Осиёи МарказӣСиёсат

Тарҳи ташкили давлати муваққати сесола дар Афғонистон

Бурунмарзӣ, Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ба манзури бозгардондани сулҳ ба ин кишвар, тавсия кард, ки як давлати муваққат барои давраи 3 сола эҷод шавад

ДУШАНБЕ, 12 апрел – Sputnik. Ба нақл аз Sputnik Афғонистон, давлати муваққат шомили раисҷумҳур ва нахуствазир мешавад ва ҳар як аз онҳо дорои чаҳор муовин хоҳанд буд, ки яке аз онҳо зан аст.

Илова бар ин, дар ин санад бар зарурати дар назар гирифтани “таркиби қавмӣ” ҳангоми анҷоми интисобот ва дигари тасмимҳо таъкид шудааст.

Барномаи пешниҳодии Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ҳамчунин идеяи раисҷумҳурии ин кишвар Ашраф Ғанӣ мабнӣ бар баргузории интихоботи зудҳангомро ҳам шомил мешавад.

Афғонистон дучори даргирии дохилии хушунатомези байни давлати қонунӣ ва гурӯҳи Толибон (мамнӯъ дар қаламрави РусияРУсия) аст, ки бахши умдае аз манотиқи рустоии ин кишварро таҳти назорат дорад ва ба шаҳрҳои бузург ҳамла мекунад.

Агарчи раванди музокироти сулҳи байни давлати Афғонистон ва Толибон дар сентябри 2020 оғоз шуд, аммо бо коршиканӣ ва мудохилагириҳои Амрико ин музокирот ҳанӯз натиҷае надошта ва ин кишвар дар моҳҳои ахир шоҳиди ташдиди хушунатҳо низ будааст.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *