СиёсатТоҷикистон

“Як эътироф”- и рӯзноманигор Амруллоҳи Низом

Рӯзноманигори мухолифи тоҷик Амруллоҳи Низом, ки дар яке аз кишварҳои Аврупо паноҳанда аст, дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии  Фейсбук дар бораи фаъолияти  Ҳаракати сиёсии тоҷик  “Гурӯҳи 24” дар таи чанд моҳи ахир ибрози назар намудааст. Ӯ навиштааст:

“Дар байни гурӯҳҳои мухолифин аъзо ва ҷонибдорони “Гурӯҳи 24” ҷавон, пӯё, пурнишот, мунсаҷим ва бо низомтарини гурӯҳҳост, ки дар ин чанд рӯз тавонист як мавҷи ҷадиде аз бедории мардумро ба армуғон биорад.

Соатҳо бо мардум будан ва дарди мардумро гӯш кардани онҳо собит кард, ки дар ин марҳила эшон чанд сару гардан аз гурӯҳҳои зери чатри Паймони Миллии Тоҷикистон ва мухолифини мухолифон минҷумла “Ватандор” болотар буда, зиёдтар амал мекунанд.

Ҳамзамон, ин мавҷи ҷадид собит кард, ки гурӯҳҳои зери чатри Паймони Миллии Тоҷикистон ва дигарон ҳама ҳомили даъвоҳои бузургтар аз худашон ҳастанд. Эшон на назми муайян доранд ва не тартиби муайяни корӣ ва аз ҳама муҳимтар ангезаи кор ва ҳавсалаи амал карданро доранд. Барномаҳои парешон, ҳар касе худаш ҳар чӣ хоҳад аз ҳар куҷое  ва дар ҳар куҷое парешон амал мекунанд.

Хулоса, инҳоро метавон акнун ВЕТЕРАН номид ва ба ҷавонҳо умед баст.

Чӣ хушо замоне расад, ки ин ҳама ҷавонони бедор зери як чатр ҷамъ шуда, якҷоя амал кунанд ва Худо кунад, ки моро ҳам шарафи ҳамроҳӣ дар ин роҳ бо эшонро насиб кунад”!

 

Коршиносон бар он назаранд, ки фаъъолияти Ҳаракати сиёсии  “Гурӯҳи 24” таи  чанд соли ахир  густурдаву муассиртар  ба назар мерасад ва ин ҳаракати  сиёсӣ дар доираи татбиқи як  барномарезии ҷиддии  сиёсӣ ва марҳила ба марҳила аз тариқи  пахши барномаҳои  мустақими  “Садои мардум” , “Ҳақ ва ботил” ва суҳбатҳои инфиродии роҳбар ва фаъъолонаш миёни мардум маҳбубият пайдо намуда, сафи тарафдоронаш рӯз то рӯз меафзояд ва дар  бедории сиёсии мардум саҳми назаррас мегузорад. Рӯзноманигор Саидмуҳиддини Дӯстмуҳаммадиён ҳам чанде пеш дар саҳифааш дар Фейсбук барномаи “ Ҳақ ва ботил”-ро аз сертамошобинтарин барномаҳои ютубии мухолифини тоҷик арзёбӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” соли 2012 дар Маскав аз ҷониби соҳибкор ва мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон  Умаралӣ Кувватов таъсис дода шуд. Моҳи марти соли 2015 Умаралӣ Қувватов дар Истамбул кушта шуд, вале ҳамсафонаш роҳи ӯро давом доданд ва ин ҳаракат то ба имрӯз роҳи пурмашаққат ва душвореро тай намудааст. Ҳоло раҳбарии онро Суҳроб Зафар бар ӯҳда дорад.

Ҳаракати сиёсии  “Гурӯҳи 24”  ҳарчанд аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ дониста шуда, фаъолияташ  дар қаламрави Тоҷикистон моҳи октябри соли 2014 манъ карда шудааст, вале аъзову тарафдорон ва алоқамандонаш сол то сол рӯ ба афзоиш аст.

https://www.facebook.com/amrullohi.nizom

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *