Илм ва фарҳангҶаҳон

Нашри маҷҷалаи нави илмиву пажуҳишии тоҷикӣ дар Аврупо бо номи “Тӯроннома”

11:06, имрӯзМуаллиф: Тӯҳфа Иброҳимова барои Asia-Plus

Дар  Суед (Шветсия)-и Аврупо нахустин шумораи маҷаллаи нави илмӣпажӯҳишии «Тӯроннома» бо забонҳои тоҷикиву русӣ нашр шуд. Ин маҷаллаи илмӣ аз сӯйи «Институти байналмилалии таҳқиқоти тоҷикпажўҳӣ»  воқеъ дар Суед таъсис дода шудааст.

Ин маҷалла фаслнома буда, дар се моҳ як бор нашр мешавад ва мудири масъули институти таҳқиқотӣ ва сардабири фаслномаи “Тӯроннома” муаррихи тоҷик Луқмон Бойматов мебошад.

Шўрои таҳририяи маҷаллаи «Тӯроннома»-ро донишмандон ва мутахассисони маъруф аз донишгоҳҳо ва муассисоти илмӣ ва пажӯҳишии кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, ташкил мекунанд.

“Умед дорем, ки фаслномаи «Тўроннома» фазои илмиро барои интишор ва баргузории баҳсҳои илмии муассир дар бораи таърихи мардумони Осиёи Марказӣ ва Эрон аз даврони бостон то ба имрўз густардатар мекунад”, – мегӯяд сардабири маҷалла.

Тавре ки дар сухани сардабир омадааст, нашри таҳқиқот ва тозатарин баррасиҳои илмӣ-пажӯҳишӣ дар мавриди таърихи мардуми тоҷик аслитарин ҳадафи фаслномаи мазкур мебошад.

Зикр бояд намуд, ки ин маҷалла дар ҳоли ҳозир ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ пахш мешавад ва қарор аст, вежаномаҳои он ба хатт ва забони форсӣ низ ба табъ бирасад.

Дар назар аст, бо ҳамкории ховаршиносон ва коршиносони таърих ва таммадуни Шарқ аз кишварҳои урупоӣ, Иёлоти Муттаҳаидаи Амрико, Конодо, Ҷопон ва гайра, ин фаслномаи тахассусӣ ба номи «Тураника» (“Turanica”) ба забони инглисӣ низ ба табъ бирасад

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *