ТоҷикистонҲуқуқи башар

Роҳбари САҲА вориди Тоҷикистон шуд

Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) хонум Анн Линдеро, бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад

ДУШАНБЕ, 15 апр – Sputnik. Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири умури хориҷии Подшоҳии Шветсия – Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) хонум Анн Линдеро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, мулоқот кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар рафти мулоқот доираи васеи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Шветсия, инчунин ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби САҲА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон гуфта шудааст, ки ҷонибҳо ҳамчунин вазъро дар минтақа ва Афғонистон баррасӣ намуданд.

“Ҷонибҳо масъалаҳое, чун таъсири бемории ҳамагирии COVID-19 ба иқтисодиёт, тағйирёбии иқлим, мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва киберҷиноятҳоро баррасӣ намуданд”, – омадааст дар иттилоия.

Сироҷиддин Муҳриддин зимни мулоқот зикр намудааст, ки Тоҷикистон САҲА-ро ҳамчун платформаи муҳим барои муколамаи созанда медонад ва барои тавсеаи муносибатҳо бо Созмон дар доираи ҳар се ченак – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ ҳавасманд мебошад.

Ҳамзамон қайд шудааст, ки дар доираи муносибатҳои дуҷониба тарафайн омодагии худро барои истифодаи имкониятҳои фаровон барои густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ ва савдо, энергетика, маориф, амният, сайёҳӣ ва тағйири иқлим изҳор намуданд.

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон моҳи феврали соли 1992 Санади хотимавии Хелсинкиро имзо намуд. Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз соли 1994 оғоз ёфт.

Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон 17 феврали соли 1994 ифтитоҳ гардид. Қарор оид ба таъсиси Миссияи САҲА дар Тоҷикистон, ҳанӯз 1 декабри соли 1993 зимни вохӯрии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии САҲА дар Рим қабул гардида буд.

Тибқи қарори Шӯрои доимии САҲА аз 19 июни соли 2008 Маркази САҲА ба Дафтари САҲА дар Тоҷикистон тағйири ном кард.

Дафтари САҲА дар ҳошияи Ёддошти тафоҳум бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси се ченаки муайяншуда: ҳарбӣ-сиёсӣ, иқтисодиву экологӣ ва инсонӣ, лоиҳаҳои гуногун амалӣ мекунад.

Оғоз аз соли 2000 нозирони САҲА ба интихоботи парлумонии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

Рӯзи 1 июни соли 2017 Шӯрои доимии САҲА бо иттифоқи оро аз ҷониби кишварҳои иштирокчии Созмон мандати нави Дафтар қабул гардид. Тибқи он Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе табдил ёфт.

Дар чаҳорчӯби сиғаи нави ҳамкорӣ, Платформаи Шарикӣ байни САҲА ва Тоҷикистон, рӯзи 11 апрели соли 2018 нахустин вохӯрии он ҷиҳати таҳияи равишҳои консептуалӣ дар рушди барномаҳои мавҷуда бо нуқтаи назар барои соли 2019 ва пас аз он, баргузор гардид.

Айни ҳол, ҳамкорӣ бо САҲА бо назардошти дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ ва афзалиятҳои кишвар дар ченакҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-экологӣ ва инсонӣ, бахусус дар самтҳои ислоҳоти милитсия, пешгирии коррупсия, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, зӯроварӣ дар оила, масъалаҳои гендерӣ, ҳуқуқи инсон, масъалаҳои сарҳадӣ, поксозии башардӯстонаи минаҳо ва иқтисодию экологӣ дар сатҳи лозима қарор дорад.

Шурӯъ аз 11 майи соли 2019 сафир Валериу Кивер (шаҳрванди Молдова) ба ҳайси Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе фаъолият менамояд.

Муносибати Тоҷикистон бо намояндагии САҲА моҳи сентябри соли 2016, замоне, ки ҳайати Тоҷикистон ҷаласаи САҲА оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Варшаваро, ба хотири иштироки аъзоёни ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, тарк кард, хароб шуд.

Сипас моҳи декабри соли 2016 вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар 23 ҷаласи Шӯрои машваратии вазирони умури хориҷаи САҲА ба стндартҳои дугонаи ин ниҳод ишора кард.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки моҳи марти соли 2017 Бюрои САҲА фаъолияти намояндагиашро дар Тоҷикистон то тобистони соли 2017 тамдид хоҳад кард.

Дар охири моҳи май ҳайати Тоҷикистон бидуни шарҳ эълон кард, ки дар кори ҷаласаи САҲА дар Вена ширкат нахоҳад кард. Дар ин ҷаласа қарор буд, мубориза бо терроризм, экстремизм, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳимои озодии баён дар интернет баррасӣ мешуд.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *