Осиёи МарказӣСиёсат

Оташбас нақз шуд: дар ҷамоати Кулканд боз тирпаронӣ сурат гирифт

Сарфи назар аз созиши ҳукуматҳо барои оташбас ҳанӯз дар минтақаҳои марзӣ тирпаронӣ сурат мегирад

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Субҳи имрӯз, тахминан соати 8:30 ба 9 дар минтақаи марзӣ боз тирпаронӣ сурат гирифт.

Аббосиддин Маҳмудов раиси ҷамоати Кулканди шаҳри Исфара ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, шаҳрвандони Қирғизистон нақзи оташбас намуда, самти Тоҷикистон оташ кушоданд.

“Тирпаронӣ ҳудуди 25 дақиқа давом ёфт ва хушбахтона касе осеби ҷиддӣ надид”, – таъйид намуд Маҳмудов.

Тирпаронӣ дар ҳоле рух медиҳад, ки рӯзи гузашта Саймуъмин Ятимов, раиси кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Омурбек Суваналиев, раиси вилояти Бодканди Қирғизистон, изҳоротеро имзо карданд, ки даргирии мусаллаҳона бояд қатъ ва нерӯҳо ба макони будубоши доимӣ баргардонда шаванд.

Комиссияҳое, ки бо ташаббуси ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли низои мусаллаҳонаи 29 апрели соли 2021 таъсис ёфт, дар пайи музокирот изҳоротеро имзо намудаанд.

Тибқи ин санад, гурӯҳи кории муштараки ду кишвар аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони мақомоти иҷроия барои татбиқи пурраи тадбирҳои пешбинишуда ва фароҳам овардани шароити мувофиқи мӯътадил барои раванди музокироти судманд ба манфиати ду халқ ва давлати дӯст ташкил карда шавад.

Бар асоси иттилои расида, дар натиҷаи задухӯрдҳо дар марз аз ҷониби Тоҷикистон, се нафар кушта ва 31 нафар маҷрӯҳ гардидаанд. Қирғизистон дар мавриди ҷароҳати 81 нафару ҳалокати се нафар хабар медиҳад.

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон санаи 28-уми апрел дубора шиддат гирифт.

Сокинони Хоҷаи Аъло (Исфара, Тоҷикистон) ва Куктош (Бодканд, Қирғизистон) дар наздикии Маркази тақсими оби “Головной” дар марз ба ҳам сангзанӣ кардаанд ва баъдан 29 апрел ба тирпарронӣ миёни нерӯҳои низомии ду кишвар печидааст.

Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро дар оғози тирпаронӣ муттаҳам мекунанд.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *