ВарзишТоҷикистон

Ёздаҳ варзишгари маъруфи тоҷик дар Чемпионати Осиё-Уқёнусия- 2021 иштирок мекунанд

ДУШАНБЕ, 31.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 6  то 9  апрел дар шаҳри Бишкеки кишвари Қирғизистон «Чемпионати Осиё-Уқёнусия-2021» доир мегардад,  ки дар он 11 варзишгари шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  (8 мард ва 3 зан) ширкат меварзанд. Дар ин  бора шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар қатори варзишгарон довари дараҷаи байналмилалӣ – Рамзӣ Шамиров низ  Тоҷикистонро дар чемпионати Осиё муаррифӣ мекунад.

Ҳайати  дастаи мунтахаби Тоҷикистон  дар Чемпионати Осиё-Уқёнусия 2021:

 Вазн:  Иштирокчӣ:
 -48кг  Шукрона Карчиева
 -52кг  Аҳлия Мӯъминова
 -52 кг  Фазилат Гулбоева
 -60 кг  Шаҳбоз Саидабуроров
 -73 кг  Сомон Маҳмадбеков
 -81кг  Акмал Муродов
 -81кг  Ҳақназар Назаров
 -90 кг  Комроншоҳ Устопириён
 -90 кг  Ҷаҳонгир Маҷидов
 +100 кг  Темур Раҳимов
 +100кг  Хуршед Маҷидов

Тақвими мусобиқа:
Рӯзи якум (6 апрел, шурӯъ аз соати 10:00):
Занон: —48 кг, -52 кг , -57 кг;    Мардон: -60, -66 кг

Рӯзи дуюм (7 апрел, шурӯъ аз соати 10:00):
Занон: -63, -70 кг;   Мардон: -73, -81 кг

Рӯзи сеюм (8 апрел, шурӯъ аз соати 10:00):
Занон: —78, +78 кг;   Мардон: -90, -100, +100 кг

Рӯзи чорум (9 апрел, шурӯъ аз соати 10:00):
Рақобатҳои даставӣ (Мардон ва Бонувон)

Варзишгарони мусобиқа имкони касби имтиёзҳои олимпӣ доранд. Барои мақоми аввал — 700 имтиёз, дуюм — 490 имтиёз ва сеюм — 350 имтиёз дода мешавад. Дар мусобиқаи мазкур иштироки 218 нафар варзишгарон аз 31 давлат дар назар аст.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *