Илм ва маорифТоҷикистон

РӮЗНОМАИ “БУХОРОИ ШАРИФ” ШУМОРАИ 7 ( БО ХАТТИ СИРИЛЛИК)

БУХОРОИ ШАРИФ-№ 7

Нумраи 7. Душанбе 13 Рабеъулохири санаи 1330 Соли аввал

№ 7 Понедъельникъ 19-го Марта  1912 г. 1-годъ (Изданiя)

Баргадон аз порсӣ аз рӯи аксҳои рӯзнома ва тавзеҳ: Исфандиёри Назар

Қабл аз матлаби асли дар саҳифаи яки рӯзнома рекломи меҳмонхонаи “Турон” омадааст:

“Бухорои куҳна, саройи Ойим.

Гост. “Туранъ”

Ст. Бухара. Сарай Аимъ

Меҳмонхонаи аввалест, ки ба таври Урупо(ӣ) боз шудааст. Дар меҳмонхона мавҷуд аст матбахи аъло дар таҳти назорати ошпазҳои моҳири урупоӣ ва осиёӣ. Ҳар рӯз лавозимоти тоза харида мешавад.

Мавҷуд аст: чойӣ, қаҳва, наҳору шом суфра боз аст. Аз соати 7 субҳ то 12 шаб дар буфет ҳама ҷур машруботи хунук ҳозир аст. Нам(р)аҳои хубу покиза аз 75 тин то 3 сум.

Соҳиби меҳмонхона М.Ф. Курниюкуф

Сод. М.Ф. Корнюковъ “

***

ТАРТИБ ЛОЗИМ АСТ!

Мобаъди нумраи собиқа

Ҳоло мо намехоҳем муфассал Маромнома ва Низомномаи ҷамъияти нашри маорифро бинависем. Ба ҷиҳати ин, ки гуфтаанд “Сабтул арз сум анқаш” (Ин масал ба гунаи “Сабтул ъарш сум анқаш” низ маъруф аст – яъне, аввал кохро бисоз – масалан, – баъд аз пайи нақшу нигор барой. – И.Н.), яъне, аввал ҷое пайдо бикун, баъд аз он ҳар нақше, ки мехоҳӣ бикаш.

Аввали кор ҳиммат асту иқдом, охири кор васлат асту анҷом. Агар чунончи раисони мо ҳиммат фармуда бинои ҷамъиятӣ гузоштанд, он вақт мо ҳозирем, ки ҳарчи медонему метавонем хидмат намоем.

Дар фазилату ҳаққонияти иҷтимоъ ҳамин бас, ки дар Қуръони шариф Ақли кулл ва хотами русул (яъне Расули Акрам с. – ИН.) маъмур бо мушовира бо мардум шудааст.

Худи он Ҳазрат (салъам) мефармояд: “Ядуллоҳ ъалал ҷамоъат”, яъне: Дасти Худо ба рӯи ҷамоъат гузошта шудааст.

Ҳамин, ки ҷамъе барои кор кӯшишу саъй намуданд, албатта хатои онҳо камтар мешавад! Ҳар кас фаҳми худро мегӯяд, дар миёна гуфтугӯшуда як ҳарфро мепазирад ва ҳама ба иттифоқ дар иҷрои он мекӯшанд.

Дар ин сурат маълум аст, ки кор осонтару зудтар пеш меравад. Пас, аввало лозим аст, ки арбоби илму ирфон, онҳо, ки гӯши шунавову чашми бино доранд, нуқсону қусури моро мебинанду мефаҳманд, даст ба ҳам дода дар ислоҳу тараққии мо авомони бехабар талош намоянд, ки ҳам дар назди Офаринанда аз ӯҳдаи таклифи худ баромада рӯсафед бошанд, ҳам дар пеши чашми мо авомҳо азизу муҳтараму мисли падар меҳрубон гарданд.

Мо яқин медонем ва аз сафаҳоти рӯзгор мехонем, ки худи вақт ҳамаро бедор хоҳад кард. Беҳтар он, ки бузургони мо ҷилав афтода, чунончи то ҳол муқаллиди онҳо будаем, баъд аз ин ҳам дасти моро аз домани худшон кам нафармоянд!

Чунончи моро дар исломият тарбият фармудаву аҷр бурдаанд, баъд аз ин ҳам бо ҳифзи мусалмонии мо аз муқтазиёти вақтамон огоҳ намоянд. Моро тарғиб ба таҳсили улуму саноеъ фармуда, асбоби зиллату накбату фалокати моро зоил фармоянд.

Ай падарони муҳтарами мо!!! Бар ҳоли мо раҳм оред. Мо авлоди шумо ҳастем, авлод, чигунагии  падаронро менамоёнад, асрори падарро нишон медиҳад, тавре бифармоед, ки ниъамулхалафи шумо бошем. Ҳар кас моро бибинад бар шумо истироҳому истиғфор намояд!

Бо ҳусни занни худ гумон намекунам, ки касе аз оқоёни уламо арзҳои бандаро хилофи савоб дониста, ё ҳамл ба ғарази баде фармоянд! Банда мутаъаҳҳид шудаам, ки ҳарчи арз бикунам, мувофиқи нақзи (шояд “насси” – бошад ва иштибоҳи ҳуруфчинӣ пеш омада бошад – И.Н.) Қуръон ва мутобиқи зарурати Ислом бошад.. Агар чуннчи саҳве шуда, хоҳиш мекунам нишон бидҳанд, ки ба имтинон ислоҳаш намоем.

Баргардем ба асли мақсуд:  ба ҷиҳати Бухорои шариф лобуд аст аз ҷамъияте, ки дар садри интишори маъориф ва ислоҳи нуқсонот бошанд. Золо, ки ҷаноби олӣ домат шавката (манзур амири Бухорост – И.Н.) то як дараҷа марҳамат фармуда, ислоҳи мадорисро мехоҳанд, зиҳӣ ноинсофист, ки дар роҳи ин ҳиммати баланд худроӣ намуда муъовинат накунанд.

Маълум аст, ки ба маҳзи иродаи ҳумоюнӣ ҳеч амре пеш намеравад то коргузорон ва раисони қавм дар иҷрои амри муборак (фармони амир – И.Н.) кӯшиш нанамоянд. Пас лозим аст, ки мувофиқи иродаи ҷаноби олӣ, аз табақоти муҳтарамаи уламо, урафо, ришсафедони (пирмардон – И.Н.) соҳибнуфуз ҷамъияте ташкил дода, кумаки нашри маориф намоянд.

САҲИФАИ 2

Ҳамин, ки ташкили “Ҷамъияти нашри маориф” дар назари оқоёни бухороӣ мақбул уфтод, ба идораи рӯзнома иттилоъ бифармоянд, банда дар камоли самимият вазъи узв шудан, кайфияти ташкил, маромномаи ҷамъият, низомномаи онҳоро чунончи маъмулии маоли мутараққия аст, ба андозаи маълумоте, ки метавонам ҷамъ намоям, навишта ба арз хоҳам расонид.

Иҷолатан чизе, ки умдаву зарурист, он аст, ки бо нияти софу содиқу холис ва исломдӯстиву маҳфузатуллоҳ бояд дохили кор шуд. Ғараз, мараз, анонист, такаббур, ҳасад ва амсоли ин сифоти разиларо аз худ дур намуд.

Ҷалол.

***

ИХТОР

Баъзеҳо дар хусуси исми рӯзномаи мо ишколе намудаанд, мегӯянд: табдил ин исмро ба исме дигар бояд кард.

Арз мешавад: нияти мо зинда намудани номи Бухорои шариф аст, ки исми шарифи ӯ матрук нашуда, дар азманаи отия (замонҳои оянда – И.Н.) ҳам ба шарофати мазкур бошад. Ва агар на имрӯзу фардост, ки исмаш Бухорои куҳна хоҳад шуд.

***

ТИЛГИРОФОТИКА

Ҳаҷдаҳуми морт ба идораи мо расидааст

Ландан. – Дар ҳама ҷо шуруъ ба кор намудан мулоҳиза мешавад. Ҳатто дар ҷониби ҷанубии Уилсии Шотлондия.

***

Рим – Рӯзномаи “трибуно” шоеъае, ки дар хусуси адами кифояти зуғоли киштиҳо шуда буд, рад мекунад ва ҳам мегӯяд, ки захираи мо зиёда аз як соли муддатро кифоят хоҳад кард. Ҳатто метавонем, ки тамоми киштиҳоро омодаи ҷанг бидорем.

***

Йикотиринослов – Дар истгоҳи (истонса) Динмурино мусодимаи поездҳо воқеъ шудааст. Чор воғуни бордор ва паровуз шикаста шудааст. Панҷоҳ сожин (ченакҳисоби қадими русӣ. 1 сожин баробар аст ба 7 фути инглисӣ ва ё 213,36 сонтиметр. – И.Н.) роҳ ҳам хароб шудааст. Мошинисти муҳаррики паровуз ва як нафар кундуктур маҷруҳ шудаанд.

***

Соморо – 17 морт. Дар мактаби шаҳрӣ шогирди мактаб Қурқин (Горкин – И.Н.) нозири мактаб Фиюдуруфро бо корд аз паси гарданаш захмӣ намудаву баъд хостааст, ки худашро хафа (буғӣ – И.Н.) кунад, лекин ба муовинати тиббҷ халос шудааст.

***

Кошғар – (шаҳри Туркистони чинӣ) – Ҳокими маҳоли Синзиёнск ба ҳуккоми маҳол хабар додааст, ки аз ҷумҳурталабон бояд ҷилавгирӣ кунанд, роҳи куҳро дуруст мекунад ва ба “доутой”-ҳо (хонҳо) навиштааст, ҳар яке 150 000 лон (шояд манзураш юан  бошад – И.Н.) пул бифристанд.

***

Сизрон (Сизран – шаҳр дар вилояти Самараи кунунӣ – И.Н.) – Дар вақти корҳои умумӣ дар деҳи Розлиёх як зарфи як путу нимӣ бо пулҳои миси асри ҳаҷдаҳум ва як даста коғазҳои пӯчшуда пайдо кардаанд.

***

Пекин – Кобинаи ҷадиди ҷумҳурӣ таъйин шудааст.

***

Исломбул – Дар интихоб интихобкунандагон аксарият бо фирқаи Иттиҳод ва тараққӣ аст.

Алайҳи фирқаи Иттиҳод ва тарақӣ дар Измир ва Таробзун бешак аст. Ҳамаи интихобкунандагон аз иттиҳоди тараққӣ ҳастанд. То ҳол дар кам ҷоҳо шуруъ ба интихоб шудааст.

***

АХБОРИ МАҲАЛЛӢ ВА ТУРКИСТОН

САЁҲАТИ МУДИРИ ҚУРУЗИ ХУРД

Мудири қуруз В.В. Толифкин ба Петербурғ, ба иҷтимоъи умумии қурузи хурддиҳандагон даъват шудааст. Албатта ин кор аҳаммияти зиёд дорад. Чунки ин кор тоза дар Туркистон шуруъ ба интишор намудаву хеле ҳам тараққӣ мекунад.

Махсусан ба вазъи Туркистон дар дуруст намудани маромнома бояд аҳаммияти зиёд дод.

Барои ин амр бояд баъзе фусули маромномаро иваз намуд.

Бешак Толифкин аз ӯҳдаи ин кор хеле хуб хоҳад баромад. Ҷиддияти эшон дар мудирияти қурузи хурди маҳоли Сайҳун ба ин амр шаҳодат медиҳад.

***

АЗ ИДОРА: Хуб мешуд як шуъбаи ин бонк, яъне бонке, ки хурдақарзҳо ба аҳолӣ медиҳад, дар Бухорои мо боз мешуд. То б ин восита аҳолии тангмоя ба додани прусенти газоф ба сарватдорон мубтало намешуданд.

***

ЧАНД КАЛИМА АЗ ТИҶОРАТИ БУХОРО

Ду-се сол қабл аз ин дар инҷо ба ғайр аз Бонки давлатӣ ва бонки Хитойски дигаре набуд ва пулро ба мисли об намепошиданд. Ба ҷиҳати он ҳар тоҷир аз андозаи худ берун намерафт.

Ман намегӯям, ки бонк халал медиҳад ба тиҷорат. Хайр! Кумаки бонк бисёр аст, аммо аксари туҷҷори мусалмони, алалхусус тоҷирони Бухоро намефаҳманд, ки мақсуди бонк чист. Эшон ҳамин тур хаёл мекунанд, ки пуле, ки аз бонк ба даст овардаанд, моли худашон мешавад. Вақти рад кардани (боз гардонидани – И.Н.) он пул (سیروقرا) ва танзили маблағро (0/00/0), ки бонк пешакӣ мегирад, фаромӯш мекунанд. Масалест туркӣ, мегӯянд: Чобук дошӣ чулик қушӣ”, яъне: Саги рудхона, мурғи биёбон. Ва аз баракати он рӯз ба рӯз таназзул мекунанду поин меуфтанд ва дар охир асли мояи худашон ҳам талаф мешавад ва баъд аз баршикаст шуданд аз хоби ғафлат бедор мешаванд.

Гурбае дар дукони оҳангаре суҳоне ёфт ва чунон хаёл кард, ки ин чизи хӯрданист. Шуруъ кард ба лесидан суҳонро. Вақте хуни забонаш пайдо шуд, гурба он хунро нӯшиду хиёл кард, ки ин хуни лазиз аз суҳон аст.

Гурба хеле гурусна буду зуд-зуд хурд ва ба дарди забонаш мултафит нашуд.

Оқибат фаҳмид, ки хуни суҳон(ро) нахӯрда, балки забони худаш(ро) тамоман хӯрда.

Ҳамчунон тоҷирони мо аз баракати суҳони бонк забони худашонро мехӯранду аз ширинии пул дарди забонро фаромӯш карда, оқибат пушаймон мешаванд.

Бар аҳволи он кас бибояд гирист,

Мадохил шавад нуздаҳу харҷ бист.

Мутарҷими (قاموحبنای)  Бухоро М.Ҳ. Ҳоҷиюф

***

ТУРКИЯ

Петурбурғ – Баъд аз изтироботи ахир ҳолати давоири сиёсӣ қадре сокит шудааст. Ҷиҳаташ нуфузи дували бетараф ба Итолиё будааст. Ба мӯҷиби хабаре, ки ба Петербурғ расидааст, дували Урупо ҳукумати Итолиёро розӣ кардаанд бар ин, ки то итмоми масъалаи сулҳ шуруъ ба бумбордмони (бумборон – И.Н.) буғози Исломбул накунад.

Ҳоло ҳамаи қуввои худро намояндагони дувал дар Исломбул ҷамъ намудаанд, ки ӯро розӣ ба сулҳ намоянд. Дар ҳар ҳол ин рӯзҳо натиҷаи музокирот маълум хоҳад шуд.

(Р.С.)

***

Аз тарафи ҳукумати Итолиё ба дували Овстрё ва Ниқриё, Фаронса, Инглис ва Русия дар бораи қарори қатъиии шуруъ ба ҳаракоти ҷангҷӯёнаи худ дар обҳои Туркия хабар дода шудааст.

(Идомаи ин хабарҳо дар саҳифаи 3 омада. – И.Н.)

***

ФЕЛЕЙТУН

ДАР ХУСУСИИ ЗАБОН

Дар нумраи сеюм муҷмале дар хусуси забон навишта будем. Дар хусуси ҳамин мақолаи мо имрӯзҳо ду-се мактуб аз тарафи бародарони бухороӣ гирифтаем. Ҳарду мактубро айнан, бидуни ислоҳу тағйир дарҷ намуда, боби баҳсе дар хусуси забон мехоҳем боз намоем.

Банда (чунончи дар нумраи аввалӣ ҳам ишора карда будам) хуш дорам, ки арбоби илму иттилоъ, дар ҳар мақула бошад, тарафи баҳс шуда, қусуроти бандаро нишон бидҳанд. Агар воқеан саҳве доштаам, ба ташаккуру имтиноъ ислоҳ намуда, узр хоҳам. Агар тарафи мубоҳиса мултафит нашуда, бо камоли хушӣ дар доираи адаб ҷиҳоти масъаларо ба арзашон мерасонам. Бузургони олам таҳрир фармудаанд: “Аз мусодимаи афкор, бориқаи ҳақиқат зоҳир мешавад.”

Албатта мусодимаву таъотии (تعاطی) афкор лозим аст, вале ба шарти собит мондан дар маркази адабу ҳусни мунозира.

Чунончи ҳеч вақт иддиъои исмат аз барои худ накардаву надорам, касони дигарро ҳам маъсум намедонам. Мо бояд ба забони хуши бародарӣ хатоҳои ҳамдигарро ислоҳ намоем, то ҳамаи агар бехатоии сирф ҳам нашавем камлағзиш бошем.

Ҳоло аввал сурати мактубҳоро дарҷ менамоем:

МАКТУБИ АВВАЛ:

Хидмати зишарофати ҷаноби мудири рӯшанзамири рӯзномаи шарифаи “Бухорои шариф” домат таъидотаҳум ба арз мерасонад дар нумраи 3-и рӯзномаи шарифа, дар таҳти унвони “Муҷмале дар хусуси забон” шарҳе дар ҷавоби эроди баъзе аз қориини (хонандагони – И.Н.) киромро марқум доштаанд.

Зиёрат кардед, алҳақ асли матлабро баён фармудаед.

Вокеан дар ҳар миллате ислоҳи забонашро кардан зиммаи фариза аст ва умуми миллали соира феълан дар ислоҳи забони худ кӯшидаанд, вале ҳанӯз баъзе аз хонандагон мултафити ин маънӣ нагардидаву гумон доранд, ки забони аслии мо мардуми Бухоро ҳамин забони ҳолия такаллуммекардагии мо бошад. Ғофил аз ин ҳастанд, ки чи қадр мо мардум забону адабиёти ФОРСИИ ХУДРО гум карда, ҳазорҳо луғати аҷнабиро дохили забони худмон кардаем.

Ҳар гоҳ як назар ба таълифоту мусаннифоти гузаштагони худи мо намуда, мулоҳиза намоем, он вақт хоҳем донист, ки мо миллат ба куллӣ забони асливу таҳрироти қаламии худро фаромӯш карда, аз қувваи таҳриру таълифот уфтодаем ва аз як ҷиҳат мардум ҳақ ҳам доранд, ки бигӯянд: мо чи забони тоҷики худи мо ба дигар навъ аз форсӣ ошно нестем, зеро, ки такмили забону савод бояд дар мактаб бишавад ва муаллимҳои мо бояд дорои савод бошанд, то ба мо биёмӯзанд, ки аз хурдӣ ба таҳсили саводу ислоҳи забони худ бикӯшем.

Ҳоло бадбахтона баъд аз даҳ сол ба понздаҳи таҳсил ва машаққат дар мактаб, ки сивои Ҷумъа ҳама рӯза аз сари Офтоб илло ғуруб машғули хондану навиштану фарёд кардану ҳар дам чӯб хӯрдан ҳастем,, баъд аз маъзун шудан аз мактаб ФАҚАТ ЯК САВОДИ ФОРСИРО, КИ ЗАБОНИ ХУДИ МОСТ, доро намегардем, чи расад ба дигар улум ва ғайра.

Ин як маоибу навоқисро ҷаноби олии ҳазрати амир мултафит гардида, порсол амр ба ислоҳи макотибу мадорис фармуда, як нафар нозир ба сарпарастии мактабҳо муқаррар карданд, ки ҳама рӯза ба навбат тамоми мактабҳоро гардиш карда, аҳ аҳволи муаллимину таҳсили атфол бохабарӣ намуда, ба ҳар як аз муаллимин ҳармоҳа сивои ҳафтапулии атфол, ки (ҳалвои панҷшанбегӣ меноманд), дусад танга моҳ ба моҳ аз байтулмол бидҳанд.

Иншоаллоҳ баъдҳо аз лутфу марҳамати ҷаноби олӣ ва аз таваҷҷуҳи уламо мактабҳои мо ҳам ислоҳ гардида, соири улуми муфида амсоли илми тиҷорат, фалоҳат ва саноат ҳам таҳсил хоҳем намуд. Хусусан илми лисон, ки мо ҳама муҳтоҷем, ва муомилаи мо бо ҳамсоягон аст бояд ба даст даровард.

Таҳсили лисони хориҷа ба тамоми аҳли муомила лозим аст фақат ақлул аттибо.

Боқӣ дорад.

М.С.

***

САҲИФАИ 3

(Идомаи хабарҳо аз саҳифаи 2. – И.Н.)

Ба ин хабар Фаронса ҷавоб додааст, ки (нигаред ба ахбори зери унвони “Туркия” дар саҳ. 2) ӯ мехоҳад канори Шомот бомбордмон (гулулаборон – шарҳи рӯзнома аст. И.Н.) нашавад.

Овстрё ҳам ба бомбордмон шудани савоҳили Солоник розӣ нашудааст.

Инглис умуман ба ҳаракоти ҷангҷӯёнаи Итолиё дар дарёҳои  Туркия розӣ нашудааст.

***

Крид

Аз Койниё (шаҳри Юнон аст) хабар медиҳанд, ки дували ҳомияи Крид (کرید) ба кридиҳо изҳор кардаанд, ки агар кридиҳо мехоҳанд ба омоли миллатпарастонаи худ бирасанд, бояд ба таклифи дували ҳомия розӣ шудаву аз фиристодани мабъусини худ ба маҷлиси Юнон имтиноъ кунанд. Дар акси ҳол дували ҳомия маҷбур ба ишғоли ҷазира хоҳанд шуд.

***

Исломбул – Сафири Инглис вазири хориҷаи Туркияро хотирҷамъ кардааст, ки Инглис ба ҳеч ваҷҳ кридиҳоро ба фиристодани мабъусини худ ба Юнон роҳ нахоҳад дод.

***

Исломбул – Хабар расидааст, ки киштии ҷангии Фаронса “Одмирол Шория” ҳукм шудааст, ки аз Бейрут ба Крид биравад.

***

Исломбул – Баҳрияи Итолиёро дар наздикии ҷазори Лимсун ва Рудус дидаанд.

***

ЭРОН

Матбуъоти Инглис аз ҷавоби ҳукумати Эрон ба нутаи Инглису Рус хушнуд ҳастанд.

Рӯзномаи расмии “Д.Ш.” ду таклиф ба ақидаи худ барои тараққии Эрон пешниҳод мекунад: яке истеъфои мусташори молия Муртори белжикӣ, ки гӯё хеле тарафдори рус аст. Дигаре озод кардан Теҳронро аз таҳти нуфузи Русия.

***

СОЛОРУДДАВЛА

Аҳолии Ҳамадон бо тилғироф аз ҳукумат барои ҷилавгирӣ аз Солоруддавла (бародари Муҳммадалишоҳ, писари дуввуми Музаффаридиншоҳ – шоҳони қоҷории Эрон. – И.Н.), ки ба зудӣ ба тарафи Теҳрон ҳаракат хоҳад кард, муъовинат мехоҳанд.

Дар сари роҳи ҳаракати ӯ ба Теҳрон, тарафдорони ӯ дар Ҳамадон ва Қум барои ӯ одам ҷамъ мекунанд.

***

МАКТУБ

Аз Бухорои шариф

Мобаъд (Яъне: Давомаш. Давом аз шумораи 6. – И.Н.)

Уқало мегӯянд тамаддун сифати лозимаи инсонӣ аст ва таваҳҳуш лозимаи нафси ҳайвонӣ. Тадйин ҳам аз тобеъи тамаддун аст. Дар аввали ҳамин мақола арз карда шуд, ки дар миёни инсону ҳайвон ду роҳ… (идомаи ҷумла дар акси рӯзнома наомадааст. И.Н.)

… Аз барои исботи ин муддаъо як далели рӯшане арз карда мешавад, ки  дар миёни ҳайвонот мазлумтар аз гусфанд ҳайвоне дида намешавад. Вале ҳар гоҳ ӯро худсарона ба ҳоли худаш вогузорем, яъне раҳо бикунем, ҳар ҷо мартаъу ҷои хушобу алаф дид, машғули чаро мешавад ва дар ҳар бустоне дохил шуд помоли нафси худ мекунад ва ҳеч намепурсад, ки моли ғайр асту соҳибу молике дорад ё на. Чиро, ки ҳайвон аст ва ба ҳамон роҳе, ки дорад меравад ва ҳамчунин инсон ҳам агар худсарона, беибову мулоҳиза дасти тасарруф ба моли ғайр дароз кард, он ҳам ҳоли гусфанди мазкурро дорад ва ба хатти ҳайвонӣ май мекунад.

Пас, ростиву дурустӣ ҳам яке аз сифоти лозимаи одамият аст. Чун инсон, ки дар асли хилқат маданитабъ офарида шудааст, бояд даноат ихтиёр накунад ва шаъни худро аз даст надиҳад. Яъне ба ҳавои нафс роҳ наравад, то дастгоҳи дунёву охират буда, масъули дорайн набошад.

М.С. Мирзохурдоф

АЗ ИДОРА: Дониста бошед! Ҳуррияти мутлақа ё ба иборати ахирӣ ҳуррияти табиъия, муносиби вазъи маъишати инсонӣ набуда. Аҳадеро дар ин хусус ҳарфе нест. Илло ин, ки инсонро муҳтоҷ ба қайди тамаддуну адолат дида, набояд билмарра маслубулихтиёр намуд. Чунончи маданият, табиъати инсон аст. Ҳуррият (озодӣ) дар доираи адлу мусовот ҳам асбоби тараққиву саодати ӯст. Чунончи ба таври итлоқ набояд тобеъи ҳавои нафси худ бошад, асири ҳавои нафси амсоли худ ҳам набояд бошад. Балки дар ҳар ҳол дар доираи мизону қонуни адл бояд ҳаракат намояд.

***

ИСЛОМ ГӮЯД

Фусӯс, рафта кунун ихтиёр аз дастам,

Ба доми зиллату занҷири фақр побастам.

Аз он замон, ки ба аҳли нифоқ пайвастам,

Ба ҳоли зор, лагадкӯби ҷоҳилон ҳастам.

Ба Шарқу Ғарб, зи бегонагӣ дар ишкастам,

Зи ҳодисоти Ҷанубу Шимол дил хастам.

Куҷост ёвару ансори чобуку чустам?

Ки ман асири фурӯмоягони бас пастам.

Бихонд ин сухани нағз пири сармастам:

Дареғу дард, ки то ин замон надонистам,

Ки кимёи саъодат рафиқ буда, рафиқ!

Ҷ.

***

АХБОРИ ДУМО

Баъд шуруъ ба музокираи макотиб мешавад.

Кумисюн таклиф мекунад, ки дар соли аввал атфоли ҳар миллат тамоман дар забони миллии худ таҳсил намуда, ва баъд забони русӣ ҳам таҳсил кунанд.

Думо боз мешавад дар таҳти садорати Волкунски(й)

Масъалаи тақсими арозӣ музокира мешавад.

Рудичиф дар нутқи муфассали худ иудомоти мустабидонаи ҳукуматро, ки сарпо ба зидди ҳурриятталабон менамояд, танқид намуд.

Бе мубоҳиса қабул мешавад қонуни иҷора додани арозии нафт бе ҳароҷ. Ғайр аз ин бемубоҳиса қабул мешавад 43 лоиҳаи қонунӣ, аз он ҷумла қонуни тахсиси 240 000 сум барои р…кзи ёдгории сесадсолаи салтанати хонаводаи Румонуф.

***

АХБОРОТИ ХОРИҶА

Марокаш

Аз Тончар (шаҳр аст дар Марокаш) хабар медиҳанд, ки султон Мавло Ҳофиз аз имзо намудани қарорномаи табъияти Марокаш ба Фаронса имтиноъ намудааст.

Ҳукумати Фаронса аз ин ҳаракати ғайримунтазираи султон норозӣ будаву мехоҳад Мавло Азизро ба султонии Марокаш таъйин кунад

***

Мавло Ҳофиз мехоҳад, ки аз салтанат имтиноъ кунад. Чунки бо қабул намудани табаъияти Фаронса, Мавло Ҳофиз дар назари руҳониюн ва тавоиф берутба хоҳад шуд.

Чунки ҳоло руҳониюн ва тавоиф фаҳмидаанд, ки  мақсади Фаронса аз муъовинат ба Мавло Ҳофиз тасарруф намудани Марокаш будааст.

Мумкин аст, ки намояндаи Фаронса дар Марокаш касеро наёбад, ки бо ӯ масъалаи тасарруф намудани Марокашро музокира кунад.

***

Ёпун

ТАҲДИД БО ҚУВВОИ МУСАЛЛАҲА

Дар бораи иғтишош дар Шинси (аз вилоёти Чин аст) сафири Ёпун ба ҳукумати Чин изҳор кардааст, ки агар иғтишошот, ки сабаби зарари ёпуниҳо гаштаву мегарданд, ба зудӣ ором нашавад, давлати Ёпун ба Чин қуввои мусаллаҳа хоҳад фиристод.

(Дар поёни ин хабар насаби мудирони рӯзнома ва соҳиби имтиёз ва дар зери он зери унвони “Эълонот” рекломҳои корхонаи муҳрсозии Коплун, анборхонаи Л. Қ. Шолмон (Л.Г.Шальмана) бо матни: «Л.Қ. Шолмон

Регистон, ростаи ҳалвогарӣ. Фурӯши портии орд, қанд, кибрит, бонка ва биринҷ.

Складъ  Л.Г.Шальмана”

Ва дар зери он рекломи “Нахи абрешими Хоқонӣ “В.Н.С”” омадааст.

***

САҲИФАИ 4

Ҳамон рекломоти собиқро дорад.

 

Баргадон аз порсӣ аз рӯи аксҳои рӯзнома ва тавзеҳ: Исфандиёри Назар

Нашри ин матолиб бо зикри номи таҳиягар муҷоз аст.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *