ВарзишТоҷикистон

ФУТБОЛ. «Истиқлол» бозӣ дар Лигаи чемпионҳоро бо гирифтани имтиёз оғоз намуд

ДУШАНБЕ, 16.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 15 апрел  чемпиони бисёркаратаи Тоҷикистон- дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  дар нахустин ҳунарнамоиаш дар Лигаи чемпионҳои Осиё-2021 бар зидди яке аз пурқувватарин дастаҳои Осиё — «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» рақобаташро бо натиҷаи мусовии 0:0 хотима дод. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи байналмилалии шоҳ Фаҳди шаҳри Риёз  хеле ҷолиб доир шуда, бо натиҷаи 0:0 хотима ёфт. Дар чунин мусобиқа ва бо чунин дастаи қавӣ мусовӣ намудан кори осон нест. Дар ин дидор  дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  тамоми кӯшишу талошашро ба харҷ дода, то аз беҳтарин дастаи АМА имтиёз ситонад.

Хотиррасон мекунем, ки бозии дигари гурӯҳи «А» байни дастаҳои  футболи «Ал-Ҳилол» -Арабистони Саудӣ ва АГМК-и Ӯзбекистон бо ҳисоби 2:2 анҷом  ёфт. Акнун дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  18  апрел дар доираи даври дуюми марҳилаи гурӯҳии ЛЧ бо дастаи футболи  АГМК-и Ӯзбекистон вомехӯрад.

Лигаи чемпионҳои КФО-2021                                                                                     

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) – 0:0

«Истиқлол»: Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров, Муҳаммаҳон Раҳимов (Ваҳдат Ҳанонов, 84), Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов, Алишер Ҷалилов, Ҳусейн Доган, Манучеҳр Ҳалилов (Рустам Соиров, 64).

«Ал-Ҳилол» (А. Саудӣ) – АГМК (Ӯзбекистон) – 2:2

Лигаи чемпионҳои АFC-2021

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «А»

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)

«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон)

АГМК (Ӯзбекистон).

Даври 1-ум

15-уми апрел (панҷшанбе)

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – АГМК (Ӯзбекистон)-2:2

«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)-0:0

Даври 2-юм

18-уми апрел (якшанбе)

АГМК (Ӯзбекистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон)

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

Даври 3-юм

21-уми апрел (чоршанбе)

АГМК (Ӯзбекистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон)

Даври 4-ум

24-уми апрел (шанбе)

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот) – АГМК (Ӯзбекистон)

«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

Даври 5-ум

27-уми апрел (сешанбе)

АГМК (Ӯзбекистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот) – «ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон)

Даври 6-ум

30-юми апрел (ҷумъа)

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)

«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – АГМК (Ӯзбекистон)

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *