Илм ва фарҳангТоҷикистон

РӮЗНОМАИ “БУХОРОИ ШАРИФ” ШУМОРАИ 12 (БО ХАТТИ СИРИЛЛИК)

БУХОРОИ ШАРИФ-№ 12

Нумраи 12. Якшанбе 19 Рабеъулохири санаи 1330 Соли аввал

№ 12 Воскресенье 25-го Марта  1912 г. 1-годъ (Изданiя)

Баргардон аз порсӣ аз рӯи аксҳои рӯзнома ва тавзеҳ: Исфандиёри Назар

ЭЪЛОН

ТУҲАФИ АҲЛИ БУХОРО

АСАРИ:

Сироҷиддин Ҳаким ибни Ҳоҷӣ Абдурауф Мирзо Хурдоф тоза аз чоп даромада, ба мавқеъи интишор гузошта шудааст. Ҳар кӣ толиб бошад, ба идораи рӯзнома руҷуъ намояд.

***

ИХТОР

Чунки феълан дар Бухорои шариф идораи мо боз нашудааст, ҷаноби Мирзо Сироҷи Ҳаким Мирзо Хурдоф вакили рӯзномаи мост ва шуъбаи идораи мо давлатхонаи эшон аст, ҳар кас хоста бошад яксола ё шашмоҳа обуна бишавад, ба эшон руҷуъ фармоянд.

Мудири рӯзномаи “Бухорои шариф”-ро баъд аз се соати зуҳр то панҷ метавон дид.

***

Дигар: Аз қарори масмуъ баъзе аз оқоён, ки гоҳе чанд сатр мақола навишта барои дарҷ мефиристанд, хаёл доранд ҳаққи қаламу заҳматона барои онҳо дода шавад.

Мо баъзе мактуботу ахборро маҳзи хотири шарифи онҳо мундариҷ менамоем ва илло ҳоҷат ба таҳрир надорем. Агар касе чизе навишта ба идора фиристод хоҳиш дорем ду калима изҳори ният ҳам бикунад. Ҳар кадом, ки таманнои заҳматона доранд дар сурати қабулӣ албатта ҳаққи қалам хоҳем дод. Ёҳар кас ба хаёли заҳматона менависад, бо мудири рӯзнома суолу ҷавоб фармуда баъд аз он бинвисад.

***

ЭЪТИЗОР:

Дирӯз ду адад мактуб аз Бухорои шариф гирифтем. Мазмуни ҳарду қариб ба ҳамдигар буд. Хулосаи онҳо ин, ки: “Дар рӯзномаатон ихтор намудаед, ки: Мо нияте ба ҷуз хидмати исломият надорем. Мизони навиштаҳои мо мутобиқати Қуръон ва зарурати Ислом хоҳад буд. Ҳоло ба унвони Забони маҳаллӣ забони моро истеҳзо карда, моро масхара менамоед. Асли рӯзномаи миллҷ бояд ба ҷуз насиҳату таълиму одобу некӯии ахлоқ чизи дигар набошад. Агар ба расми мутоиба навиштаед, инҷо ҳуҷуме пиндоранд, боиси нафрати аҳолӣ мешавад аз рӯзнома. Рӯзномаи худро ба забони форсӣ бинависед, забони мо бухороиҳоро истеҳзо кардан хуб нест, бояд мактабҳо бино кунед, моён забон ёд гирифта ин тур ҳарф назанем. Илах (илло охир – И.Н.)”

Аввало бо садоқати исломияту инсоният ба арзи оғоён мерасонам: Банда ҳамон мақоларо, ки дар се нумра табъ шуда, абадан аз роҳи ҳаҷву истеҳзо дарҷ накардаам.

Сониян, мақоланавис худаш бухороӣ ва аз ҷумлаи аъёну бузургони шумост.

Солисан, рафиқи муҳтарами банда Ҳайдархоҷа Мирбадалуф ҳамаро мулоҳиза мефармоянд, агар боиси ҳаҷв ва ё истеҳзо мебуд, аз дарҷаш манъ мефармуданд.

Робиъан, банда ҳоло ҳам намедонам мазмуни он мақола чист, ба итминони нависандаву мудири аввал додаам дарҷ намудаанд.

Баъд аз узрхоҳиву умедвор будан ба афви оғоён ҷасорат мекунам:

баъзе мегӯянд, ки бояд ба забони моён бинависед. Баъзе дигар ин тур навиштанро ҳаҷв мепиндоранд. Пас таклифи мо чист?

Аз қазо нависандаи мақола ҳамон шахси муҳтарам аст, ки тарафдори забони бухороист (манзур шеваи гуфтории сокинони Бухорост. – И.Н.). Банда маҳзи фаҳмонидани ин, ки бо забони (шева, лаҳҷа, – И.Н.) бухороӣ адовате надорам, навиштаи ӯро додаам дарҷ намудаанд. Аввалан хиёли масхараву ҳаҷв надоштаам ва нахоҳам дошт.

Ҷасорати дигар ин, ки банда арз кардаму мекунам, ки: ба ҷуз аз хидмати исломият нияте надорам ва нахоҳам дошт. Мизони навиштаҳои банда ҳам ҳамон нусусу муҳкамоти Қуръони шариф ва зарурати ислом аст. Агар саҳве ё иштибоҳе дар мутобиқати мизон намудам, аз ҳамаи оғоёни мусулмонон хоҳиш дорам ҷои лағзиши маро нишон бидҳанд, то тасҳеҳу ислоҳ намоям. Лекин аз соҳиби ин ду мактуб суол мекунам:

Як нафар аз аҳли Бухорои худатон мақола навишта, ки имзояш ҳам дар зер дорад

САҲИФАИ 2

хоҳ ба таври ҷидд ё худ ба ҳазлу мутоиба ё аз боби масхараву истеҳзо ва ҳаҷв забони бухороии ин фиқра чи дахл ба ваъдаи мо дорад?

Бо кадом насси Қуръону зарурати Ислом муъориза намудем?

Мо гуфтаем мизони мо Қуръони шарифу зарурати Ислом аст. Агар истеҳзо ба як забоне бикунем, ки худи шумо он забонро бар худатон нанг мепиндореду менависед “бо забони бухороӣ, ки навишта ба ҳама ҷо мефиристед, боиси масхараи мардум мешавем”. Агар чунин забонеро танқид намоем, ки мардумонаш забони худашонро ислоҳ намоянд, кадом хилофи зарурату мухолифати Қуръон намудаем?

Хулоса аз оғоёни бухороӣ хоҳишу истидъо мекунем, ки дарёдил буда, бо ҳар ҷузъиёт авқоти худашонро талх нафармоянд. Ва ба яқин бидонанд, ки моро мақсаде ба ҷуз хидмати тараққии бародарони исломӣ нест. Ва ин қадарҳо хому камтаҷриба ҳам нестем, ки  салоҳи мусулмононро надониста дар ивази ислоҳ ифсод намоем.

Бале, масъалаи забон дар миёни ҳар тоифаву қавм маҳалли баҳс аст, чунонки ишора кардаем. Аз он ҷумла дар миёни қавми форс ва мо дӯст медорем, ки ҳамаи мусулмонон забони ҳамдигарро фаҳмида, аз дили ҳамдигар хабардор бошанд ва ин ҳам вақте мешавад, ки форсу турк забонҳои худашонро ислоҳу адабӣ намоянд.

Ҷалол.

***

ТИЛГРОФОТИКА

Бистучаҳоруми морт ба идораи мо расидааст

Хӯй – Баъд аз мусодима, ки мобайни қаровулчиҳои копитон Кислӣ 9 морт дар наздикии Дайламон воқеъ шуда буд, аз Салмос, аз тарафи сараскар қазоқҳо ба ин деҳ фиристода шудаву онҳоро иҳота намуда буданд. Маълум мешавад курдҳо баъди фаҳмидани ин, ки ба соҳибмансаби рус гулула андохтаанд, ба куҳҳо фирор намудаанд. Аҳолии деҳот пеш аз мусодимаи курдҳо бо қазоқҳо фирор кардаанд.

***

Петербурғ – “Идораи истихборот”  хабар медиҳад, ки музокираи масъалаи роҳи оҳани “Канораи баҳри Сиёҳ” ва роҳи оҳани кӯҳӣ дар шӯрои вузаро аксарияти рой надоштааст. Ройи қалил ба ин дода шудааст, ки роҳи оҳани “Канораи баҳрси Сиёҳ” ба харҷи давлат қабул кардаву кашида шавад, лекин аксарият бар ин рой буданд, ки манофеъу ҳайсияти тиҷоратӣва сиёсиву “строжиқӣ”-и ин роҳҳоро як дафъаи дигар хуб тадқиқ намоянд ва барои ошно шудан ва тадқиқ намудани ҳайсияти роҳи кӯҳистонӣ ваҷҳе тахсис шавад.

Ба ҷиҳати таклиф намудани чаҳор ширкат барои дуруст кардани роҳи оҳани “Канораи Баҳри Сиёҳ” ҳазрати импиротурӣ ҳам бо ройи аксарият дар бораи дуруст намудани роҳи оҳани “Канораи Баҳри Сиёҳ” розӣ шуда ба даст ба кор шудан дар он таъкид намудаанд.

***

Порис – Қовос (огентигарии тилғирофи Фаронса) шоеъоти мунташираро дар бораи музокираи Фаронсаву Испониё такзиб намудаву изҳор мекунад, ки ҳарду мамлакат қавл додаанд, ки музокиротро пинҳон бигиранд.

***

Хӯй – Туркҳои дар хусуси иншои пул аз Золоҷой дар Ҷойрег ва кашидани сими тилғироф аз Ҷойрег ба Д…р имтиноъ кардаанд.

***

Удисо – Дар масофати 18 мил аз “Моёк…” мусаммо ба Болтифонски(й) киштии “Лиупус” –и Туркияро, ки ба рег нишаста буда, дидаанд. Маллоҳонаш бо “лудка” қоиқ рафтаанд ва як порохуди сарнишин онҳоро бардошта ба Одис овардааст.

***

Кииф (Киев-И.Н./ Шаҳри русист – идораи рӯзнома) – Дар роҳи ҷануби ғарбӣ барфи бисёр боридааст. Пойиздҳо дер меоянд. Дар бисёр ҷоҳо чӯбҳои (сутун – И.Н.) тилғироф афтодааст, симҳо канда шудааст, мизонул ҳаво таҳтус сифр фуруд омадааст.

***

Тифлис – Дар иёлати Боку дар масоҳати 29 ҳазор “дисотин” чортанобӣ замин 109 ҷо тухми малах пайдо шудааст. Дар иёлати Блсувитопул (بلسویتاپول) – Ганҷа 17500 дисотин (десятина – ченаки замин бо мизони русӣ – И.Н.). Майдони тухмгоҳи малах дар иёлати Боку нисбат ба порсола се дараҷа зиёд аст. Дар иёлати Ганҷа ду дараҷа аз порсола зиёд аст.

***

Тукию – Дар қурхонаи Курӣ таътили хидмат дар издиёд аст. Дар бостубӣ ҳукумат дар хафву бими бузург ҳастанд. Дар киштии “Хусоядот” тупҳо таркида (кафида) аст. Чанд нафар куштаву маҷруҳ шудаанд.

***

Тифлис – Дар тахти садорати мудири шуъбаи ислоҳи арозӣ Мосолски дар хусуси ривоҷ додани пунба (пахта) дар он вилоят маҷлис ташкил дода шудааст.

***

АХБОРИ МАҲАЛЛӢ

Аз барои ободии сайри Регистони Бухорои шариф ҳар навъ таошои аҷибу ғариб омада, алахусус бозихонаи Тсирк омада, бозиҳои аҷоиб ба аҳолии Бухорои шариф нишон дода, аз ибтидои сайри мазкур то вақти тамом шудан чанд бор бозӣ нишон дода, аз ваҷҳи ҳусули маблағ нуҳ ҳазору ҳаштсаду ҳафдаҳ сум(у) сӣ тин манфиъат дида, баъд аз тамомии сайр ба Когон рафтааст.

Ҷиҳати тӯл наёфтани сайри мазкур ва нашудани сайри дигар хело афсӯс доштааст.

М. Д.

АЗ ИДОРА: Ҷои афсӯси мо фақат ҳамин аст, ки ин маблағи газофаро агар бародарони бухороии мо ҳарсола харҷи як мактаби миллӣ мефармуданд, беҳтар аз сайру теотру лаззату манфиъат мебурданд. Агар чунончи атфоли худамонро тарбияву таълим намоем, худашон покизатар аз онҳо сайрҳо дода, ҷамоатро мутаннабеҳ намуда, нафъу оидоташ ҳам дар кисаи худи мо, яъне аҳлу авлоди Ватан мемонд!…

***

Муқаррабул ҳазрати ҷаноби мустатоби қушбегӣ дома иқболаҳул ъолӣ дар туғрои таълиқа яке хитоб ба аҳли Бухорои шариф, дигар ба атрофу атбоъ дар хусуси тавсияи обуна шудани рӯзномаи “Бухорои шариф” марҳамат фармудаанд.

Алҳақ дар сояи ҷаноби олӣ амир домат шавката метавон гуфт, ки аҳолии Бухорои шариф масъуду хушбахт гардида, роҳи илму ирфони эшон боз ва мафтуҳ шуда. Алҳол ҳарчи асбоби ҷаҳлу таназзул дида шавад, яқин, ки ҳамл ба танбаливу касолату батолати худи аҳолӣ бояд гардад.

***

ВУРУДИ ҶАНОБИ ВАЗИРИ ҶАНГ

Вазири ҷанг боястӣ дар соати нуҳуми субҳ ба Бухорои Нав ворид шаванд. Лекин пуйизди иловаи нумраи 4 (блис -بلیس) табдил шуда, вазир соати ҳашт бо пуйизди пучти нумраи 4 ба инҷо расидаанд.

Ба ҷиҳати пешвоз то истгоҳи Зирабулоғ аз маъмурини Бухоро, Раҳмон бӣ додхоҳ, Муллошароф оқосӣ, Мирзо Муҳаммадшарифи туқсоба шағовул (شغاول), бо мутарҷим Мирзо Искандари ҷевачӣ рафта буданд.

Дар истгоҳи Коқон (Когон – И.Н.) гинирол қунсул бо маъмурини идораи сиёсӣ ва маъмурини аскарӣ ва намояндагони шаҳрӣ пешвоз намуданд.

Аз тарафи ҳукумати Бухоро, Низомиддин Хоҷаи парвоначӣ, Абдулҳафизи иноқ, Абдуҷалил бии саркарда, Мирзо Маҳдихоҷаи туқсоба (туқсабо – И.Н.) ба пешвоз омаданд.

Вукалои шаҳр вазирро аз тарафи аҳолии шаҳр хушомадед намуданд. Ва намоянда Жирнуф ба эҳтиёҷоти шаҳр ишора намуда, ҳамчунин дар бораи гунҷоиш нанамудани калисо изҳор кардаанд ва ҷаноби вазири ҷанг бо маълум будани ин ҳол ҷавоб додаанд.

Дар соати даҳу 6 дақиқа ба Бухорои шариф ҳаракат намуданд. Вақти вуруд бо шилики туп пешвоз шуданд.

Ҷаноби қушбегӣ бо маъмурини дарборӣ низ пешвоз фармуданд.

Пас аз баргаштан аз Бухорои шариф дар вақти дуои субҳ тар калисо ташриф доштаву баъд дар қунсулхона майли наҳор фармуданд. Дар ин наҳор намояндагони идороти давлатӣ ва хусусӣ ва намояндагони шаҳрӣ даъват шуда буданд.

***

ТУРКИЯ

Исломбул – Дар порохуди “Симфуру..”, ки аз Ботум ҳаракат намудааст, як нафар арманӣ аз аҳли Болкон ва як нафар гурҷии раияти рус ҳабс шудаанд. Пеши онҳо нуҳ бумбо ва ду баста диномит (борут) пайдо шудааст.

***

Исломбул – 22 морт. Арманиву гурҷие, ки дирӯз ҳабс шудаанд, аз Вор(на) (шаҳри Туркия аст- идора) омадаанд ва худашонро раияти Булғор мегӯянд. Арманӣ, ки Қриқур (Григор – И.Н.) ном дорад, шаш поспурти мамолики мутафариқаро дорост. Гумон мекунанд, ки ӯ онорхист аст.

Вазири собиқи Қаратоғ (давлати кӯчаки ҳамҷавори Усмонист), ки аз Будқурнинмӣ(?) (шаҳри Қаратоғ) фирор намудааст.

Дар Исломбул дастгир нашуда, фақат дар таҳти назорати пулис аст.

***

Дар наздикии Понин (шаҳри Усмонӣ аст)

САҲИФАИ 3

олбонҳо ба жондормаҳо ҳамла намуда, ду нафарашонро куштаанд.

***

Дар наздикии Кустандил (шаҳри Усмонӣ аст) аскархонаро бо диномит хароб намудаанд, чаҳор нафар аскар мурдааст.

***

Банғозӣ – Асокири Итолиё ба дастаҳои арабу турк, ки ҳамлаҳои ғайримунтазираву ғайримуназзам намуда, итолиёнҳоро намегузоштанд сангарбандӣ намоянд, юриш кардаву онҳоро фирор додаанд. Талафоти итолиёнҳо як нафар мурдаву ду нафар захмӣ шудааст. Аммо талафоти туркҳо зиёда аз сад нафар аст.

***

ЭРОН

Ҷалқо – Раиси ҳаракати аскарии маҳоли Қафқоз гинирол Қорпуф аз сайоҳати Табрезу Хӯй, ки бо офтомубил намуда буд, баргаштааст. Овтомубил (аробаи бухорӣ) – ҳои аскарии пайроҳа то дарёи Урумӣ расидаанд.

***

Машҳад – Идораи пусти Қабри мутаҳҳарро (шояд манзур Имом Ризо бошад – И.Н.) маъмурини Русия ба мутаваллибошӣ додаанд. Мутаваллӣ мактубан аз саломат мондани қабр ташаккур намудааст. Сайиде,  ки ҷамоатро ба ҳаяҷон меовард, ҳабс шудааст. 24 нафар одами мазнун ба дасти ҳокими ҷадид супурда шуданд. Саркардаҳои дуздон бо раиси худашон Афғон Юсуф аз роҳҳои ғайримаълуми Буст фирор намудаанд. 39 нафар дузд захмӣ шудаву 26 нафар мурдааст. Аз тарафи русҳо ду нафар маҷруҳ шудааст. Шаҳр амн аст.

***

Урумия – Раиси савораи “Амири Қоҷор”, ки аз тарафи Самадхон ба ҳукумат таъйин шудааст, ворид шуд. Бо ӯ супурда шудааст, ки 250 нафар савораро аз сараскари собиқ, ки дар қунсулхонаи “ما به بست” нишастааст, гирифтаву худаш ҳам 150 нафар савора бар онҳо илова кунад. Ҳокими тоза идораи пулисро барҳам задаву мисли айёми қадим идора мекунад. Ба ҳукми Солоруддавла саркардаҳои ашоири курд савора барои ӯ ҷамъ мекунанд.

***

МАКТУБ АЗ БУХОРО

Муҳтарам муҳаррири рӯзномаи “Бухорои шариф”

Баъд аз ташаккури неъмати Илоҳӣ ба хидмати муҳаррири арҷманди фитратбаланд арз мешавад, ки аз рӯи ифодаи нумраи ҳафти рӯзномаатон маълум мешавад, ки яке аз бародарони бухороӣ, ки ба шеваи ватанпарварӣ ва хайрхоҳӣ мустаъиду ба (шумо) шарик мебошанд, дар идора аз ваҷҳи тасмияи рӯзномаатон, ки номида шудааст, ба рӯзномаи “Бухорои шариф” дар шубҳа шуда, ишколи худро баён намудааст, ки ҳаройина шарафи ҳақомаи (?) Бухорои шариф нашуда номи мазкур табдил меёфт хуб буд.

Агарчи ин муқаддима боиси ҳузну маъюсии ҳамватанони мо гардид, лекин шукрона менамоем, ки ҷаноби муҳаррири муҳтарам дар ҷавоби он навиштаву басо тасаллии хотири маҳзун гардид. Ёди Ватану қадри ин хоки беҳтар аз чаманро ба хотирҳо даровардаанд.

Бандаи ҳавохоҳ, ки аз ёди Ватан ҷонам ба фиғон меояд ва аз номи хоки ин арсаи муқаддас оташ ба конуни сина меафтад ба ин маънӣ ташаббус менамояму ҷасорат менамоям ва такмилан ба таҳрири муҳаррири муҳтарам арз мешавад, ки  аз ториху китобҳои тасаввуф хондаву дониста истодаем, чизе, ки ба чунин тасмия мусаммо шуда бошад (تفاول) хуб медонанд ва исми мувофиқ мусаммо мехонанд. Ва ин манбаъи бародари мо, ки  дар ваҷҳи тасмияи Бухорои шариф иқдом намудаанд, ҳеч ҷиҳатеву сабабе мулоҳиза карда нашуда.

Ваҷҳи тасмияи ҳар чиз дар зоти мусаммо филҷумла муносибате дошта бошад. Чунончи ба рӯзномаҳо дида мешавад, ки якеро Хуршед ва якеро Парвариш ном мондаву дигареро Ҳаблул матин номида ва амсоли он бисёр аст.

Дар ҳақиқати онон ташаббус намоем, ҳар кадом аз ном ҷавҳари зоти худро маълум менамояд ва рӯзномаи шумо, ки Бухорои шариф номидаед, ҳамватанони моро муждаи ҷовидонӣ бахшидаед. Ва инчунин ваҷҳи тасмияи рӯзномаатон ба Бухорои шариф  қабл аз шарафи эҷоди он, ба хотири хатири дӯстон бо сидқу сафо расонида, ба рағбату ризои онон дар арсаи вуҷуд шарафёб гардид. Ба ин номи ҳамида ва ин хитоби писандида мавсум гардид. Фард:

“Мавқеъшиноси исён зиллаткаши хато нест,

Май ҳукми шир дорад дар моҳтоб хӯрдан!”

Густохиро умеди афв аст.

М. Дабирӣ

***

ТААССУФ

Хоби ғафлат бигирифта ҳамаро дидаву гӯш,

Нест дар ҷузви рафиқон дилаке розниюш.

Ҳама мадҳӯши ҷаҳолат, ҳама дар ишрату нӯш,

Мири иғфол ба лаб ҷумла нишаста хомӯш.

Ёри манзури ҳама боди гарон, ҳам оғуш,

Ман ба аҳволи ҳарифон мутаҳаййир, мадҳӯш.

“Омад афсӯскунон муғбачаи бодафурӯш,

Гуфт: бедор шав, ай раҳрави хоболӯда!”*

(* Байти Хоҷаи Шероз аст. И.Н.)

Ҷ.

***

ҲАЁТИ ОДАМӢ БАСТА БА СЕ ЧИЗ АСТ

Агар касе суол кунад, ки он се чиз, ки ҳаёти одамӣ вобастаи ӯст, кадом аст? – ҷавоб хоҳем гуфт, ки:

Аввалан, фалоҳат аст, ки нумраи ирзоқу рӯзии одамӣ аз қабили набототи арзиву фавока ва ғайра аст.

Дуввум, соноат аст, ки натиҷаи ӯ фароҳам гардидани асбоби дунявӣ ва мояҳтоҷи зиндагист.

Саввум, тиҷорат аст, ки фоидаи ӯ ба даст даровардани рӯзиву асбоби зиндагист.

Агар яке аз онҳо набошад, одамӣ наметавонад зиндагиву гузарон бикунад. Зеро, ки хӯрдану пӯшидан лозимаи маъишати инсонист. Пас чи бояд кард, ки ин ҳарсе неъмати гаронбаҳоро аз даст надода,, ҳаёти худро дар маърази талаф наяндозем, то куфри ин неъмат накарда бошем. Бояд дар тавсиъаи ин бикӯшему ҳатталимкон равнақ бидиҳем.

Дар соири ҷоҳо аз барои тараққиву тавсиъаи ҳар кадом мактабҳо эҷод намуда, илми ҳар якеро таҳсил мекунанд. Дар тамоми шаҳрҳои милали мутамаддина мактабҳои фалоҳату тиҷорату саноат мавҷуд аст ва ҳамасола дар издиёди он мекӯшанд ва ҳар давлате, ки хокаш дорои арозии қобили зироат бошад, он қадар саъй мекунад, ки як ваҷаб замини онро майитаву бекор нагзорад ва як қатра оби рудхонаву чашмаро ҳадар ва ройгон накунад.Ва давлате ҳам, ки арозии маита надорад ва зироаташ кифоя намекунад, соъист, ки санъату тиҷорати худро тарақӣ бидҳад, то ки молуттиҷораи худро дар хориҷа зиёд фурӯхта дар ивази он гандум ва ғайра харидорӣ намояд, то инки харҷ аз дахлаш зиёда набошад ва ҳар кадом аз ин идороти салоса вазири алоҳида дорад, ки ҳар як ба вазифаи худҳошон амал намуда, дар фикри тараққии миллати хеш мебошанд ва ҳамасола дахлу харҷи мамлакатро месанҷанд.

Ба ҳар васила мумкин аст дар ихдиёди сарвати худ мекӯшанд ва асбоби лозимаи ҳар кореро фароҳам мекунанд. Чунончи вазири фалоҳат ҳимматаш бар ин аст, ки мокинаҳои (ё мошин ва ё миконик дар назар аст – И.Н.) тоза ихтироъ кунанд тр умури деҳқонон саҳл гардад.

Деҳқоне, ки метавонад даҳ таноб заминро кишткорӣ кунад, ба воситаи он макина сад таноб заминро ба осонӣ аз ӯҳдаи амалаш бармеояд ва ивази даҳ манн, сад манн дона мебардорад.

Вазири тиҷорату саноат ҳамчунин ҳар сол дар доираи тиҷорати мамлакат тавсиа дода, дар фикри ривоҷ додани молуттиҷора ва санъати худ мебошад. Дар адади корхонаҷот меафзоянд ва ҳар рӯз як навъ асбобу матоъе ихтироъ мекунанд, ки дигарон муҳтоҷи он шуда бихаранд. Ҳамеша дар садади арзон баровардани ҷинси матоъи худ буда, дар ҳарҷо мумкин аст, моли худро бурда ба фурӯш мерасонанд ва ба арбоби ҳирфаву саонеъ аз тарафи давлат мукофоти нақдӣ ва нишонҳои ифтихорӣ ато мешавад, то инки боиси ташвиқи онҳо гардида, мамлакат тараққӣ намояд.

Ҳоло баръакс, мо мардум абвоби тиҷоратро бар рӯйи худ баста, санъатро ба пушти сари худ андохтаем ва рӯз ба рӯз ба фақру фоқа гирифтору саргардони кӯчаву бозор мебошем.

Тамоми ашёи лозимаи мо аз “амома” – саллаи сари мо то кафани амвоти мо бояд аз хориҷа биёяд.  Кафши поймо аз Омрико, соати бағаламо аз Фаранг, ҳарири (абррешим) мо аз Инглис. Ғараз дар ҳама чиз муҳтоҷ буда, дар камоли ғафлат зиндагӣ мекунем. Худо  неъмати доимо дода вале мо қадри онро намедонем. Вой бар мо, вой бар мо!

“Гӯши суханшунав куҷо? Дидаи эътибор ку?” (аз ҳазрати Ҳофиз – И.Н.)

М.С. Мирзо Хурдоф

(Мирзо Сироҷи Ҳаким – И.Н.)

***

АХБОРИ ДОХИЛА

Одис – Дар наздикии истгоҳи Слубудко дар воғун дуздҳо соҳиби корхонаи руғансозиро беҳӯш намуда, бистушаш ҳазор маноташро дуздидаанд.

***

Перм (шаҳри Русия аст) – Дар “قمش او” пуйизди пучт аз роҳаш берун омада чанд воғун шикаставу 16 нафар захмӣ шудааст.

***

Юлуқа (шаҳри Русия) – Пуйизди маҳаллӣ бо ҳамдигар мусодима намуда “мошинист” муҳаррик мурда ва шаш нафар маҷруҳ шудаанд.

***

АХБОРОТИ ХОРИҶА

Берлин – Як нафар сиёсидон дар хусуси корҳои Болқон хабар медиҳад, ки ба сафири Гирмониё дар Исломбул таклиф шудааст, ки  “مه چه ”-ро, ки Туркия метавонад ба гирифтанаш розӣ бишавад, ваълум намояд ва ба ҳукумати Итолиё ҳам ишора шудааст, ки дар мавқеъи имтиноъи Туркия аз сулҳ, вақти даст ба кор кардани Итолиё гузашта нахоҳад шуд.

***

Берлин – Вазири хориҷаи Олмониё натиҷаи музокирот Вилҳелм ва курули Итолиёро ба сурати қатъӣ такзиб мекунад. Давоири сиёса ва матбуъот ба хабарҳое, ки аз манбаъҳои Фаронса баромадааст, дар хусуси муваффақ нашудани импиротур Вилҳалм беэътиноиву такзиб мекунанд.

Рӯзномаҳо менависанд, ки натиҷаи мулоқоти ду  подшоҳ дар олами сиёсат  анқариб таъхир хоҳад бахшид.

***

Виёна (Вена – И.Н.) – Рӯзномачиҳо, ки аз Винисиё (шаҳри Итолиёст) баргаштаан, мегӯянд, ки пешвози импиротури Олмон дар Винисиё дӯстона набуда, балки муҳтарамонаву меҳмоннавозона будааст.

Дар миёни маллоҳон нисбат ба ҳамдигар сардии зиёд мушоҳида мешуд.

***

(Дар охирии ин саҳифа: ному насаби мудирҳо ва соҳиби имтиёзи рӯзнома ва дар зер рекломи анборхонаи “Л.Қ.Шолмон” нашр гардидааст. – И.Н.)

САҲИФАИ 4

Ҳамон рекломҳои собиқро дорад.

Баргардон аз порсӣ аз рӯи аксҳои рӯзнома ва тавзеҳ: Исфандиёри Назар

Нашри ин матолиб бо зикри номи таҳиягар муҷоз аст.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *