СиёсатТоҷикистон

Пуштибонии сокинони ноҳияи Мастчоҳ аз мардуми Исфара

Шоми 29 апрел як гурӯҳи зиёди сокинони ноҳияи Масчоҳ дар назди Кохи фарҳанги ҷамоати деҳоти Оббурдон зимни як ҳамоиш аъмоли марзбонони Қирғизистонро маҳкум карда, омодагии худро аз пуштибонии сокинони Исфара изҳор намуданд.

Дар ин бора нашрияи Nigohi khalq хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки Раиси ноҳия Тоҳир Азиззода дар як суҳбати кӯтоҳи сарироҳӣ ба хабарнигори “Нигоҳи халқ” изҳор намуд, ки “ мардум бо хоҳиши худ ҷамъ омадаанд ва мехоҳанд қарзи шаҳрвандии худро иҷро намоянд.

Мо ҳамеша тарафдори сулҳу оромӣ ва муносиботи дӯстона бо ҳамаи кишварҳои ҳамсоя ҳастем. Вале имрӯз косаи сабри мардум лабрез шуд, бедодгариҳои ҳамсоя аз ҳад гузашт, дигар халқро доштан намешавад. Онҳо интизори як ишора ҳастанд, бовар кунед фақат як ишора кофист, ки ҳамаи ин мардум ба марз равад ва ба  ивази ҷонаш ҳар зарраи хоки ватанро ҳимоя кунад”.

Бояд гуфт, ки яке аз ҳамоишҳои худҷӯши мардум дар таи солҳои ахир дар замоне баргузор мешавад, ки ҳам ҷониби Тоҷикистон ва Қирғизистон изҳор намуданд, ки ин муноқиша танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал мешавад.

Ёдовар мешавем, ки новобаста аз эъломи оташбас рӯзи севвум аст, ки дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон миёни марзбонон амалиётҳои ҷангӣ давом дорад ва аз ҳар ду ҷониб даҳҳо нафар қурбон ва ҷони худро аз даст додаанд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *