Осиёи МарказӣСиёсат

Посухи Тошиев ба изҳороти Зарифӣ: собиқ вазири тоҷикро ба душманӣ айбдор кардааст

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев ба изҳороти собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ вокуниш кардааст

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Ба гуфтаи вай, ҳама пешниҳодҳои ҷониби Қирғизистон дар мавриди делимитатсияи марз, аз ҷумла қарор дар бораи анклави Ворух, ба раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов  дода шуданд, хабар додааст 24.kg

Қамчибек гуфтааст, ки Ҳамрохон Зарифӣ аз пешниҳоди ӯ дар масъалаи марзи байнидавлатӣ ранҷидааст.

“Мехоҳам равшанӣ андозам. Ман ҳамчун роҳбари ҳайати ҳукуматӣ, пешниҳодҳоямро оид ба анклави Ворух ба ҳамкасби худ, мӯҳтарам Саймумин Сатторович, дар ҳузури аъзои ҳайатҳои ҳарду тараф супоридам. Бо ҳамин тамом. Дигар ягон ҳарф дар бораи кишвари ҳамсояи наздики мо набуд”, – гуфтааст Қамчибек Тошиев.

Роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ қайд мекунад, ки мансабдори собиқи тоҷик бо изҳороти худ танҳо фарҳанги пасту душманиашро нишон додааст.

“Пас чаро Ҳамрохон бо маданияти паст ва муносибати душманона зоҳир карда, хеле бад ҷавоб медиҳад? Шояд аз он сабаб, ки ман ба пешниҳодҳои онҳо, ки манфиатҳои кишвари маро инъикос намекунанд, розӣ набудам? “, – афзудааст мансабдори қирғиз.

Қамчибек Тошиев аз қирғизистониҳо хоҳиш кардааст, ки муносибати дӯстонаро ба мардуми наздики Тоҷикистон нигоҳ доранд ва ба иғвоҳо дода нашаванд.

“Худо хоҳад, ҳамааш хуб мешавад. Чӣ қадаре ки мехоҳед маро сиёҳ кунед, аммо лутфан ба халқи бузурги қирғизам даст нарасонед ”, – муроҷиат кардааст роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба кишварҳои ҳамсоя.

Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ки дар аҳди вазирияш ҳалли масоили марзӣ бо Чинро бурди дипломатияи тоҷик хонда буд, рӯзи гузашта ба пешниҳоди Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон барои иваз кардани замини “Ворух” вокуниш нишон дод.

Зарифӣ дар вокуниш ба Тошиев, ки иваз кардани Ворух бо заминҳои дигар дар қаламрави Бодкандро пешниҳод карда буд, изҳор доштааст, ки Ворух барои ҳамеша замини Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Ҳамрохон Зарифӣ дар сафҳаи фейсбукияш ин пешниҳоди Тошиевро барои додани Ворух сафсата хонда, таъкид намудааст, ки мо даъвои қаламрави бегонаро надорем, аммо порае аз замини худро низ намедиҳем.

Ӯ гуфтааст, ки бар асоси бархе санадҳои таърихӣ, сиёсӣ ва ҷуғрофӣ қаламрави Ворух ҳеч гоҳ анклав набудааст ва танҳо замони шӯравӣ бархе кӯчманчиёни қирғизро ба чарогоҳҳои Тоҷикистон роҳ дода буданд, ки баъдан дар он ҷо маскан шудаанду дар ҳамдигарфаҳмӣ бо бародарони тоҷикашон иқомат кардаанд.  Зарифӣ гуфтааст, гап сари баргардондани заминҳо ба Тоҷикистон намеравад, танҳо санадҳои ҳуқуқиро бояд эътироф кард.

“На бояд ба тоҷикон заминашонро ба ивази заминашон пешниҳод кард”, – изҳор доштааст собиқ вазири умури хориҷӣ.

Зарифӣ аз сарусадои охир атрофи марз зикр намуда, изҳор доштааст, ки набояд дар хулосабарорӣ шитоб кард, чун тоҷикону қирғизҳо садсолаҳо канори ҳам дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ кардаанд, дасти ҳам гирифтаанд, ки фаромӯш намешавад.

Ёдовар мешавем, ки мулоқоти ахири ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ рӯзи 18 март дар Тоҷикистон баргузор шуда буд.

Бояд зикр намуд, ки дарозии умумии марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 972 километр ташкил медиҳад, ки аз он танҳо 520 километр дар сатҳи ҳукумат ва 77 километр дар сатҳи гурӯҳҳои корӣ мувофиқа карда шудааст.

Зиёда аз 370 километр номуайян боқӣ мондааст.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *