АхборОсиёи Марказӣ

Омори қурбониёни муноқишаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Тибқи омори ахири расмии Қирғизистон дар натиҷаи низоъ дар минтақаи Ботканд то 30 апрели соли 2021 шумораи зарардидагони ҳодиса дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон ба 154 нафар расид. Аз ин ҷумла 31 нафар ҷони худро аз даст доданд. Аз ҷумлаи 154 нафар 131 нафарро ғайринизомӣ ва 23 нафар аз  нерӯҳои амниятӣ  шинохта шуданд.

Дар ин бора муовини Вазири тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Қирғизистон  Ализа Султонбекова дар нишасти изтирории Ситоди зарардидагони муноқишаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон хабар дод.

Ҷониби Тоҷикистон то ҳанӯз омори қурбониёни амалиёти ҷангии марзи Тоҷикистону Қирғизистонро расонаӣ накардааст.

Радиои Озодӣ номи 12 қурбонии муноқишаи марзӣ бо Қирғизистонро маълум кард:

САЛОҲИДДИН ГАДОЕВ, 28-сола, фармондеҳи яке аз дидбонгоҳи ноҳияи Мастчоҳ;

ШЕРАЛӢ РАҲМАТЗОДА, сарбози қисми марзбонии Исфара;

САФАР НАБИЕВ, сарбози қисми марзбонии Исфара;

НЕКРӮЗ ҒАФУРОВ, сарбоз, сокини деҳаи Даҳбеди ҷамоати Қаратоғи шаҳри Турсунзода. 

БАХТОВАР МАҲМУДОВ, сокини деҳаи Наймани ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара; 

УМЕДҶОН ЮСУФОВ, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров; 

ҲИКМАТУЛЛО МАҲКАМОВ, сокини ҷамоати Чоркӯҳ, 26-сола;

ИБРОҲИМ ҲОШИМЗОДА, сокини маҳаллаи Навободи ҷамоати Чоркӯҳ, 26-сола;

СОБИР ВАҲҲОБОВ, 51-сола, ҷамоати Чоркӯҳ;

МАНУЧЕҲР ҚАЛАНДАРОВ, 40-сола, ҷамоати Чоркӯҳ; 

ДАЛЕР ЭШОНОВ, 33-сола, ҷамоати Чоркӯҳ; 

ҲУСЕЙНҶОН ШАРОПОВ, ҷамоати Чоркӯҳ.

Тибқи маълумоти Asia Plus низ дар ин задухӯрди мусаллаҳона аз ҷониби Тоҷикистон 12 нафар ҷони худро аз даст доданд ва 90 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *