Осиёи МарказӣСиёсат

Қирғизистон дар се деҳоти марзӣ бо Тоҷикистон ҳолати фавқулода ҷорӣ кард

Сокинони маҳаллӣ аз минтақаи низоъ кӯчонида мешаванд. Мақомоти минтақаҳои Ботканд ва Суғд музокирот мекунанд.

ДУШАНБЕ, 29 апрел – Sputnik. Дар се деҳоти марзии вилояти Бодканд ҳолати фавқулода ҷорӣ карда шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии намояндагии ҳукумати Қирғизистон дар минтақа.

Бино ба навиштаи Sputnik Қирғизистон дар деҳоти Оқ-Сой, Ак-Татир ва Самарқандак ҳолати фавқулодда ҷорӣ карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, сокинони маҳаллӣ аз минтақаи низоъ кӯчонида мешаванд. Шоҳроҳи Ош – Ботканд – Исфара дар минтақаи ноҳияи Торт-Кочо баста аст.

Раиси вилояти Бодканди Қирғизистон Омурбек Суваналиев ва раиси вилояти Суғди Тоҷикистон Раҷоббой Аҳмадзода барои ба эътидол овардани вазъ гуфтушунид мекунанд.

Мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талош доранд, ки аз афзоиши муноқиша ҷилавгирӣ кунанд.

Ҷониби Қирғизистон Тоҷикистонро дар он муттаҳам кардааст, ки субҳи барвақти имрӯз ба сӯи як қисми низомии он кишвар дар деҳаи Кок-Тош бо силоҳи оташфишон оташ кушоданд.

Аммо мақомоти расмии Тоҷикистон ҳоло расман иттилое дар ин маврид надодаанд.

Ҳамзамон ҷониби Қирғизистон аз ифтитоҳи парванда бо моддаи 130 “Сӯиқасд ба куштор” ва бар асоси моддаи 266 “Авбошӣ” -и Кодекси ҷиноӣ хабар додааст.

Ёдовар мешавем, муноқишаи навбатӣ рӯзи гузашта дар марз сар зад, ки сабаби он насби дурбини назоратӣ аз ҷониби Тоҷикистон дар Маркази тақсими оби “Головной” гуфта мешавад, ки норозигии қирғизҳоро ба миён овардааст.

Ба иттилои сокинон, норозиги ҷониби Қирғизистон дар ҳолест, ки онҳо қаблан дурбини нарозатӣ монда буданд ва “мо низ хостем барои назорати тақсими об насб кунем”.Хадамоти марзбонии Тоҷикистон расман муноқишаро шарҳ дода гуфт, иншооти мазкур аз нуқтаҳои аҳолинишин, аз ҷумла, деҳаҳои Коктош ва Оқсойи ҷамоати Оқсойи ноҳияи Боткени Қирғизистон дар масофаи хеле дур воқеъ мебошад.

Ба иттилои мақомоти тоҷик, муноқишаи навбатиро сокинони Қирғизистон сар карданд, ки дар он низомиёни таъиноти махсусашон истифода шуд ва 7 шаҳрванди Тоҷикистон захмӣ гардид.

Тибқи харитаи солҳои 1924-1927 ва 1989 иншооти мазкур пурра дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, соли 1968 дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ барои обёриии шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон истифода мешуд, таъкид кардааст Хадамоти марзбонии Тоҷикистон.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *