Илм ва фарҳангТоҷикистон

РӮЗНОМАИ “БУХОРОИ ШАРИФ” ШУМОРАИ 10 (БО ХАТТИ СИРИЛЛИК)

БУХОРОИ ШАРИФ-№ 10

Нумраи 10. Панҷшанбе 16 Рабеъулохири санаи 1330 Соли аввал

№ 9 Четвергъ  22-го Марта  1912 г. 1-годъ (Изданiя)

Баргардон аз дабираи порсӣ (аз рӯи акс) ва тавзеҳ: Исфандиёри Назар

ТАВЗЕҲ: Мутаассифона шумораи 9 – рӯзномаи “Бухорои шариф” дастрасамон нест ва кори баргардони мо бар асоси шумораҳои мавҷуд пеш меравад.

Исфандиёри  Назар

***

МУЛОҲИЗА!

Ба назари мулоҳизаи арбоби ҳаллу иқд мерасонем:

Мобаъд (Давомаш – И.Н.)

Баъзе мулоҳизоти зоҳира мо мусулмононро на ин, ки аз манофеъи воқеъия маҳрум гузоштааст, балки ба муртакиб шудани гуноҳони (а)шадд ҳам гирифтор намудааст. Мо ба зоҳир, ки (ра)сми исломро қабул карда худамонро мусулмон ном мегузорем, аксари корҳоямонро ба зоҳири ислом мехоҳем мутобиқ намоем, (вале) дар воқеъ ба зидди ислому инсоният ҳаракат менамоем.

Аз ҷумлаи онҳост яке ҳамин масъалаи байъу рибо.

Дар зоҳир наметавонем аз ҳукму амри Қуръони шариф гардан бикашем. Мегӯем рибо ҳаром аст. Пас агар мо ширкате (би)но кунем, ба манфиъати каме қаноат намуда, дасти бародарони заъифро бигирем ва ба эътибору саъодати онҳо  хидмате бикунем, ин рибо гиррифтан мешавад. Пас муртакиби ҳаром мебошем.

Бо ин мулоҳиза аз фоидаву баракати ширкат, ки асоси аҳкоми тиҷоратии шариъат аст, маҳрум мемонем. Лекин вақти танҳоӣ, ҳамин, ки бародари динии худро муҳтоҷ ба қарзи сад сум (манот) дидем, як раҳн (гарав-И.Н.) хилватӣ гирифта сад сумро ба ӯ медиҳем, ба шарту қароре, ки бечора агар Худо накарда то як сол натвонист пули моро бо фоизи се-чаҳор ло (қабат-И.Н.) бидҳад, молики мулку хонаву зиндагияш мешавем.

Мо исми касеро намебарем, ки ба шарафу ҳайсияти аҳаде бихӯрад, аммо гумон надорам касе инкори ин кори мусулмонон намояд.

Дар ҳамаи рӯи Замин, ҳарҷо мусулмоне ҳаст, агар садяк ҳазор якаш эътино ба амри шариати муқаддаса намуда, қарзулҳасане бидиҳад шояд, лекин ғолибан қарзе, ки додем, молики риқоби қарзи мақрузи (қарзгиранда-И.Н.) худ мешавем.

Банда худам дидаву ба мурофиъаи онҳо машғул шудаам, ки касе понсад сум қарз ба яке дода буд. Дар арзи ҳафт сол ҳазору ҳаштсад сум танзил гирифта буд. Ҳанӯз нуҳсаду касре сум аз ӯ талабкорӣ мекард.

Ҳоло арбоби инсофу виҷдон мулоҳиза фармоянд, агар амр чунин аст, ба кудом ҳукму фармони шариат амал кардаем?

Маълум мешавад, ки мо шариъати муқаддасаро то ҷое амал менамоем, ки боиси хисорати шахсии мо нашавад. Ё то вақте тарафдор мешавем, ки манфиъати шахсӣ дошта бошем. Агар филҷумла сабаби хисорат ё адами манфиъат дидем, филфавр кулоҳе дигар ба сараш гузошта, абадан исме аз ҳарому ҳалол нахоҳем бурд!

Агар даъвии мусулмонӣ мекунем, агар мехоҳем, ки мусулмон будан барои мо дар дунёву уқбо суде бидиҳад, беҳтар он аст, ки бо яке аз унвонҳои шариъати муқаддаса мизоне барои корҳои худ бардорем.

Вақте ки ҳар фард – фарди мо ба ҷиҳати манфиъати шахсии худ ҳам рибо мегирему ҳам аз мизони эътидолу инсофу виҷдон берун мешавем, хуб аст, ки барои ин кор, ки умуми мардум дар тиҷорату маъишат ба ӯ эҳтиёҷ  доранд, мизони саҳеҳу дурусту шаръӣ пайдо намоем.

Боқӣ дорад.

Ҷалол.

***

АХБОРИ МАҲАЛЛӢ ВА ТУРКИСТОН

Чунончи пештар хабар дода будем, имтиноъ аз додани қарз дар Бухоро ин авохир хеле зиёд шудааст. Ин амр он қадар сакта ба тиҷорат меоварад, ки фобрик (корхона)-чиҳо ҳама ҳиммати худро водор кардаанд ба муборизаи ин тур ашхос. Ба ҷиҳати ҳамин мубориза мехоҳанд идораҳои мутаъаддид дуруст намуда, аз вазъи молияи тоҷирҳо ба воситаи ин идораҳо хабардор шаванд.

Ҳамин айём аз ин қабил идора дар Маскав боз хоҳад шуд. Ва ғайр аз ин ҳам аксари идороти тиҷорати Русия ба вазорати дохила руҷуъ намудаанд, ки бар алайҳи ашхосе, ки ҷаълан амлоку тиҷоратхонаи худашонро ба дасту тасоҳиби

САҲИФАИ 2

дигарон медиҳанд, мубориза кунанд.

Чунончи назари диққати соҳиби корхонаҳо ва тоҷирҳо ба ин маънӣ ҷалб шудааст, назари тоҷирҳои бухороии мо ҳам лозим аст ба ин масъала мутаваҷҷеҳ бошанд. Коре накунанд, ки шикасти фоҳиш ба тиҷорати умуми аҳолӣ бирасад, ки ин тур муомила оқибати хуше надорад.

***

Аз қарори ҳисобе, ки ҳукумати роҳи оҳан додааст, мадохили холиси роҳи оҳани Тошканд дар соли 1911, 3500 сум шудааст.

Ҳамин тариқа роҳи оҳани Тошканд (инҷо “Тошканд”-ро бо “ط” навишта. – И.Н.) аз ҷиҳати мадохил мавқеъи сеюмро дорост. Нисбат ба қатори соири роҳҳои оҳан, бо вуҷуде, ки соли гузашта ҳамлу нақли бор бисёрривоҷ набуд.

(Т.К.)

***

ТУРКИЯ

Дар давоири сиёсии Петербурғ мегӯянд, ки мақсуд аз таъйин намудани М.Н. Қибрас ба сафорати Туркия, миёнаи Туркия ва Русияро хуб намудан аст. Сафири ҷадид ҳамаи саъйҳояш бар ин хоҳад шуд, ки “санотуқа” (سناتوقه) (яъне нигоҳ доштани ҳайсияти мамлакат ба ҳоли худ) – (ро) дар Шарқи Наздик маҳфӯз дорад.

Ҳамчунин сафири нав дар муҳофизати манофеъи рус ҷиддияти зиёд намудаву сарбастона ҳаракат намуда, тобеъи идораи сиёсии Русия хоҳад шуд. Назарияи М.Н.Қибрас(?) дар масъалаи ҷанги Туркияву Итолиё ва миёнҷигарии дувал номаълум аст.

Гумон мекунанд, ки дар мавқеъи руҷуъи дувал ба Туркия дар бораи сулҳ возеҳ хоҳад шуд.

(Р.С.)

***

Исломбул – Мухбир “Р.С.” хабар медиҳад, ки ройи сафорати Инглис дар Исломбул дар бораи ҳаракоти Чорикуф ва наздикии ӯ ба фирқаи Иттиҳоду тараққӣ, дар масъалаи истеъфои Чорикуф бенатиҷаву беасар набудааст.

Мегӯянд, ки дар бораи наздикии Чорикуф ва Дироқумон сафорат бо ҷавонтуркҳо сафири Инглис лоиҳаи махсус ба Ландан фиристодааст.

Мегӯянд, ки барои шарҳи ин масъала Дароқумон аввалсафорати Инглис ба Ландан даъват шудааст.

***

Исломбул – Муфассирини иғтишош дар Искишаҳр вақти интихоб намудани мабъусон дастгир шуда, ба Исломбул ворид шудаанд. Ба маҳкамаи қонуни аскарӣ (ҳарбӣ – И.Н.) дода хоҳанд шуд.

***

ЭРОН

Теҳрон – сафирҳои Русу Инглис аз ҷавоби Эрон ба нутаи Русу Инглис изҳори ташаккур намуданд.

***

Теҳрон – Аз Машҳад тилғироф расидааст, ки русҳо пулисҳои Эронро халъи аслиҳа намудаву боқимондаи мавоҷибашонро дода аз кор озод мекунанд.

(Р.С.)

***

ҚАДРЕ ФАЪОЛИЯТ ЛОЗИМ АСТ

Ҳар гоҳ мо мардуми Бухоро чашми худро кушода, ба як назари қаҳқароӣ замонҳои гузаштаи худро пеши чашм биёварем, хоҳем дид, ки мо миллат ҳам дорои улуму фунуни олия буда, дар ҷиргаи милали мутамаддина ба шумор мерафтем. Муаллими мо Форобӣ, ҳакими мо Буалӣ, уламои мо Бухорӣ, шуъарои мо Рӯдакӣ буданд, ки ҳар кадом ягонаву фариди асри худ буда, номашон ҳанӯз зиннатбахши сафҳаи таворих аст.

Аз барои Улуғбеки мо ҷамъияти илмии Петербурғ мехоҳанд ёдгорӣ бино кунанд.

Ҳанӯз аз деворҳои шикастаи мадориси мо осори санъат ҳувайдост.

Ашхосе, ки ҷомеъу (масҷиди ҷумъахонӣ – И.Н.) мадориси панҷсад сол қабли Бухоро ва Самарқандро дуруст мулоҳиза кардаанд, инсоф хоҳанд дод, ки меъморони мо дар асри худ чи қадр фариду моҳир будаанд. Мусаннифоти илмии мо бо авроқҳои парешон ҳнӯз устоди чандин сабақхон аст.

Пас чи шуду чи монеъ ҳоло пеши чашми моро гирифт, ки ба куллӣ чашм аз ҳамаи улуму фунуни собиқа пӯшида, илму санъатро аз даст дода, муҳтоҷу парешон гаштаем?

Бо ин ҳама касрати нуфусу доштани маҳсулоти панбаву пашму абрешим чиро як корхона надошта бошем? Чиро тиҷоратхона дуруст намудаву як идораи ширкати чанднафарӣ ҳам мавҷуд надорем? Илми тиббу ҳифзуссиҳа аз мулки мо ба куллӣ маҳв шуда, ному нишоне боқӣ намондааст. Як табибе, ки аз илми тиббу як ҷарроҳе, ки андаак аз илми ташреҳ бохабар бошад, надорем. Ҳар атторе табибу ҳар сартароше ҷарроҳ ва ҳар пирзане қобила (доя – И.Н.) ва ҳар коруфтода файласуф аст.

Касе то ҳол намепурсад, ки оё ин корҳо таҳсил лозим дорад ё на?

“Ҳеч кас аз пеши худ чизе нашуд,

То, ки шогирди шакаррезе нашуд!”

Ҳар илмро бояд таҳсил кард. Ҳар кудом мактабе лозим дорад. Агар Худо нахоста, ба манораи Бухоро шикасте ворид шавад, оё мо мисли аввал метавонем сохт ё на?

Дар ҷавоб хоҳед гуфт, ки аз хориҷа устод меоварем ва ё ба ҷояш мегузорем.

“Қавме ба ҷидду ҷаҳд бурданд коми хеш,

Қавми дигар ҳавола ба тақдир мекунанд!”

Ақлул атиббо

М.С.Мирзохурдоф

***

ТИЛГРОФОТИКА

Бистуякуми морт ба Идора расидааст

Дар канори ҷазираи Ситсилии Итолиёно киштии “Ялгис”-ро дастгир кардаанд. Дар ин киштӣ гумони ҳамли молҳои қочоқ будааст.

***

Табрез – Авзоъи Ҳадрад (Ардабил) хеле мағшуш аст. Дар Теҳрон чанд нафар сардорҳои “Шоҳсун” чанд нафар касбҳоро раҳо кардаанд, ки инҳоро дар соли қабл Яфрим ҳабс карда будааст. Аҳолии атрофи дур гунсули (консул – И.Н.) русро гирифта илтимоси ҳифзи амволашонро аз таъаррузи дуздҳои Шоҳсун менамоянд.

***

Силоник – Дар қалъаи Копиюрн, мобайни зобитони тарафдорони Иттиҳоду тараққӣ ва фирқаи хилофгирон дар сари масъалаи таҷаддуди қонуни интихоботи қадим мусодима воқеъ гардидааст. Ду нафар аз хилофгирон ҳабс шудаву аз хидмати аскария ихроҷ гардидаанд.

***

Прим – Киштии ҷангии Итолиё “Пиямунту” эълон намудааст, ки аз аввали оприл марокизи зиёди Лухай ва Комира, ки аз онҷо ҳоҷиҳои ҳамаи дунё мегузаранд, муҳосира хоҳад шуд.

Ҳамчунин Салифа, ки дар онҷо маъодини намаки Туркия аст, муҳосира хоҳад гардид. Итолиёнҳо киштии “Водокук”-и Инглисро дар наздикии Лухалӣ гирифтаву ба Мосув овардаанд. Итолиёнҳо “кобил”-и (хатти тилғирофи таҳтидарёӣ) Ромиёни ҷазираи Коморон ва Арабистон (ро) буридаанд.

***

МАКТУБ

АЗ БУХОРОИ ШАРИФ

Ба ҳайати Идораи рӯзномаи “Бухорои шариф”

Аз ибодати доимии Ислом ва мусалмонӣ бузургтарин ва шарифтарин соҳиби илму дониш будан ва аз ҷиҳати он доимӣ кӯшиш намудан, ҳамчунон, ки то вақти мурдан панҷ вақт (намоз- И.Н.) фарз аст, инчунин ҳар замону ҳар рӯз аз барои илм кӯшиш намудан ба мардону занон фарз аст.

Аз ин каломи муъҷазбаёни ҷаноби Хотамулнабийин саллалолҳи ъалайҳи оли вассаллам мустафод аст, ки талаб кунед илмро аз гаҳвора то қабр. Ва дар ҷое мефармоянд, ки: Талаб кунед илмро агарчи дар Чин аст.

Ва низ мефармоянд, ки Рутбаи илм болотарини рутбаҳост.

Ҳазрати Худованди карим одамиро, ки ашрафи махлуқот, ҳатто аз фариштагон афзал гардонида, ҷиҳати ин, ки Одам алайҳиссаломро халқ кард ва дононид ба ӯ кулли асморо, баъд аз он аз фариштагон имтиҳон намуда, пурсид ва гуфт: агар шумо ба он содиқ бошед, хабар диҳед ин асмо чист?

Фариштагон гуфтанд: Худовандо, моёнро илм нест, магар худ доноӣ.

Аз ин фаҳмида шуд, ки шарафи одамӣ ба эътибори илм буда. Ва айзан одамиро ба аҳсани тақвим халқ шудааст мегӯянд ва ин аҳсани тақвим намебошад, магар ба будани соҳиби илм.

Хулоса одамӣ одамӣ аст, ашрафи махлуқот аст ба эътибори илм. Акнун илм чист? Кудом илм моёнро лозим аст? Оё таҳсили илми имрӯза чигуна аст? Ҳар кадоми инҳоро оҷизона там рянда арз хоҳем кард, агар мудири муҳтараму муҳаррири фозили мукаррам дарҷашро муносиб донанд ва алҳосил, ай ахавони муслимин, рӯшану ҳувайдо аст, унсури мубораки илму дониш боиси ҳаёти ( ба) хусус ислом ва сабаби бақои суннати Хайруланом аст.

Ҳамаи ақвоми олам аз баракати ин дурри бебаҳо рс ҳазизи мазаллат ба авҷи рифъат ҷастаанд. Шифои халқи худовандӣ ва интизоми умури дунявӣ ва ухравӣ сирф вобастаи илм асту бас.

Ҳар қавм, ки аз мояи ин фазл бебаҳра мондааст, аз осоиши дорайн маҳрум аст. Азбаски ривоҷи ин файз вобаста ба таваҷҷуҳи шахси аввалу фарди акмали аълоҳазрат амири динпарвару диёнатойин…

Ё Рабб, рӯзгори давлаташ пояндаву кавкаби иқболаш дурахшанда бод, барои таълиму тарбияти атфол ба муаллимон маъош таъйин намуданд. Ва ҷаноби мири кулли қушбегӣ, ки руҳи илми равон донистанд, маъмур намуданд ва аз барои тафтиши аҳволи муаллимини макотиб ҷаноби фазилатмаоб Қорӣ Раҳматтулоҳи котибро мултафити махсус намуда, вазифа таъйин карданд.

Умед аз ин зоти муҳтарам дорем, ки аҳволи муалоимонро камио фи ҳаққа хабардор гардида, кӯшиш намоянд то ин, ки атфоли муслимин зоеъ нагардида, аз мактаб истифода баранд индаллоҳ аз аҷри азим ҳам холӣ нест.

Акмал. Назаруф

***

Филийтуни кӯчак

ЗАБОНИ МАҲАЛЛӢ

Мусоҳибаи қориён

Қорӣ – Мутаваллӣ шунидед, мегӯянд “Бухорои шариф” баромад имрӯз, нумраи дуюмаш нашр шуд.

Мутаваллӣ – Шумо кайҳо ба ман гуфта будед, воқеан баромадаст мӣ?

Қорӣ – Акнун нархи бозорҳои ҳама ҷойро маълум карда, ба ҳамин газит менависанд, ба деҳқонҳо ҳам гирифта хондани ин тариқа газит даркор. Як нағзиш ин, ки ба забони форсии худи мо баромадааст.

Мутаваллӣ – Агар мо ҳам аз ҳамин газит гирем дар саҳро ки бурда бо медода бошад?

Қорӣ – Шумо гиред ман бурда

САҲИФАИ 3

расонданашро меёбам. Одами арбоб Самеъ ҳар рӯз ширу қаймоқ гирифта меояд, ҳамун қатӣ дода мефиристонем дия.

Мутаваллӣ – Одами арбоб Самеъ бурда ба дасти арбоб медиҳад, арбоб аввал хонда мебинад баъд ба ман медиҳад.

Қорӣ – Хуш. Арбоб чи навъ газитхон шудааст? Вай савод надорад. Ҳифзи муқаррариро хонда наметавонад. Газитро ба читур мехонад?

Мутаваллӣ – Қиҳа, шумо хабар надоред, ҳоло арбоб як муллобаччаи кӯлобиро бурда ба ҳавлияш ҳамин зимистон нигоҳ дошта ба ҳамун муллобачча зӯр зада хонд. Ҳоло хат менавиштагиву китобҳоро мехондагиву ҳар чақавро (هر چه قورا) хонда маънияшро мефаҳмидагӣ шудааст.

Ҳамун муллобачча ба арбоб маъқул карда як газити “Вақт” ҳам навиштанд ҳар ҳафта чаҳор бор меомадааст дар Бухоро ба номи Махдум бигзар…

Ҳамон омада аз онво ҳар серӯз чаҳор одамаш гирифта бурда медиҳанд, мехонанд.

Қорӣ – Вай муллобаччаро кӯлоб гуфтед мӣ?

Мутаваллӣ – Муллобачча кӯлобӣ! Аммо чанд вақт ба тарафҳои Самарқанд рафта намедонам ба як қишлоқ имом шуда, аз ҳамонҷо аз як домулло таълим доданро тариқаашро ёд гирифта будааст. Мегӯянд, ки дар шаҳри Истамбул ҳам ҳамин тариқа калон одамҳои бесаводҳо дар миёни чанд рӯз таълим гирифта хатнавис, хатхон мешудаанд. Воқеан арбоб, ки ҳеч чиз намедонист ба як зимистон  хатту сааводнок шуда баромад.

Қорӣ – Агар ин тариқа бошад ба худи арбоб Самеъ ҳам газити Бухорои шарифро мегиронем. Одамаш ҳам газити худи арбобро ва ҳам газити шуморо ҳар рӯз гирифта мерад.

Мутаваллӣ – Бисёр хуб. Яксола чанд сум бошад?

Қорӣ – Шашсум яксола, шашмоҳа се сум.

Мутаваллӣ – Ин се сумро гиред шашмоҳа ба номи ман нависонед.

Қорӣ – Бисёр хуб, акнун ман газити гирифта овардагиямро хонам. Амак шумо ҳам гӯш андозед.

Амак – Хуш. Қанӣ хонед газитатонро.

Қорӣ – Ифтитоҳ. Ба тавфиқи Худо аз имрӯз шуруъ ба нашри мақсуд менамоем. Нашриёти мо иборат аз масоили мухталифаву маълумоти мутафарриқа хоҳад буд………

Мутаваллӣ – Бисёр нағз навиштааст. Алҳамдулиллоҳ, ки Бухоро ҳам газитнок шуд. Хайр Ака Қорӣ ман ҳамроҳи ин баччаҳо як сайрро давр занам. Хайр ба Худо супурдем.

Амак – Қорӣ, мутаваллиро ҳам газитхон кардед!

Қорӣ – мутаваллӣ бисёр марди бафаҳм мебошад, гапи ҳақро ҳама вақт гӯш мекунад, Дар вақтҳои … шуда гаштагӣ ҳам мутаваллӣ ба ман мегуфт, ки мардумони моён бисёр ғалатӣ, баъзе вақт дида дониста аз ҳақ чашм мепӯшанд. Худо кай ба инҳо инсоф медода бошад. Воқеан инҳо ҳама аз нодониву ҷоҳилӣ мегуфт.

Амак – Ин саҳроии мутаваллӣ хеле будааст.

Қорӣ – Амак якка шумо дия ба гапи кас гӯш накарда ҳар гап, ки занам мегӯед ота бобои мо ҳамин тариқа гузаштанд моҳо ҳам мегузарем ва писарони моҳо ҳам мегузаранд.

Амак – Набошад чӣ?

Қорӣ – Акнун ман ба шумо чи арз кунам. Мирзо Абдулқодири Бедил алайҳи раҳма гуфтаанд, ки:

Ибрати офоти даҳр аз хоб бедорат накард,

Бехабар дар сояи ин куҳнадеворӣ ҳанӯз.

Эй амак чаҳор соат лозим, ки ман ба шумо маънии ин байти Мирзоро фаҳмонам.

Амак – Қорӣ нишинед куҷо меравед?

Қорӣ – Бозгашта меоям. Ба Худо супурдем.

Имзо: БТД

***

АХБОРИ ДОХИЛА

ШУРУЪ

Дар Острохон ба рӯзномаи “Острохонский листуқ” хабар медиҳад, ки аз ёздаҳуми морт шуруъ ба маллоҳӣ шудааст.

Ширкати Қафқоз ва Меркурий порохуди аввали(н)ро равона кардааст. Ҳамин ширкат мунтазири порохуди боркаш аз Кристовудский ҳастанд.

***

Дар Одес дафъаи аввал шӯрои туҷҷорҳои ҷануби Русия шудаву масъалаи тиҷорати Русу Олмон музокира гардидааст.

Шӯро фақат ба тартиб додани маромномаву интихоби камисия (کمیسیه) иктифо намудааст.

Дар бораи вуруди молуттиҷораи Гирмониё ба Русия ва рафтани молуттиҷораи Рус ба Гирмониё муаррифиҳо шудааст.

***

Нувочиркос – Чанд ғоратгари мусаллаҳ ба маъдани “Онинский” ҳамла намудаанд. Дар вақти тирандозии тарафайн чаҳор нафар захмдор шудаанд ва чанд бумбо таркидааст. Ғоратгарон натавонистаанд пуле бибаранд. Худшон пинҳон шудаанд.

***

ШӮРОИ ДАВЛАТӢ

Шӯрои давлатӣ дар таҳти садорати Окимуф боз шуда, масъалаи таълим дар макотиби ибтидоӣ таҷдид мешавад. Шабийску мегӯяд, ки ин қонун маҷро наметавонад бишавад. Чунки бар зидди аҳволи руҳияи ҷамоат ва таклифи Думост.

Думо ин лоиҳаи қонунро тавре тартиб дода буд, ки ҷамоат дар ин кор иштирок кунад. Шӯрои давлатӣ ӯро тавре тасҳеҳ кард, ки боз кор ба дасти вазорати улум афтод.

***

Наздикии интихобот дар давоири давлатӣ ва Думо асбоби музокираву баҳс шудааст. Дар давоири давлатӣ ҷиддан такзиб мекунанд, ки раисулвузаро тарафдори ҳеч фирқа нест. Мегӯянд, ки агарчи раисулвузаро моил ба уктобристҳост, лекин бо ҳеч яке аз инҳо чандон наздикӣ надорад.

Кукуфсиф саъй хоҳад кард, ки дар думои чаҳорум як аксарияти бонуфузе бошад. Барои ин кор аз тарафи Кукуфсиф ба ҳокимҳо ҳеч амру ҳукме нашудааст.

Дар давоири думо эътилофи интихобкунандагони тараққипарварро аҳаммияти зиёд медиҳанд. Мегӯянд ба ин фирқа дохил хоҳанд шуд вукалои адлия, хидматкорони идороти шаҳрӣ ва удабову муҳарририн.

***

Нижний – Боркашӣ дар рӯйи ях дар Око ва Вулқо (наҳри Русияанд) тамом шудааст. Фақат ародаи сарнишинӣ метавонад биравад. Ях шуруъ ба хароб шудан намуда, об як зиръу ним боло омада.

***

Петербурғ – “Стонсиё” (яъне истгоҳ)-и Болтика дар роҳи Риёзон – Уролск 45 воӯуни ҳамлбардор аз пуйизд ҷудо шудаву ба мошинаи пуйизд хӯрда, 17 воғун шикаста аст. Ба хидматкорони роҳ зарари каме расидааст.

***

Вирний – (шаҳри Русия) – Субҳ соати 6 ҳаракати таҳтуларз (зилзила – И.Н.) ҳис шудааст.

***

АХБОРОТИ ХОРИҶА

Тукию – Сафири Ёпун аз Пекин ба Тукию баргашта. Мегӯяд, ки ҳамсоягии давлати ҷумҳурӣ барои Ёпун мӯҷиби нороҳатиҳои зиёда хоҳад буд. Ба ройи ӯ агар Ю Он Шико (раисҷумҳури ҳолияи Чин) натавонад аз ӯҳдаи ин кори душвор барояд, чиниҳо боз ба зудӣ ба хиёлоти шоҳпарастонаи худ бармегарданд.

***

Тукию – Дар киштии Хикӣ як нафар маллоҳ як соҳибмансабро ба ҷиҳати ҳаракоти сахти худ бо маллоҳон бо корд куштааст.

***

Вилинқттун (Веллингтон – пойтахти Зелонди Нав. – И.Н.) (Зелонди ҷадид – идораи рӯзнома) (Номи ҷазираест дар Муҳити Кабир – идораи рӯзнома) – Киштии копитон Скут (ки Қутби Ҷанубиро пайдо кардааст) ба шаҳри Окорсо (Зелонди ҷадид) расидааст.

(Роберт Фолкон Скотт – Robert Falcon Scott – зодаи 6-уми июни соли 1868 дар Плимут, даргузаштаи 29 марти 1912 дар Антрактида. – капитани флоти шоҳаншоҳии Бритониё. Скот яке аз фатҳгарони Қутби ҷанубист, ки ҳамроҳи рафиқонаш ҳангоми бозгашт аз сафари дуввуми хеш бар асари сардӣ,гуруснагӣ ва хастагии шадиди ҷисмӣ ҳалок гардиданд.

Исфандиёри Назар.)

***

Пекин – Имрӯзҳо дар дарбори Чин маҳзунияту сукут ҳукмфармост. Импиротур Йис (ва имкон дорад ин тур ҳам бихонем, ки: императорис… чун тарзи навишт ин гуна аст: “امپراطر یس” , аммо бо дарназардошти ин, ки охирин импиротури Чин Айсингёро Пуи буда ва манзури рӯзнома низ ҳамуст, феълан матнро Йис мехонаму сабт мекунам. – И.Н.) пай дар пай беҳис мешавад. Наздиконаш метарсанд, ки худро бикушад. Қаровули ’арбор зиёд шудааст. Инро ба ин ҷиҳат кардаанд, ки импиротир Йис изҳор кардааст, ки вақти мунқалиб шудани вазъ наздик аст. Ҷумҳурталабон талаб мекунанд, ки хонаводаи давлатӣ ба зудӣ ба Шиху ((شیخو ҳаракат кунад.

***

Пекин – Муҳофизини роҳи оҳани Тиёнсизин (Тяньцзинь – яке аз се шаҳри ҳудудан бузурги Чин. И.Н.) Лондоу асокири фирор намудаи чиниро, ки атрофро ғорат намудаву баъд ба ҷоҳое, ки аз тарафи Фаронса муҳофизат мешавад, ҳуҷум кардаанд, тирборон намуда 27 нафарашонро куштаанд.

Давлати Чин бар алайҳи ин ҳаракат ба сафири Фаронса прутест (изҳори эътироз) кардааст.

***

Чин

Қулҷа – Муғулҳо аз ҳукми давлати Чин дар бораи ташкил намудани 400 нафар аскар имтиноъ намудаанд. Савораҳои муғул ҷамъ мешаванд барои мубориза ба ҷумҳуриталабон.

(Дар охир насаби муҳаррирону рекломҳои корхонаи муҳрсозӣ ва меҳмонхонаи “Турон”)

САҲИФАИ 4

Ҳамон таблиғоти пешинро дораду бас.

Баргардон аз порсӣ аз рӯи аксҳои рӯзнома ва тавзеҳ: Исфандиёри Назар

Нашри ин матолиб бо зикри номи таҳиягар муҷоз аст.

Акс: Роберт Фолкон Скотт

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *