Илм ва фарҳангОсиёи МарказӣТоҷикистон

РӮЗНОМАИ «БУХОРОИ ШАРИФ» ШУМОРАИ 13 (БО ХАТТИ СИРИЛЛИК)

БУХОРОИ ШАРИФ-№ 13

Нумраи 13. Душанбе 20 Рабеъулохири санаи 1330 Соли аввал

№ Понедъельникъ 26-го Марта  1912 г. 1-годъ (Изданiя)

Баргардон аз порсӣ аз рӯи аксҳои рӯзнома ва тавзеҳ: Исфандиёри Назар

САЁҲАТНОМАИ ТУҲАФИ АҲЛИ БУХОРО

АСАРИ: Сироҷиддин Ҳаким ибни Ҳоҷӣ Абдурауф Мирзо Хурдоф тоза аз чоп даромада, ба мавқеъи интишор гузошта шудааст. Ҳар кӣ толиб бошад, ба идораи рӯзнома руҷуъ намояд.

***

ИХТОР

Чунки феълан дар Бухорои шариф идораи мо боз нашудааст, ҷаноби Мирзо Сироҷи Ҳаким Мирзо Хурдоф вакили рӯзномаи мост ва шуъбаи идораи мо давлатхонаи эшон аст, ҳар кас хоста бошад яксола ё шашмоҳа обуна бишавад, ба эшон руҷуъ фармоянд.

Мудири рӯзномаи “Бухорои шариф”-ро баъд аз се соати зуҳр то панҷ метавон дид.

***

Дигар: Аз қарори масмуъ баъзе аз оқоён, ки гоҳе чанд сатр мақола навишта барои дарҷ мефиристанд, хаёл доранд ҳаққи қаламу заҳматона барои онҳо дода шавад.

Мо баъзе мактуботу ахборро маҳзи хотири шарифи онҳо мундариҷ менамоем ва илло ҳоҷат ба таҳрир надорем. Агар касе чизе навишта ба идора фиристод хоҳиш дорем ду калима изҳори ният ҳам бикунад. Ҳар кадом, ки таманнои заҳматона доранд дар сурати қабулӣ албатта ҳаққи қалам хоҳем дод. Ёҳар кас ба хаёли заҳматона менависад, бо мудири рӯзнома суолу ҷавоб фармуда баъд аз он бинвисад.

ИФОДАИ МАРОМ

Ин абди ҳақир Сироҷиддини Ҳаким ибни Ҳоҷӣ Абдурауф Мирзо Хурдоф, ки  муддаати даҳ сол аз ватани худ баромада, ба азми саёҳату ҷаҳонгардӣ ағлабе аз рубъи маскунро баъзе ба роҳи оҳан, бархе ба киштӣ, гоҳе ба харсавориву пиёдагардии иҷборӣ, ияк ба як, водӣ ба водӣ паймуда, бо уқалову таҷрибадидагони ҳар шаҳре ошнову мусоҳиб шуда, дар назди баъзе аз устодони комилу муаллимони оқилу фозил, минҷумла аз улуми муфидаи асри ҳолияро тилмиз намуда, аз муроҷиат ба ватани хеш тамоми воқеоти саргузаҳтаи худро бо тафсили маълумоти ҳар мулке, баъзеро аз рӯи сабту сиёҳа, бархеро аз ҳифзи ончи ба хотир доштам, ҳамаро ҷамъ намуда, сафарномае тартиб намудам, ки аз ҷиҳати бародарони ватании хеш армуғоне дошта бошам ва номи ин сафарномаи худро Туҳафи аҳли Бухоро гузоштам, ки тмоми адади ҳуруфи он торихи итмоми китоб аст. Ва ҳолия дар матбаъаи Когон ба табъ расидааст.

Маснавӣ:

Чист сафар? – Мояи илму ҳунар,

Чист сафар? – Таҷрибаи хайр(у) шар.

Ҳаст сафар мояи анҷомҳо,

Ҳаст сафар пухтакуни хомҳо.

Ҳарки сафар кард – хӯрад заҳру қанд,

То, ки шавад комилу ҳам ҳӯшманд.

Ҳарки аз ин шарбати мо нӯш кард,

Кашмакаши даҳр фаромӯш кард.

Ончи дар аснои сафар дида шуд,

Бе каму нуқсон ҳама вочида шуд

Ақаллул аттибо: М.С. Мирзо Хурдоф

***

(Ҳамчунин дар тарафи чапи кунҷи поёнии саҳифаи 1, рекломи меҳмонхонаи “Турон” ба чоп расидааст. И.Н.)

САҲИФАИ 2

ТАҶДИДИ МАТЛАЪ

“Боз гӯ аз Наҷду аз ёрони Наҷд,

То дару деворро орӣ ба ваҷд.”

Маълум аст, ки вазъи рӯзнома бояд бар ҳасби иқтизо ҳар рӯз тағйире дошта бошад. Маъазолик асли хоҳишу иродаро набояд аз даст дод. Асоси мақсудро набояд фаромӯш намуд. Асоси интишори ҳамин рӯзнома хидмати бародарони динист.

Мақсуд аз азбори мухталифа, ки ҳар рӯз навишта мешавад, бедор намудани аҳолии Ислом аст, ки  чами басират боз намуда битавонанд ба давру бар худ нигоҳе фармоянд.

То касе ҳаракати ҳамсояро набинад, мутаҳаррик намешавад. Инсон биттабъ муқаллид офарида шудааст. Лекин соҳиби ҳӯшу фикр ҳам ҳаст. Дар тақлиди бесамар мондан ба насси Қуръони шариф мамнуъ аст, дар онҷо, ки мазаммат мефармояд касонеро, ки гуфттанд мо падарони худро ба ин ойин дидем ва тобеъи осори онҳо мешавем!

Пас бар мост, ки тобеъи осори ҳасана бошем ва муқаллиди афъоле гардем ки боиси тараққии мо гардад!

Дар унвнҳои собиқа арз кардем, ки бар мост нигоҳ ба вазъи тараққӣ ва таъолии дигарон намудан. Ҳар кор, ки онҳо намуданду иллати саодау тараққии онҳо шуд, мо ҳам бояд бикунем!

Аввалин коре, ки мо бар худ лозиму воҷиб шумурдем, пйравӣ намудани фармоиши ҷаноби хатмимаоб саллалоҳи ъалайҳи оли васаллам буд, ки талаби илмро фаризаи мо фармудаанд. Чун ин масъала явмино ҳаза аз ҷумлаи заруриёти дини мост, эҳтиёҷ ба шумурдани фармоишоти он Ҷаноб надорем. Ҳамин қадар метавонем арз бикунем, ки  тақрибан дар ҳаштод ояти карима ва ҳазору дувист ҳадиси саҳеҳаву муътабар амр ба ёд гирифтану илм омӯхтан ва ашраф будани илм насс гардидааст. Таъкиди маҷдест, ки аз маҳд то лаҳад маъмури талаби илм ҳастем.

Боз баъзе ишораву иҷмолҳо арз кардем, возеҳ аст, ки имрӯза мо мутлақан роҳи илму ирфонро гум карда, дар водии ҷаҳлу нодонӣ овораву саргардон мондаем. Ба воситаи фурӯ рафтан дар зулмати нодонӣ, имрӯза касоне, ки як вақте бандагии моро ба ифтихор орзу менамуданд, ба оғоии мо танзил намекунанд! Моро лоиқи ҷорӯбкашӣ дар хонаашон намедонанд. Дар назари инсоф ҳақ ҳам доранд. Чиро, ки дари хонаҳошонро чунон ба мизони илм, назифу зариф дуруст намудаанд, ки мо ба ин ҳаракоти ваҳшиёна агар қадам гузошта бихоҳем касофати онро пок намоем, ҳукман радди пои мо остонаи онҳоро касифтар хоҳад кард! Пас ҳақ доранд, ки моро ба нӯкарӣ қабул накунанд!

“Шарҳи ин ҳиҷрону ин хуни ҷигар,

Ин замон бигзор то вақти дигар!”

Баъд аз он, ки худро ба ин ҳолу вазъ дидем, агар дунболи ислоҳи ҳол наравем, наъузубиллоҳ, азалл (اضل) (залилтар – И.Н.) аз ҳайвонот хоҳем шуд. Роҳ дунбол намудан ҳам иборат аз фаҳмидани дарду дархост намудани дармон аст. Каму беш дардро фаҳмидаем.

Дармон хостани мо иборат аз он аст, ки забоне гӯё барои худ пайдо намоем, ки дардҳои моро бишмарад. Ва он забон – ҷамъияти нашри маориф.

Бақия дорад.

Ҷалол.

***

ТИЛГРОФОТИКА

Биступанҷуми морт ба идораи мо расидааст.

Нийуйурк – (пойтахти Ҷамоҳири муттафиқаи Омрико) – Раисулвузарои Ёпун – Шой Ондзӣ ба мухбири Тоймс изҳор кардааст, ки мобайни Ёпуну Миксико (давлатест мобайни Омрикои шимолӣ ва ҷанубӣ) ҳеч музокираи пинҳонӣ дар бораи сохтани истгоҳеву боргоҳе воқеъ нашудааст.

***

Исломбул – Дар таҳти саркардагии Иззат –пошшо як даста аскар барои муборизаи Шайх Идрис, ки асокири Туркияро дар наздикии Саъидӣ(?) муҳоҷира кардааст, фиристода мешавад.

***

Исломбул – Ба мӯҷиби хабари рӯзномаи “Танин” Саъид-пошшо – раисулвузарои ҳолия баъд аз инъиқоди маҷлиси мабъусон истеъфо хоҳад дод ва ба ҷои ӯ сафири молияи (ва шояд: ҳолияи… – И.Н.) Ландан – Тавфиқ – пошшо таъйин хоҳад шуд.

***

Машҳад – Мутаваллибошии Қабри мутаҳҳар (ба эҳтимол мадфани Имом Ризо дар назар аст – И.Н.) катбан ба қунсулхонаи рус ташаккур намудаву низоми қушуни русу ҳаракоти онҳоро таъриф мекунад, ки дар арзи се моҳ дар Машҳад ҳеч ҳаракати хилофе аз онҳо воқеъ нашудаву аҳли шаҳр аз онҳо розӣ ҳастанд ва дар масъалаи мусодимаи байни Русу Бустнишастагон тақсирро дар тарафи Юсуфхон медонад.

***

Мисрул Қоҳира – Аз рӯи хабаре, ки аз Банғозӣ расидааст, туркҳо тайёраи Итолиёро ба гулулаи тӯп задаанд. Тайёрачӣ Фиринчик Рибиритӣ (?) мурдааст. Тайёра (киштии ҳавоӣ) низ шикаст хӯрда афтодааст.

***

Ландан – Дар Шотландия наздикии Унфармалот (اونفرملات)  мусодимаи муҳим воқеъ шудааст. Фаълаҳо хабар гирифтаанд, ки гӯё чанд нафар фаълаҳо кор мекунад дар маъодини ангиштсанги даҳ маъдан ҳазор нафар марди кор ҷамъ шудаанд. Ин гуруҳ мошинаро хароб кардаанд, ҳазор шишаи хонаҳоро шикастаанд. Чанд нафар пулис захмӣ шудааст.

***

Лвов (لواو) (аз шаҳрҳои Офстрё аст) – Ду нафар кашишро барои ин, ки дер вақт (боз дар) савоҳили Днестр сайоҳат менамуданд, дар ҷосӯсии ҳукумати Рус муттаҳам намуда, дастгир кардаанд.

Дар Буковина маъмурини ҳукумати Офстролиё ду нафар русро ҳам барои ҳамин масъала гирифтаанд.

***

АХБОРИ МАҲАЛЛӢ ВА ТУРКИСТОН

ИХТОР

Дар ҳайати таҳририяи идораи рӯзнома аз Самарқанд Бақохоҷа бинни Ҳодихоҷаи Самарқандӣ низ даъват намуда шуда, мушорилайҳ рӯзи Ҷумъаи 16-и моҳи морт вориди Бухоро шуда, ба муъвинати мутарҷим ва коргузори рӯзнома шуруъ намуданд. Шеваи (лаҳҷаи) мақолоти бухороии моро аз ин ба баъд ба қадри мақдур як навъ содаву осон намуда, ба забони порсӣ ва луғату истилоҳи умумӣ наздик хоҳад намуд.

***

ЛОИҲАИ РОҲИ ОҲАНИ БУХОРО

АЗ Хуқанд тилғироф медиҳанд, ки лоиҳаи иншои роҳи оҳани Бухоро-Қаршӣ-Каркӣ – (аз ин ҷо ба баъд идома дар саҳифаи 3. – И.Н.) – Тирмиз ба итмом расидааст. Дар 28 морт муташаббуси ин корҳо муҳандис роҳҳо Коврифски(й) барои тақдим намудани лоиҳа ба ҳукумат дар Петербурғ меравад. Дигар муҳандис Истифонитс, Шиловин ва Конитевич (کانیتی ویچ), ки барои таҳқиқи роҳи мазкур маъмур буданд, корҳои худро ба итмом расонида низ аз Хуқанд ба Петербурғ ҳаракат хоҳанд намуд.

Т.К.

***

ФИЛИЙТУН

(Мақолаи муфассала)

ДАР ХУСУСИ ЗАБОН

Бақияи нумраи собиқа

Ҳоло баъзе фақароти мактуби дуюмро мулоҳиза намоем! Соҳиби мактуб мефармоянд:

“Бале, баъзе аз азизон ва оқоёни бухороӣ, ки дар хусуси он муътариз шудаанд, пур беҳуда нагуфтаанд.

Ин шева, ки дар мақолоти ахбори Бухорои шариф навишта мешавад, бо лаҳҷаи Эрони ҳолия аст, ки аз сар то по мағруқи лаффозӣ ва арабиҳои ъасирулфаҳм ва аз се ҳиссаи он яке забони форсӣ аст.”

Акнун қориини киром ба назари инсоф мулоҳиза фармоянд, ки соҳиби ин мактуб худаш магар ба забону шеваи ҳолияи Эрон нанавиштаанд?

Ағлаби мақолаҳо, ки аз Бухорои шариф фиристода мешавад, лаҳҷаи бухороӣ буданаш возеҳу ошкор менамояд, лекин навиштаи ин бародари муҳтарами мо саропо ба шеваест, ки рӯзномаи Бухорои шариф ба он шева навишта мешавад. Маъазолик эътироз мефармоянд, ки ин шева – шеваи ҳолияи Эрон аст. Ин сирф ба воситаи ҳамон асабият аст, ки биттабъ сарофати худро изҳор фармудаанд. Аҷибтар ин, ки мефармоянд:

“Аз сар то по мағруғи лаффозиву арабиҳои ъасирулфаҳм ва аз се ҳиссаи он яке забони форсӣ аст.”

Мо ба қоидаи адабу инсоф таҳлили ин фармоишро бикунем: “мағруқи лаффозӣ” –и ин бародар асирулфаҳмтар аст ё иборатҳои ахбори Бухорои шариф?

“ъасирулфаҳм”-и ин оқо душвортар аст ё ибороти рӯзномаи мо?

Хоҳиш дорам арбоби завқ ба диққат мулоҳизаи ин мактубро бифармоянд ҳарфҳои онро шумурда бо ду ҳамсари он аз навиштаҳои мо бисанҷанд ва бибинад кадом як ғализату лаффозии зиёд дорад?

Агарчи лаффозӣ дар ҷои фузулӣ истеъмол мешавад, мо ҳаргиз ба касе ин ҷасоратро намекунем, лекин чун худи шон ба ин тур ёд  фармудаанд, ночор таркиби каломи мо ҳамин ҷур мешавад!

Баъд аз фармоишоти мазкура тафсилҳои дарҳампечида менависанд, ки ба назари қориини киром расидааст, ҳоҷат ба такрор нест. В-онгаҳе шарҳи ишораҳои фиқра-фиқраи ӯ асбоби дилсардист. Дар охири мактуб васияти падарона мефармоянд:

“Ҳар мақолаи арабӣ, ки аз осори килки фозилона… онро ба яке аз аҳли фазлу камоли бухороӣ нишон бидҳед, агар ислоҳе ё луғате ғайримаънус бад-он мундариҷ аст, ба истилоҳу луғати маъмули интарафҳо, ба шарте, ки форсӣ ва ё арабии мустаъмали аҳолии ин мулк бошад, табдил…”

Намедонам ин васияти содиқонаро ба чи забон қабул намоям? Банда тоза вориди вилояти шумо шудаам, ба аҳолии фазлу камоли бухороӣ ҳам то ба ҳол шиносоӣ надоштааем. Аввалин фозиле, ки аз осори бадеъаи килкаш мебинем, саркори олӣ ҳастед! Мо ба ифодаҳои саркору навиштаҳои худамон тавфири чандоне намебинем. Бисёр мамнуни шумо мешавем, ки арабиҳои мустаъмалу луғати маъмули худатонро гоҳ-гоҳе заҳмат қабул фармуда шарҳ бидҳед, ки кам-кам омӯхта шавем. Ё шахсан қабул фармуда ба ҷузви муҳарририни идораи Бухорои шариф танзил фармоед, ки дар сояи шумо афроди идора забонфаҳм бошанд. Ва илло барои мо мумкин нахоҳад шуд, ки ҳар рӯз ҳарчи менависем ба ҳузури муборак бирасонем ва мунтазир бошем, ки ислоҳ фармуда хоҳед фиристод, мо ҳам ба фармоиши шумо мундариҷ хоҳем намуд!

Дигар чи арз бикунам, худатон ҳам медонед, ки навиштаҳои мо бо шеваи мактуби шумо ба як шеваву услуб аст.Бидуни тафсил бо эътизори иродатмандона афви ҷасорат мехоҳем!

Бақия дорад

Ҷалол.

***

САҲИФАИ 3

(Идомаи “Ахбори маҳаллӣ ва Туркистон” аз саҳифаи 2. – И.Н.)

Тарҷумаву нақл аз рӯзномаи шарифаи “Тарҷумон”, нумари 12

ҲАЙКАЛИ МИРЗО УЛУҒБЕК

Барои ибқои номи Мирзо Улуғбеки машҳӯр, ки мадори ифтихори мост ва аз уламои илми ҳайъат аст, аз тарафи ҷамъияти осори атиқаи Русия ба вазъи “барпо кардану ниҳодан”-и  як ҳайкал қарор дода шуда буд. Ин дафъа аз қароре, ки шунида шуд, барои ҳайкал се лоиҳа (тарҳ) ҳозир кардаанд: 1) Маркази тасвири Мирзо Улуғбек. 2) Бинои як чашма (эҳтимол манзур фаввора бошад – И.Н.) дар миёни Регистони Самарқанд. 3) Аз сари нав таъмир намудани расадхонаи Мирзо Улуғбек, ки дар беруни шаҳри Самарқанд ва дар мавзеъи Кони гил аст ва дар ҳоли харобиву вайронист.

Лекин то ин муддат сурати Улуғбек  аз ин эъломияи лоиҳаи аввалӣ тарк шудааст.

… ва ба вуҷуд овардани расадхонаашро зиёда мумкину лозим шумурдаанд. Дар миёни Регистони Самарқанд* рӯ ба рӯи мадрасаи худи Мирзо Улуғбек як чашма ҷиҳати хотира ва ёдгории Мирзо Улуӯбек мехоҳанд ҷорӣ намоянд.

Барои ин кор аз Петербурғ ба Самарқанд як нафар муҳандиси махсус ҳам омадааст.

* Дар Самарқанд миёни Мадрасаи Шердор, Тилокор ва Мирзо Улуғбек як саҳнаи майдоне ҳаст, ки онро ба истилоҳи маҳаллӣ Регистон мегӯянд.

***

Парерӯз асби миршаб дар Бухорои шариф аз фойтун рам хӯрдаву фойтуни аспи қимати ҷаноби миршабро ба … аст. (хонда нашуд. И.Н.)

Хушбахтона аз ин ҳодиса саҳеҳу солим халос шуаанд.

***

Ҷаноби вазири ҷанг Сухумилинуф бо ҷаноби фармонфармои Туркистон Сомсунуф аз истгоҳи бухорои шариф яксара (яъне мустақим – И.Н.) ба зиёрати волоҳазрат ҷаноби олии амир шарафёб шудаанд. Чун ҷаноби олӣ филҷумла таксири мизоҷӣ доштаанд, ҷаноби вазиру ҷаноби фармонфармо розӣ нашудаанд, ки ҷаноби олӣ ба боздиди эшон то воғзол (истгоҳ) ташриффармо шаванд.

Аз ин ҷиҳат боиси дилхушии ҷаноби олӣ шуда, аз ин зиёрату мулоқот хеле хушвақту хурсанд гардидаанд.

***

ТУРКИЯ

Исломбул – Яке аз сиёсиюни нуфуздор баъд аз суҳбати худ бо Осимбек ба мухбири “Руски слово” изҳор кардааст, ки ба ин вазъ ба музокироти сулҳ наметавон умедвор шуд. Ё бояд Итолиё аз Тароблис даст бикашад ё ин, ки дар дарёи  Абқаӣ (дарёи Туркия аст) шуруъ ба ҷанг намояд.

***

Порис – Дар давоири сиёсӣ ба муроҷиати … дувал дар Исломбул, ки ба таклифи Русия воқеъ хоҳад шуд, чандон умедвор нестанд. Агарчи ин таклиф иҷборӣ нахоҳад шуд, лекин ҳаракоти ҷангҷӯёнаи Итолиё, ки ҳаяҷони дували ҳомия шуруъ хоҳад шуд, ба ин муроҷиат хосияти иҷборӣ дода туркҳоро зиёда асабонӣ хоҳад намуд.

***

Рим – Мабуъоти Итолиё  яқин доранд, ки таклифи Русия дар бораи … дувал ба Туркия аз тараф дувал қабул хоҳад шуд.

Матбуъот таклиф мекунад, ки тезтар(?) иҷбори музокира шудаву … барои анҷом гирифтани музокирот давлати Итолиё баъд шуруъи ҷанг намояд.

***

ҶАНГИ ТАРОБЛИС

Олмон(?) – Аз … тилғироф мекунанд, ки итолиёнҳ дар ҷалб намудани арабҳо ба тарафи худ саъйи зиёд мекунанд. Аз ойруплонҳо (тайёраҳо) варақаҳо рехта, арабҳоро ҳуррияту тараққӣ ва таъолиро ваъда медиҳанд. Аз Итолиё ба Яман пули зиёда мефиристанд, ки дар онҷо иғтишош намоянд. Лекин ҳамаи инҳо бетаъсир аст.

Бародарони … ва арабҳои Тароблис ба ваъдаҳои итолиёнҳо бовар накарда, ба туркҳо муъовинат мекунанд.

***

Карид

Ҳукумати Русия аз ҳукумати Туркия иҷоза хостааст, ки агар ишғоли ҷазираи Карид аз тарафи дували ҳомия лозим бошад, бояд давлати рус аз буғози Исломбул қушун бигзаронад. Ҳукумати Туркия ба ин амр розӣ шудааст.

***

ҲИФЗУССИҲА

Бандаи нигоранда маҳзи хизматгузорӣ ба андозаи фикру истеъдоди ноқиси худ аз ибтидои нашри нумраи аввал баъзе мақолаҳои иҷтимоъӣ ва ғайра таҳрир намуда тақдим доштам, ки чанде аз онҳо дарҷ ҳам гардидааст. Вале аз рӯи қоидаву қонун ҳар шахсе бояд ба таклифи худ амал намуда, вазифаи хештанро адо кунад. Шоир гӯяд:

Ҳар киро аз баҳри коре сохтанд!

Акнун банда ҳам ба таклифи шахсии худ амал карда, чанде дар хусуси назофату ҳифзуссиҳат сухан мекунам, то оммаи халқ қадри офиятро дониста,  дар ҳифзи нафси худ бикӯшанд.

Умуми халқи олам қоили ин маънӣ будаву ҳастанд, ки дар тамоми мазоҳиб ҳифзи бадан аз ҷумлаи фароизот аст ва дафъи зарар аз нафс ҳам воҷиб аст.

Пайғамбари моён (салъам) илми абдонро муқаддам бар илми адён қарор дода, ба маънии то вуҷуди одамӣ солим набошад, аҳкомоти фарзияро наметавонад ба ҷо биёварад.

Акнун, ки ҳифзи бадан бар мо фарз гашт, мо чисон бояд дар ҳифзи он бикӯшем, то гирифтори амрзи муҳлик набошем?

Аввалан дар акулу (хӯрданӣ-И.Н.) шурби (нӯшиданӣ – И.Н.) худ диққат намуда, аз ғизоҳои номуносиб парҳез кунем. Саъдӣ алайҳирраҳма мефармояд:

Мояи айши одамӣ шикам аст,

Гар ба тадриҷ меравад, чи ғам аст?

Ва ҳам оби машрубии мо бояд поку зулол буда, манзилу хона тамизу назиф бошад.

Имрӯза тамоми атиббои рӯи замин… (мутаассифона мобақии ин мақоларо бо иллати шадидан тираву нохоно будани акси ин бахши саҳифа хондан имкон надорад. – И.Н.)

Боқӣ дорад.

М.С.Мирзо Хурдоф Ҳаким

***

АХБОРИ ДОХИЛА

Садри мунтахабии маҷлиси мабъусони Туркия Сулаймон –афандии Ясқонӣ, ки ба ҷиҳати маҷлиси шӯрои байналмилалӣ интихоб шуда, алҳол дар Петербурғ аст.

Ба хизмати вазири хориҷа Созонуф қабул хоҳад шуд.

Ба ин мулоқот аз нуқтаи назари сиёсат аҳаммияти зиёд медиҳанд. Ясқонӣ (ё: Бастонӣ?) –афандӣ бо назария ва ҳиссиёти сиёсиюни Русия ба тариқи ғайрирасмӣ ошно шудаву дар Туркия мӯҷиби наздикиву шинохтани ҳамдигар хоҳад шуд.

***

Одис – Яке аз наздикони Муҳаммадалӣ Мирзо, ки бо ӯ дар Эрон буд, ин рӯзҳо аз тарафи Муҳаммадалӣ ба Ландан ба ҷиҳати изҳороти шахсӣ дар бораи ҳаракоти Муҳаммадалӣ дар Эрон, ҳаракат хоҳад кард.

Ба мухбири “Руски слово” хабар додаанд, ки мақсад аз ин саёҳат истеҳкоми истиқлолияти Эрон аст, ки Муҳаммадалӣ гӯё аз ин ҷиҳат хотирҷамъ нест.

***

Одис – Ҷаласаи охирии сайёҳонои Осиёи Наздик, ки барои ошно шудан бо бозори ғариб ба панҷоҳ рӯз саёҳат намуда буданд, ташкил ёфт. Бозорро хеле хуб мегӯянд. Миқдоре додситади куллӣ ҳам намудаанд.  Ба ройи онҳо бояд аҳдномаи тиҷоратӣ мобайни Туркия, Булғориё, Сербиё, .. баста шавад. Барои тараққии тиҷорат  дар ҷоҳои муҳим бояд вистофқоҳо боз шаванд ва намояндаҳои тиҷоратӣ фиристода шаванд.

***

Боку – Со…ёнски(й)… аз Эрон баргашт. Пешвозкунандагон зиёд буданд.

***

АХБОРОТИ ХОРИҶА

Пекин – (бо далели тирагии ин бахши саҳифа хабарро хондан мушкил буд. И.Н.)

***

Рим – …. Дар бораи тавқифи ду ойруплон тилғироф мекунад, ки гӯё онҳо аз Фаронса барои Итолиё фиристода мешуданд ва ҳол

САҲИФАИ 4.

онки моли Туркия будаанд. Ойруплон (тайёраҳо) тавқиф гаштаву… фиристода шудаанд.

***

Малбурн – Порохқди “Қомондо”, ки 17 моҳи морт аз боргоҳи … Овстролиё (Уқёнусия) ҳракат намуда ғарқ шудааст. 50 нафар сарнишин ва … маллоҳон ғарқ шудаанд.

***

ЭЪТИЛОФИ РУСУ ИНГЛИС ДАР БОРАИ АФҒОНИСТОН

Петербурғ – Итихбороти “Руски слуву” дар Петербурғ хабар гирифтаанд, ки мири афғон эътилофи соли 1907 –и русу инглисро қабул намудааст. Ба мӯҷиби ин эътилоф Русия дар таҳти қувваи Инглис будани Афғонистонро қабул намудааст.

Давлати Инглис мутааҳид шудааст, ки ӯ аз ин нуфузи худ фақат ба тариқи сулҳ истифода намудаву ба ҳеч ваҷҳ бар алайҳи Русия ҳаракоти ҷангҷӯёна давлати афғонро ҳам ба ин амр водор нахоҳад кард. Ин аҳднома фақат он вақт расмият пайдо мекард, ки давлати Инглис дар бораи розӣ будани Афғонистон ба давлати рус хабар диҳад.

***

(Дар мобақии саҳифа, ному насаби мудирон ва соҳиби имтиёзи рӯзнома, эъломи хатсайри ҳаракати қаторҳо ва рекломҳои пешин нашр гардидаанд.)

Баргардон аз порсӣ аз рӯи аксҳои рӯзнома ва тавзеҳ: Исфандиёри Назар

Нашри ин матолиб бо зикри номи таҳиягар муҷоз аст.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *