СиёсатҶаҳон

Ҷо Байден наслкушии арманиҳоро аз ҷониби Туркияи Усмонӣ эътироф кард

Раисҷумҳури ИМА Ҷо Байден ваъдаи интихоботии худро иҷро кард ва куштори арманиҳоро аз ҷониби Туркияи Усмонӣ ҳамчун наслкушӣ эътироф намуд.

Дар ин бора INTERFAX.RU хабар медиҳад.

Дар изҳорот омадааст, ки “1,5 миллион арманӣ дар ҷараёни маъракаи наслкушӣ  бадарға карда шуданд ё кушта шуданд.”

Байден таъкид кард, ҳадафи ӯ ” гуноҳро дар ин рӯйдод ба сари касе гузоштан набуда, балки боварӣ ҳосил кардан аст, ки ҳеҷ гоҳ чунин чизе дигар рух нахоҳад дод.”

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян ба Президенти ИМА мактуб фиристода, дар он қайд кардааст, ки мардуми Арманистон ва тамоми арманиҳои ҷаҳон паёмро дар бораи эътирофи расмӣ ва маҳкум кардани қатли оми арманиҳо дар Туркияи Усмонӣ дар солҳои 1915-1923 бо шавқу завқи зиёд пазируфтанд.

Дар ҳамин ҳол, вазири умури хориҷии Туркия Мевлют Чавушоғлу гуфт, ки тасмими Байден популизм аст.

“Анқара изҳороти Президенти Иёлоти Муттаҳида аз 24 апрелро дар бораи рӯйдодҳои соли 1915 қабул надорад ва шадидан маҳкум мекунад”, – гуфтааст хабаргузории Анадолу аз қавли вазир.

Як рӯз пеш Байден ба президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон иттилоъ дод, ки Вашингтон наслкушии арманиҳоро эътироф мекунад. Бо истилоҳи наслкушӣ, Байден табъид, гуруснагӣ ва куштори арманиҳоро аз ҷониби туркҳои усмонӣ, ки соли 1915 оғоз ёфтааст, дар назар дорад.

Бояд гуфт, ки далели наслкушии мардуми арман дар Империяи Усмонӣ, ки дар соли 1915 то 1,5 миллион арманиҳои этникиро кушт, аз ҷониби бисёр давлатҳо эътироф карда мешавад. Аввалин шуда Уругвай ин амалро дар соли 1965 анҷом дод, пас аз он Фаронса, Итолиё, Ҳолланд, Белжик, Лаҳистон, Литва, Словакия, Шветсия, Швейтсария, Юнон, Кипр, Лубнон, Конодо, Венесуэла, Аргентина, Бразилия, Чили, Ватикан, Боливия , Ҷумҳурии Чех, Утриш, Люксембург онро эътироф карданд. Қатли арманиҳо аз ҷониби Порлумони Аврупо ва Шӯрои ҷаҳонии калисоҳо низ эътироф карда шуд.

Соли 1995 Думаи давлатии Федератсиюни Русия т “Дар бораи маҳкум кардани наслкушии мардуми арман дар солҳои 1915-1922 дар ватани таърихии худ – дар Арманистони Ғарбӣ” қарор қабул кард.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *