Варзиш

Султоновро беҳтарин бозингари КФ Нижний Новгород эътироф намуданд

ДУШАНБЕ, 07.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Нимҳимоятгари дастаи футболи «Нижний Новгород» -и Россия Муҳаммад Султонов (ДАР АКС), дар асоси ҷамъбасти натиҷаҳои пурсиши мухлисон беҳтарин футболбози моҳи март эътироф шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти даста.

Зодаи Тоҷикистон беш аз 41,83% овозҳоро касб намуд, ки ин беш аз шашсад нафар аст.

Ҳамин тавр, Муҳаммад Султонов бозингари беҳтарини моҳи март номида шуд.

Ҷои дуввум насиби Бек Кавтарадзе, ки ба қарибӣ ба дастаи «Нижний» ҷалб шудааст, гардид ва 20,22% мухлисон ба ӯ овоз додаанд.

Ҳамлагари Гвинеягӣ Момо Янсане бо 18,21% овоз дар ҷои сеюм аст.

Сомонаи дастаи «Новгород» муваффақияти Султоновро зикр  кардааст. Масалан, моҳи марти соли равон варзишгар ба дарвозаҳои «Факел» -и Воронеж, «Шинник» -и  Ярославл ва ҳатто ду маротиба ба дарвозаи дастаи «Торпедо» -и Москва гол задааст.

Ҳар яки ин голҳо хеле ҷолиб буданд, ки ба шарофати ин Муҳаммад бо шаш голи задааш дар рӯйхати беҳтарин нишонзанҳои ДФ “Нижний Новгород” ҷои сеюмро ишғол мекунад.

Илова бар ин, аввали моҳи апрел дар бозӣ бо “Балтика” легионери тоҷик ба ҳамдастааш Никита Каккоев як партофти муҳим анҷом дод, ки пас аз он голи ғалабаовар зада шуд.

Ёдовар мешавем, ки ин варзишгари тоҷик аз охири соли 2020 дар ДФ “Нижний Новгород” таҳти рақами 14 бозӣ мекунад.

Султоновро дар даста қадрдонӣ мекунанд ва аз ӯ ҳамчун «футболбози бомаҳорат ва нишонзани хуб» ном мебаранд. Қарордоди ӯ бо дастаи Россия барои ду сол имзо шудааст.

Муҳаммад Султонов 28 сол дорад. Варзишгар дар шаҳраки Ёвони вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Вай ба футболбозӣ дар Мактаби варзишии кӯдакон ва наврасони рақами 1-и шаҳри Каменкаи вилояти Пенза шурӯъ намуда, соли 2007 дар мактаби футболи ССКА маҳорати худро такмил додааст.

Султонов дар дастаҳои «Локомотив-2», «Спартак-Налчик», «Тосно», «Шинник» бозӣ кардааст. Солҳои охир футболбоз дар ҳайати дастаи «Ротор» бозӣ мекард.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *