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи ҳамин рӯз “зимни муноқишаи сокинони  маҳаллаҳои Сомониёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кук-Тоши Ҷумҳурии Қирғизистон шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз камони шикорӣ тир холӣ карда, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон  — Амаков Оқил Юнусович, соли таваллудаш 1989, сокини маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфараро аз пешониаш захмдор карданд. Номбурда  ба беморхонаи марказии шаҳри Исфара интиқол дода шуд ва вазъи саломатиаш вазнин арзёбӣ мегардад”.   Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ дар ин задӯхурд 7 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон захм бардоштанд.

Ин дар ҳолест, ки ҷониби Қирғизистон вазъиятро баръаки шарҳу тавзеҳ медиҳад.

Хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Хадамоти марзбонии Қирғизистон  хабар медиҳад, ки ҷониби Тоҷикистон дидаву дониста  муноқишаро барангехт ва вазъро тезутунд мекунад. Тибқи маълумоти 24.kg сарҳадбонони тоҷик ба мавзеи сарҳадбонони қирғиз аз силоҳи оташфишон ва хумпора оташ кушоданд. Манбаъ ҳамчунин хабар медиҳад, ки дар ин муноқиша як сокини сисолаи деҳаи Кок-Тоши вилояти Ботканд аз чашми росташ захми тир бардоштааст. Вазъи ӯро вазнин арзёбӣ мекунанд. Дар маҷмӯъ, ҳашт нафар сокинони Қирғизистон  ба ёрии тиббӣ муроҷиат карданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳодиса  пас аз он шурӯъ шуд, ки ҷониби Тоҷикистон ба насби дурбинҳои назоратӣ дар сутуни барқӣ дар назди нуқтаи тақсимоти оби “Головная” шурӯъ кард. Сокинони  Қирғизистон ба насб кардани  таҷҳизот монеъ шуданд. Пас аз як муноқишаи лафзӣ ҷонибҳо ба сӯи ҳамдигар санг партофтанро оғоз карданд.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбакистон аз тезутунд шудани вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон изҳори нигаронӣ намуда, изҳор намудудааст, ки дар ҳалли мусолиҳатомези он мусоидат намояд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *