ВарзишОсиёи Марказӣ

Паҳлавонони тоҷик дар Узбакистон чаҳор медал ба даст оварданд

Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба кураш барои ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон паҳлавонони тоҷик 4 медал – 1 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ ба даст оварданд.

15-ум нашри мусобиқа ба хотираи Ҳаким Тирмизӣ дар шаҳри Тирмиз аз рӯи панҷ категорияи вазнӣ бо иштироки беш аз 150 паҳлавон аз 30 давлат сурат гирифт.

Медали тиллоро дар ҳайати Тоҷикистон Муҳаммадризо Қувватов дар вазни -60кг сазовор шуд. Ӯ дар қувваозмоии финалӣ Абдулазиз Ҳамроеви узбекистониро мағлуб кард.

Додохон Қурбоналиев дар вазни мутлақ медали нуқра ба гардан овехт. Ҳусайн Илсоҳзода дар вазни -73кг ва Неъматулло Арслонқулов дар вазни мутлақ медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Ғолибон бо медал ва ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *