Осиёи МарказӣСиёсат

Ҷабборов гуфт, масоили марзӣ бо Тоҷикистон мисли пештара ҳал намешавад: медиҳему мегирем

Президенти Қирғизистон Содир Ҷапаров дар мусоҳибае бо пойгоҳи хабарии АКИpress оид ба масъалаҳои марзи давлатӣ изҳори назар кардааст.

ДУШАНБЕ, 27 апр – Sputnik. Содир Ҷапаров дар посух ба суоли он ки бо Тоҷикистон чӣ мушкил барои ҳалли баҳсҳо пеш омадааст, гуфт, дар масъалаҳои марзҳо ҳамеша байни ду кишвар ихтилофҳо вуҷуд доранд. Онро ба осонӣ ҳал кардан мумкин нест.

Президент гуфтааст, вақте ки масъалаи марзҳо ҳал мешавад, агар шумо аз як маҳал 5 гектар замин диҳед, пас ба шумо лозим меояд, ки дар ҷои дигар, дар деҳа ё минтақаи дигар 5 гектар замин гиред

“Бо Тоҷикистон ҳамон ҷойҳо мавҷуданд, ки ба тарзи шашка ҷойгир шудаанд. Мо бояд онҳоро тавассути гуфтушунид ҳал кунем. Мо бояд заминҳои ба мо лозимаро гирем ва заминҳои ба онҳо лозимаро диҳем. Инро якҷоя бо аҳолии маҳаллӣ ҳал хоҳем кард”,- гуфтааст Ҷабборов.

Ба гуфти Ҷабборов қаблан ҳама чиз пинҳонӣ ҳал карда мешуд. Дар тӯли 30 сол, худатон медонед, онҳо пинҳонӣ тасмим гирифтанд, имзо гузоштанд, тасдиқ карданд ва баъд, вақте ки симхорҳо зада шуданд, одамон аз он ки заминҳояшонро доданд, хашмгин шуданд. Ҳамин тавр, заминҳои мо дода шуданд. Ва мо ҳоло дар бораи бозгардонии ин заминҳо гуфтушунид дорем.

Ӯ гуфтааст, дар чунин гуфтушунидҳо, агар аз як тараф диҳем, пас аз тарафи дигар мегирем. Ҳоло мо бо аҳолӣ, ки мегӯянд, заминҳои моро додаанд, бо роҳи гуфтушунид муҳокима ва ҳал хоҳем кард.

Президенти Қирғизистон гуфтааст, ҳоло ҳеҷ санаде имзо нашудааст ва он аз 4 марҳила мегузарад, танҳо пас аз он ба имзо мерасад. Мо гуфтушунид дорем ва онро идома хоҳем дод. Мо инчунин сокинони маҳаллиро ба ҳайати комиссия илова мекунем, афзудааст президент.

“Мо мекӯшем, ки хатоҳои пешиниёнро такрор накунем. Қаблан, чунин набуд, сокинони маҳаллӣ, ҳатто қирғизистониҳо, намедонистанд. Онҳо инро танҳо вақте мефаҳмиданд, ки симчӯбҳо кашида мешуданд …”,- гуфтааст раҳбари Қирғизистон.

Музокирот бо Тоҷикистон ҳанӯз шурӯъ нашудааст. Масъалаҳои марзӣ ба таври якҷониба ҳал карда намешаванд. Масалан, агар ману шумо як мизи муштаракро бигирем, шумо мегӯед, ки он аз они шумост, ман мегӯям аз ман аст. Мо бояд баробар тақсим кунем. Шумо мегӯед, ки 75% мехоҳед ва ман низ ҳаминро мегӯям. Баҳсҳо то он даме идома хоҳанд ёфт, ки мо ба як роҳи ҳал мерасем, гуфтааст Ҷабборов

Кишвардори Қирғизистон гуфтааст, мо бар зарари давлат ва халқи худ қарор қабул намекунем. Мо саъй хоҳем кард, то ба нафъи давлат ва мардум тасмим бигирем.

Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 972 километр марзи муштарак доранд, ки аз он танҳо 520 километр дар сатҳи ҳукумат ва 77 километр дар сатҳи гурӯҳҳои корӣ мувофиқа карда шудааст. Зиёда аз 370 километр марз номуайян боқӣ мондааст. Ин номуайянӣ боис шудааст, ки миёни сокинони наздимарзӣ танишҳо рух медиҳанд, ки баъзан бо занозанию тирпаронӣ ва марги одамон аз ҳарду ҷониб мепечад.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *