Илм ва фарҳангТоҷикистон

Телевизиони “Илм ва табиат” имрӯз дар Тоҷикистон фаъол мешавад

Имрӯз дар Тоҷикистон фаъолияти телевизиони навИлм ва табиатоғоз мегардад

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Як манбаъ аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, имрӯз дар кишвар “Рӯзи илм” таҷлил мешавад ва ҳамзамон фаъолияти телевизион “Илм ва табиат” низ роҳандозӣ хоҳад шуд.

Номбурда гуфт, олимони тоҷик қабри олимони маъруфро зиёрат карда, хотираи Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммадҷон Осимӣ, Султон Умаров, Лоик Шералӣ, Мӯъмин Каноат, Бозор Собир ва дигаронро пос доштанд.

Ҳамзамон Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зимни ҳамоише аз дастовардҳои илми тоҷик гуфтааст.

Ёдовар мешавем, масъалаи ташкили шабакаи “Илм ва табиат”- ро Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2020 дар мулоқот бо олимони кишвар ба миён гузошта буд.

Ӯ таъкид карда буд, ки дар шабакаи мазкур таълими фанҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологиро ба роҳ монда, бо ин мақсад омӯзгорони ботаҷриба ва донишмандони соҳаро ҷалб намоянд. Супориш дода шуд, ки дар барномаҳои ҳаррӯзаи ин шабака дастовардҳои илми ватанию ҷаҳонӣ ва ихтирооти инноватсионӣ бояд пайваста муаррифӣ гарданд.

Моҳи сентябри худи ҳамон сол Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат дар кишвар шабакаи ҷадиди телевизиониро таъсис дод.

Бар асоси қарори Ҳукумат, барои шабакаи тозатаъсис “Илм ва табиат” 87 воҳиди корӣ ҷудо карда шуд.

Маблағгузории шабакаи ҷадид аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ амалӣ мешавад. Дар оинномаи тасдиқшудаи “Илм ва Табиат” омадааст, ки шабакаи мазкур бо забонҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ 24 соат дар як шабонарӯз барнома пахш хоҳад кард.

Моҳи марти соли ҷорӣ бошад президент бо қарор Зимнан, Исмоилзода Зинатуллоҳро аз вазифаи мудири муассисаи давлатии “Академияи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон” озод ва роҳбари муассисаи давлатии телевизиони “Илм ва табиат” таъйин кард.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *