Осиёи Марказӣ

Хонаи аз Гулнора Каримова мусодирашударо ба фурӯш гузоштанд

Хонаи аз духтари президенти якуми Узбекистон Гулнора Каримова мусодира гардида “Сидҷак” ҳамчун ҷуброни зарари як қатор ҷиноятҳои ба давлат расонидашуда ба фурӯш гузошта шуд. Рӯзноманигорон ба тамошои бинои боҳашамати истироҳатӣ даъват карда шуданд.

Дар ин  бора kun.uz хабар медиҳад.

Хонаи истироҳатӣ дар ноҳияи Бустонлики вилояти Тошканд, дар баландии 959 метр аз сатҳи баҳр, дар соҳили рости  дарёи Пскем ҷойгир аст.

Масоҳати умумии қитъаи замин 5,4 гектар ва масоҳати умумии биноҳо ва иншоот 5016,1 метри мураббаъро ташкил медиҳанд.

Маҷмаа дорои меҳмонхонаҳо, котеҷҳо, ҳавзҳои даруниву берунӣ, майдонҳои теннис, толори варзишӣ ва дигар иншоот мебошад.

Хонаи истироҳати “Сидҷак” бо ҳукми Додгоҳ  моҳи феврали соли 2017 аз Гулнора Каримова мусодира шуд. Баъдан, ин марказ барои истифодаи муваққатӣ ба Федератсияи Триатлон дода шуд.

Дар асоси фармони Президент аз 11 феврали соли 2021 “Дар бораи чораҳои тақвияти минбаъдаи хусусигардонии амволи давлатӣ” ин хона ба фурӯш гузошта шуд.

Агентии идораи дороиҳои давлатӣ барои иштирок дар музояда то 30 апрели соли 2021 дархостҳоро қабул мекунад.

Гулнора Каримова, духтари 47-солаи президенти пешини Узбакистон Ислом Каримов, рӯзи 18 март аз ҷониби Додгоҳи Тошканд барои ташкили гурӯҳи ҷиноӣ, тамаъҷӯӣ ва қонунигардонии даромади ҷиноӣ ба 13 солу 4 моҳ ба колонияи низоми сахт маҳкум шуд.

Моҳи феврал Каримова аз сарвари феълии кишвар Шавкат Мирзиёев хоҳиш кард, ки дар ивази ҳамаи дороиҳо ва молу мулк ӯро озод кунанд.  Аммо мақомот ин дархости Каримоваро шарҳ надод.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *