Илм ва фарҳангТоҷикистон

РӮЗНОМАИ “БУХОРОИ ШАРИФ” ШУМОРАИ 11 ( БО ХАТТИ СИРИЛЛИК)

БУХОРОИ ШАРИФ-№11

Нумраи 11. Ҷумъа 17 Рабеъулохири санаи 1330 Соли аввал

№ 11  Пятница 23-го Марта  1912 г. 1-годъ (Изданiя)

Баргардон аз дабираи порсӣ (аз рӯи акс) ва тавзеҳ: Исфандиёри Назар

(Дар саҳифаи аввал нахуст таблиғоти Меҳмонхонаи “Турон” нашр гардида. И.Н.)

МУЛОҲИЗА!

Ба назари мулоҳизаи арбоби ҳаллу иқд мерасонем:

Мобаъд

Пеш аз шуруъ ба навиштани бақияи матлаб дар се сатр ҷасорат намуда, арз мекунем:

Яке аз оғойини (آغاین) муҳтарам мактубе фиристода, дар фақароти ҳамин унвони мо мулоҳизаи худшонро изҳор фармудаанд. Аввалан изҳори ташаккуру имтинон дорем. Сониян ҷаврби мулоҳизаи эшонро ҷасоратан ба арз мерасонем, фармудаанд:

“Дар нумраи нуҳум мақулае таҳти унвони Мулоҳизаро якдараҷа бояд мулоҳиза кард. Амали солеҳ назди уламои аҳли суннат ва ҷамоат шарти имон аст ва назди баъзе шатри мона (شطرمانه)  амали дунявӣ, ки касбу муомилот аст. Оре, ғарази мудири муҳтарам амали солеҳ аст, аммо изофа мавҳум аст.”

Арз мешавад: Гӯё мулоҳизаи эшон мутаваҷҷеҳи ин иборат бошад, ки дар нумра арз шуда: “Балки ақоидро мунҳасир ба имони қалбӣ нафармуда, хоста аст, ки аъмоли дунявӣ дида шавад…”

Ба назари ҳақир ҳарчи ҷавоби мухтасартар арз бикунам назди як боадаб аст. Арз мешавад: Дунявияро, ки сифати аъмол кардаем, мақсуди мо аъмоли зоҳирааш намоён бошад. Ва аъмоли зоҳира ҳам аъам аз касбу муомилот аст. Худи аъмоли солеҳа ҳам мунҳасир ба савму салому ғайраву ғайра нест”. Касбу муомилот ҳам агар бар ҳасби ҳукми шаръӣ бошад, аз аъмоли солеҳа аст.

Ҳоло мехоҳед аъмоли солеҳаро шарти имон бидонед ё шатр (شطر), тавфире ба талаби мо намекунад!

Мо худ касбу муомилотро ҳам (ба шарти мувофиқат бо қонуну мизони шаръӣ ва адлу инсоф) аз ҷумлаи аъмоли солеҳа медонем.

Агар иштибоҳе дар ҷавоб шуда, боз ихтор фармоед!

Ҳоло шуруъ бикунем ба бақияи арзҳои собиқ: Туҷҷори мо дар ҳоли муҳтоҷ ба қарз додану қарз сито(н)дан ҳастанд. Ва ин ҳам возеҳу ошкор аст, ки ағлаби мо муртакиби рибои ноинсофона мешавем. Яъне, даҳ сум ба як нафар муҳтоҷ дода, баъд аз даҳ моҳ бист сум аз ӯ мегирем.

Ҳоло магар беҳтар нест, ки “аз боби дафъи афсад ба фосид” як ширкати миллия дуруст намуда, ба зуъафову ағниё бо муробиҳаи қалила дастгирӣ намоем. Ҳам тиҷорати мо пеш уфтода муҳтоҷи аҷониб набошем, ҳам бечизҳои мо бо рибои газоф додан аз ҳасту нести худ нагзаранд?!

Агар чунончи чунин ширкати миллия дуруст намоем, метавонем, ки асоси амали худро ба таҳти як унвони шаръӣ дохил намуда, аз исми рибо хӯрдан якборагӣ фориғ бошем. Масалан мо вақте ки бинои ширкат гузошта ҳар кадоме сад, ҳазор, бештар сум дар як сандуқе ба дасти коргузори амине супурдем, ҳар кас ба ҳар маблағе, ки муҳтоҷ бошад, ба ирҳони (гарав-И.Н.) мақбузаву иштироти (шартҳои – И.Н.) шарокати тиҷораташ ба ӯ дода шавад. Ё худ ба унвони мусолиҳа, ки дар шариати муқаддаса ҷоизу мубоҳ аст, як  нафъи каме ба маблағи муматӣ илова намуда, ба як ҷинси дигар мусолиҳа намоянд. Агар уламо  эъломи таваҷҷуҳ ба масъала фармоянд, қатъан, ки ваҷҳи шаръӣ барои сиҳати ин тиҷорат метавонанд дуруст намоянд.

Мақсудамон ҳамин аст, ки ба назари арбоб ғайрату ҳамият бидҳем, ки афроди миллати мо гирифтори

САҲИФАИ 2

шадоиди касира ҳастанд. То охири умрашон ҳаммолу фаълаву муздури аҷониб мешаванд.

Беҳтар аст, ки арбоби сарват ҳиммат фармуда, ҳам миллати моро аз эҳтиёҷ ба дигарон халос намоянд, ҳам фоидае, ки дигарон мебаранд дар кисаи сарватмандони худи мо бимонад!

Ҷалол.

***

ТИЛГИРОФОТИКА

Бисту дуввуми морт ба идора расидааст

Исломбул – Дар сарҳади Туркия ва Сербиё жондормоҳои Туркия аслиҳаи “қачоқ”, ки ба Олбониё фиристода мешуд, тавқиф намудаанд. Вақти мусодима ду нафар олбон(ӣ) кушта шудааст.

***

Порис – Ба мӯҷиби аҳдномаи Фаронсаву марокаш ҳамаи қавонини аз тарафи Фаронса гузошташуда, аз тарафи султон, ки намояндаи давлати Фаронса маҳсуб мешавад, тасдиқ хоҳад шуд.

Генерол кумисор (намояндаи Фаронса) қавонини тасдиқшударо маҷро хоҳад намуд. Намояндагии раоёи Марокашро дар мамолики хориҷа Фаронса бар ӯҳдаи худ бармедорад. Ҳеч аҳднномаи байналмилалиро султон беиҷозаи Фаронса наметавонад имкзо кунад.

***

Рим – Аз Тароблис хабар медиҳанд, ки ҷанги муҳими Итолиёно, ки боястҷ дар ин рӯзҳо шуруъ бишавад, ба ҳукми ногаҳонии сараскар (сардори сипоҳ – И.Н.) мавқуф шудаву асокир ба сангарҳои аввалии худ баргаштаанд.

***

Солуник – (шаҳри Туркия) – Шаб дастаи жондормҳо дар вақти таҷассус намудани чатаҳо (дастаи иғтишошиюни булғор) ба камингоҳи “чата” рост омада, “чата” чаҳор нафар жондормаро кушта, ихудашон фирор намудаанд. Ба ҷиҳати ҷилавгирӣ аз иғтишошот 200 нафар қувва ба наздикии Силоник фиристода шудааст.

***

Исломбул – Ба қаровулхонаи жондормаҳо дар сарҳади Булғор “чата”-о бумба андохтанд. Чаҳор нафар турк кушта шудааст.

***

Порис – 21 – морт осмонпаймои “Қомил” дирӯз субҳ соати 9 –у 38 дақиқа аз Мис Дивис ( исми ҷост дар Фаронса) тайрон намуда, шаб соати 6 дар наздикии Ландан поин омадааст. Вақти тайрон (парвоз – И.Н.) дар якҷо истодааст.

***

Ландан – Қорул ва маликаи инглис ҳар яке ҳазор лира ба одамҳое, ки аз таътили фаълаҳои ангиштсанг хисорат кашидаанд, муъовинат намудаанд.

***

Тукию – Вазири ҷанги Ёпуниё Ёрун Исимуту вафот кардааст.

***

Хӯй – (Урумия) – Соати 2 аз шаб зилзилаи шадиде маҳсус гардид.

***

ШАРОИТ

Фас (فس) – Аҳдномаи табаъияти Марокаш бо Фаронса чунин аст: Ҳуррияти (озодии-И.Н.) адён. Фаронса барои таъмини мамлакат баъзе марокизро ишғол хоҳад кард. Дар бораи ин пеш аз вақт султонро хабардор хоҳад намуд. Илова мешавад, ки барои ҳифзи нуфузи султон Фаронса ба ӯ муъовинат хоҳад намуд. Ихтиёрот барои намояндаи Фаронса дар Марокаш гузошта хоҳад шуд. Фаронса ҳаққи тартиб додани масъалаи молияро хоҳад дошт. Ба султони Марокаш беиҷозаи Фаронса қарз намудан қадаған (мамнуъ-И.Н.) мешавад.

Фолир (раисҷумҳури Фаронса) бо тилғироф султони Марокашро табрик намудаву ваъдаи муовинат додааст.

***

АХБОРИ МАҲАЛЛӢ ВА ТУРКИСТОН

Явми (рӯзи – И.Н.) чаҳоршанбеи 21 – и моҳи морт аввали бегоҳ ҷаноби олӣ аз ҳувайлии поёни султонӣ ба болои Арк ташриф оварданд. Ба соати нуҳи рӯзи мазкур камтар куштингирӣ шуд. Баъд аз пешин аз барои тамом шудани сайр рухсати олӣ шуда, ба маъмурони хиззмати сайр ба ҷаноби раёсату иморат ва муборизати пинҳони эшон, садри раису тупчибошии лашкар ва миршаб сарупойи табрикии олимарҳамат ва меҳрубонии олӣ шуда, ба аҳли касаба тахминан чаҳорсад(у) панҷоҳ нафар сару пойи табрикӣ меҳрубонӣ шуда, фуқароён хурсанд шуда дуо намуданд.

***

ЭҲСОН

20 моҳи морти ҳозир Мирзо Абулқосим бародари иморатпаноҳ Мирзо Абдуллоҳ бӣ ҳокими вилояти Китоб аз барои маълум намудани ҳисобии яксолаи вилояти мазкура ба давлатхонаи олӣ, ба фармудаи иморатпаноҳ бародараш дар Бухоро омада, будааст, ки баъд аз тамом намудани ҳисоб ба иморатпаноҳ мазкур сару пойи табрикии меҳрубонии олӣ шуда, Мирзо Абулқосими мазкурро ба маншури қаровулбегӣ сарафрозӣ ёфта, дуо намуд.

М.Д.

***

ҲАМЛУ НАҚЛИ ОДИИ МОЛУТТИҶОРА

Дар фасли пойизи 1911 дар Тошканд “вистофқо”-и маҳсулоту меваҷоти маҳаллӣ тартиб шуда буд. Ин “вистофқо” андозаи тарақии  Туркистонро ъалония менамоёнад.

Агарчи дар авоили боғбонӣ дар Туркистон фақат барои тафаннун буд, лекин ҳоло дигар аз рӯи манофеъи тиҷоратӣ буда, меваҳову маҳсулоташ ба Русия меравад. Ва ба ин, кор роҳи оҳани Тошканд хеле хидмат намудааст.

Барои осон намудани ҳамлу нақли меваҷот дар нубаи худ дар ҷамъияти фаллоҳони Туркистон як ҷамъияти махсусе барои ин амр ташкил ёфтааст.

Авоил дар Русия меваҳои Туркистон хеле муштарӣ доштаву ба фурӯш мерафт, аммо баъд рафта-рафта шуруъ ба фиристодани меваҳои бад намуда, бозорро хароб карданд. Дар ин боб хидмати зиёди ширкати Влодимири Олексеюф намуда, дар “вистофқо” ҳама меваҳои ширкати мазкур якрангу яктур буданд. Ба андозае, ки гӯё инҳоро бо як қолаб дуруст намудаанд.

Баъд аз ин дигарон ҳам аз ин ширкат ибрат гирифтанд. Меваҳои Туркистон боз шуруъ ба тараққӣ кард.

***

ФИЛИЙТУН

(Мақолаи муфассала)

ДАР ХУСУСИ ЗАБОН

Бақияи нумраи собиқа

Ҳарсе мактуб ба мулоҳизаи қориини киром расид. Хоҳиш дорам дубора ба нумраи сеюми “Бухорои шариф” мулоҳиза фармоянд. Мо эътиқоде ғайр аз ин надоштем, ки бояд то як дараҷа забонро аз олоиши ҳарфҳои бегона пок намуд. Кам-кам ҳамин, ки луғати як забон бо бегонаҳ омехта шуд, албатта руҳи забон мурдаву матрук мегардад.

Ҳарфи мо дар сари ин буд, ки аз ҳар ҷиҳат буда, забонҳо ба ҳам омехтаанд. Хусусан забони арабӣ, форсӣ, туркӣ, ки аҳолии ин забон дар миллияту диёнат яке шуда, аз ҳамдигар ёд гирифтаанд. Ҳоло форсиву туркии холис навиштан дар ин айём агар мумкин ҳам бошад, хеле ба душворӣ, он ҳам ниҳояти як – ду мақола метавон навишт.

Дар авоили ихтилот, ки ҳанӯз забони форсӣ билмарра ба ин ин ҳолу вазъ наафтода буд, адибе мисли Фирдавсӣ тамоми сӣ сол заҳмат кашида, Шоҳномаро навишт ба иддиъои ин, ки забони форсии холис аст. Боз мебинӣ, ки инҷо онҷо як-ду лафзи арабӣ ҷузв шудааст.

Пас дар ин қарни ахир, ки ҳамаи деҳотиву рустоиҳо охта ба забони омехта шудаанд, чи тур форсии холис метавон навишт? Мо арз кардем: Ҳар қавм забони худро бояд ҳифз намояд.

Мақсуди мо ин нест, ки сирфу холис намояд! Ин як муҳаббати ҳифз намудан аст!

Мақсуди мо ин буд, ки афроди як қавм, ки дар нуқтаҳои гуногун парешон гардида, ҳар кадоме забони худро бо забони қавме махлут намудааст, инҳо ақаллан коре бикунанд, ки ағлаби қавм ба ҳар шева ҳарф мезананд ҳама ҳамон забони аксару ағлабро ихтиёр намуда, аввалан аз фикру тасаввури ҳамдигар хабардор бошанд. Баъд аз он ба мурури айём забони аслии худашонро софу холис намуда, истеъмол фармоянд.

Соҳиби мактуби аввалу солис (сеюм; бо иллати дастрас набудани шумораи 9, ки ба эҳтимол дар он шумора мактуби сеюм чоп шуда, мо аз муҳтавои он бехабарем. – И.Н.) шояд муроди моро дарк карда бошанд, ки то якдараҷа тасдиқ фармуда, он вақт тасаввур медиҳанд, ки бояд ҳоли ҷамоатро ҳам мулоҳиза намуда, баъзе лафзҳои бегонаро, ки аҳолии мо намедонанд, шарҳ дод.

Мо дар ин рой шарик ҳастем. Балки аасли манзури мо ҳам ҳамин аст. Албатта бояд баъзе лафзҳо ба ҷиҳати фаҳми умум шарҳ намуда шавад. Ва баъд аз ин ҳам шарҳ намуда хоҳад шуд.

Ҳарф сари мактуби дуввумист, ки ака хеле оташ гирифта. Ҳарчи аз асабияти ҷоҳилият дар ботин дошта, хостааст ҳамон рӯзи аввал изҳор фармуда, шифои дили дардноки худро ҳосил фармояд. Аввалан арз мекунам: банда эронӣ нестам. Аҳли Қофқоз, раияти аълоҳазрати импиротурӣ буда, ҷадди ман аз аҳли Тифлис будааст. Оташи адовати ҷоҳилияти худро, ки бо эрониҳо дорӣ, дар рӯйи ман нарезед!

Сониян, ҷасорат мекунам. Ҳарки ҳастиву ҳарчи будаӣ филҷумла чашми собиқ ва лоҳиқ низ дошта бош! Ҳамин таъассубҳои авомона бибин чи балоҳо ба сари ҳар қавме мисли форс, турк ва … овардааст? Ва онгаҳе қадре ҳам худ ҳо…(идомаи вожа зери ширеш монда. И.Н.) шуда дуруст мулоҳиза фармоянд, бар фарз бародари худро музмаҳилу маҳв намудӣ, оё барои худи ту кадом султаву истиқлол боқӣ хоҳад монд? Бифармоед.

Ҳоло ба ҷавоби фиқра-фиқраи мактуби дуюм.

Бақия дорад.

Ҷалол.

***

САҲИФАИ 3

ТУРКИЯ

Исломбул – Аз манбаъи наздик ба вазорати хориҷа хабар медиҳанд, ки Туркия то ҳол ҳукм ба баргаштани асокир аз Урмия (шояд “армия” – сипоҳро дар назар дорад. И.Н.) надодааст.

***

ҒАЛАБАИ ТУРКҲО ДАР БУНҒОЗӢ

Ба мӯҷиби хабари рӯзномаи “С.Н.” дар Банғозӣ имрӯзҳо туркҳо ғалабаи муҳиме намудаанд. Дар вақти мусодима аз тарафи итолиёнҳо куштаву захмӣ шудааст 27 “зобит” (афсар) ва тақрибан 3500 нафар аскар захмӣ шудаву мурдаанд. Баъд аз ҳазимати итолиёнҳо туркҳо ба қурхонаи (анбори муҳимоти ҷангӣ-И.Н.) онҳо соҳиб шудаанд.

***

Ба Одис як даста соҳибмансаби Туркия омадаанд. Ба онҳо супурда шудааст, ки  ба зудӣ барои қушуни Туркия асп бигиранд. Чанд парохуд аз барои фиристодани ин аспҳо иҷора намудаанд.

***

Исломбул – Сафири собиқи давлати Русия дар Исломбул (Чорикуф) савори киштии “Куруливо Улғо (королева Олга – И.Н.)” шуда, ба тарафи Удисо (Одеса-И.Н.) ҳаракат намуд. Барои мушоиат дар истгоҳи киштиҳо намояндаҳои Туркия, намояндаҳои давлати соира ва тамоми маъмурини кунсулхунаи рус ва намояндаҳои муқимини рус дар Исломбул ҳозир буда.

Вуруди сафир Герасро дар авохири иди Посха мунтазиранд.

***

ЭРОН

Теҳрон – Дар вазорати хориҷаи Эрон ба мухбири “Руски Силово” гуфтаанд, ки агарчи дар ҷавоби ҳукумати Эрон ба нутаи охирини инглису рус дар бораи масъалаи манозеъ фиҳ (منازع فیه)иддаи қушуни Эрон , мусташорони хориҷӣ чизе гуфта нашудааст, лекин суфарои русу инглис дар вақти музокира ба хоҳишоти ҳукумати Эрон розӣ шудаанд ва Эрон мисли аввалӣ ҳаққи нигоҳ доштани аскар ба хотирхоҳи худ ва даъвати мусташорон аз дували бетараф хоҳад дошт.

“Аҳаммият”-и ин гузашт аз он маълум мешавад, ки тарафдори истиқлолияти Эрон одам(е) мисли Шустар дар вақти худ гуфта буд, ки аскари Эрон ба ҳеч кор намехӯрад ва ба лағв намудани он розӣ буд. Аммо дар ин бора даъват намудани мусташорон аз дували бетараф ба рой ва ризоияти инглису рус ба нафъи ингилису рус аст, на  ба нафъи Эрон.

Инглису Рус намехоҳанд, ки (ба) худи шоҳ мусташорон гузоштаву миёнаро бо ҳамдигар сард намоянд.

***

МУСУЛМОН ГӮЯД:

Моро, ки ном буда мусулмон зи хосу ом,

Номест мустаъор, ки бар ҳам ниҳем дом.

Ғофил аз ин, ки сайжи ҷаҳолат шуда тамом,

Сармасти ғафлатем, сарафкандаи мудом.

Номӯси чандсолаи аҷдоду нангу ном,

Дар роҳи ёри силсилагесӯ ниҳодаем.

Ҷ.

***

Одес – Завҷаи шоҳи махлуъ аз ҳукумати Эрон иҷоза хостааст, ки биёяд дар Теҳрон писари шоҳашро ва дигар писари валиаҳдро ва падараш Комрон Мирзоро, ки бародари Музаффариддиншоҳ аст, зиёрат кунад.

Ҳукумат ин хоҳишро бемавқеъ дониставу рад кардааст.

(Р.С.)

***

МУҲОРИБАИ ТУРКИЁ – ИТОЛИЁ

Хулоса аз аҳволи гузаштаи ду муҳориб барои хонандагон арз карда мешавад.

Итолиё, ки боиси муҳорибаи ҳозира гардидааст, яке аз давлатҳои бузург бар Оврупо буда, дорои чиҳил милюн нуфус, худаш ҳам миллати воҳидаву мутамаддин аст.

Дар бораи ҷанги ҳозира омодагии биступанҷсола ба сар бурда, қувваи ҳарбияи баҳрия, ки иборат аз киштиҳои ҷангии ӯ бошад, нисбат ба усмониён се баробар зиёдатӣ дорад.

Усмониён, ки бо зарурат дар ин ҷанги нообаҳангом дучор гардиданд, соате аз неъмат муғтанам нагашта, аладдавом машғули кашмакашу тазйиқи хориҷӣ буда, печидаи ихтилоли ортовуду аъроб буданд.

Бо ин ҳама мушкилоти дохиливу хориҷӣ ва нуқсони қувваи баҳрии эшон, ки дар муқобили баҳрияи итолиёнон ҳеч аст, диловарона ба қувваи хушкии худ эътимод намуда, дар муқобил истодагӣ намуданд.

Дар авоили ҷанг ошноёни сиёсат мегуфтанд, ки шак нест итолиёнон Тароблиси ғарбро ба зудӣ забт хоҳанд кард. Чунки мобайни Исломбулу Тароблис ду шабонарӯз роҳи баҳрии эшон дар пешқаровули итолиёнон аст, ки усмониён аскару ирзоқу асбоби ҷангии худро ба ҳеч навъ дохили Тароблис наметавонанд кард.

Дигар сарҳадоти Тароблис, ки Мисру Тунис бошад, дар тасарруфи Инглизу Фаронса аст. Онҳо низ усмониёнро манъи мурур аз сарҳади худ менамоянд. Чунонки афкру мулоҳизоти сиёсиюн буд, воқеъ гардид. Роҳи баҳриро барои усмониён итолиёнон бибастанд. Инглизу Фаронса низ аз сарҳади худ мурури усмониёнро манъ намуданд.

Вале ин монеъаҳо усмониёнро боиси маъюсият нагардид. Сипаҳсолори Тароблис, Фатҳибек чунон басираткорона ҳаракат намуд, ки аъроби ёғии ҳукумати Усмонӣ имрӯз вазифаи аскариву ҷоннисорӣ барои усмониён адо менамоянд.

Назар ба ақволи ҷароиди муътабара, ҳоло ба канори баҳр, яъне ба савоҳили Тароблис яксаду панҷоҳ ҳазор қушуни итолиёнон ҷамъ гардида наметавонанд ба даруни вилоят ба хушкӣ қадам зананд.

Ба муқобили итолиёнон қушуни низомии усмониён аз ҳафт илло даҳ ҳазор ва муҷоҳиддини араб аз сӣ ҳазор бештар нест. Аз ибтидои ҷанг то имрӯз шаш моҳ гузашт. Итолиёнон ҳанӯз шаш фарсах аз замини Тароблис соҳиб нагардидаанд. Маълум мешавад, ки усмониён ҳақ доранд ба қувваи хушкии худ эътимод намоянд.

Ҳоло ба ин хулоса аз ҷанг иктифо намудем. Иншоаллоҳ дар оянда ба қадри имкон ба хонандагони азиз бо тафсил арз карда мешавад.

“Бухороӣ”

***

АХБОРИ ДОХИЛА

17 морт дар вазорати дохилӣ дар таҳти садорати Н.Л. Шичукин маҷлиси музокира дар бораи масъалаи қанол мобайни “Вулқо” Ъадил (номи порсии рудхонаи Вулго – И.Н.) ва наҳри Дун боз шуда аст.

Ин қанол зиёда аз ҳаштод виршист тӯл дошта, 19 сожин арз хоҳад дошт. Умқи об то якуним сожин хоҳад буд.

Киштиҳо дар ин қанол бист соат роҳ хоҳанд рафт ва ҳар сол аз ин қанол зиёда аз як милёрд (як ҳазор милён) бор хоҳад гузашт.

Харҷи қанол ва дуруст намудани наҳри Дун наваду ҳафт милёну ним сум хоҳад буд. Боз  шудани ин қанол ба тиҷорати пахтаи (панба) Туркистон ҳам хеле нуфуз хоҳад дошт. Чунки он вақт ҳамли пахта ба тарафи ғарбии Русия арзон хоҳад шуд.

***

ГУМ ШУДАНИ ТУП

Дар вақти назорати анбори аслиҳаи тупхонаи Петербурғ, ки дар қалъаи ҷазираи Петруповлуфск воқеъ аст, маълум шудааст, ки панҷ қитъа тупу лавозимоти дигар гум шудааст. Дуздидани туп аз инҷо ғайри мумкин аст. Маълум мешавад, ки тупҳоро ба ҷои дигар фиристодаанд, фаромӯш намуда дар дафтар сабт накардаанд.

***

АХБОРОТИ ХОРИҶА

Порис – Дар давоири сиёсии маҳалӣ, дар хусуси натиҷаи гуфтугӯҳои ду подшоҳ дар Ветсиё хабарҳои саҳеҳ гирифта шудаст.

Импиротур Вилҳелм ба курули Итолиё Виктор Имонуил изҳор намудааст, ки Туркиё ҳеч вақт ба сулҳ розӣ нахоҳад шуд, ҳар гоҳ қабул намудани ишғоли Тароблис таклиф шавад.

Бинобар ин импиротур Вилҳалм дар ин ҷанг миёнҷии сулҳ нахоҳад шуд. Ба ройи импиротур Вилҳалм масъалаи сулҳ миёни Туркиё ва Итолиё бояд мустақиман музокира шавад. Импиротур Вилҳалм тавонистааст, ки Итолиёро то итмоми музокираи сулҳ шуруъ ба ҳаракоти ҷангҷӯёна дар обҳои Туркия накунад. Бояд Туркия миқдори гузашти худашро дар ин масъала изҳор кунад.

Мегӯянд вақте ки суҳбати муҳокимаи ин масъала дар кунфаронси Лоҳи ба миён омада, импиротури Олмон гуфтааст ҳокими ягонаи ҳамаи мубоҳисот силоҳ аст.

***

ҚАРОРДОД

Вуруди қатори роҳи оҳан дар истгоҳи Когон

АЗТАРАФИ ТОШКАНД:

СОАТ ДАҚИҚА

Почтови(й) пойезд нумари 4 – 2 – 28 – рӯз

Искори (таъҷилӣ) – нумари 8 – 4 – 28 – рӯз

Посожирски (сарнишинӣ) – нумари 12 – 2 – 29

АЗТАРАФИ КРОСНОВУДСКИ

Почтови – нумари 4 – 9 – 22 – рӯз

Искори (таъҷилӣ) – нумари 2 – 1 – 22 – шаб

Посожирски (сарнишин) – нумари 11 – 1 – 12 – рӯз

ҲАРАКАТИ ҚАТОРИ РОҲИ ОҲАН ДАР ИСТГОҲИ КОГОН БА СӮИ БУХОРОИ ШАРИФ

СОАТ – ДАҚИҚА

5 – 16 –субҳи зуд

8 – 1 – рӯз

10 – 6 – рӯз

1 – 16 – рӯз

5 – 9 – рӯз

2-16 – шаб

АЗ БУХОРОИ ШАРИФ БА СӮИ ИСТГОҲИ КОГОН

6 – 06 – субҳ

9 – – рӯз

14 – 22 – рӯз

2 – 1 – рӯз

5 – 1 – рӯз

9-16 – шаб

(Дар охир: ному насаби мудирҳо ва соҳиби имтиёз ва дар зери он рккломи Анборхонаи Л.Қ.Шолмон ва Оптикхонаи О.И.Дивуёкин омада.)

САҲИФАИ 4

Такрори таблиғоти шумораҳои собиқ аст.

 

Баргардон аз порсӣ аз рӯи аксҳои рӯзнома ва тавзеҳ: Исфандиёри Назар

Нашри ин матолиб бо зикри номи таҳиягар муҷоз аст.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *