Илм ва маорифТоҷикистон

Абдуллоҳи РАҲНАМО: Оё Тоҷикистон давлати миллӣ аст?

Абдуллоҳи Раҳнамо, коршиноси масоили сиёсӣ, шоир

Нигоҳе ба дурнамои арзишҳо ва давлатҳои миллӣ.

Мафҳуми «миллӣ» дар сиёсати имрӯз ба чӣ маъност? Оё Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати миллӣ аст? Оё давраи «миллат» гузаштааст? Чаро миллигароӣ ба сиёсати ҷаҳонӣ бозмегардад? Паёми “Брекзит”, сиёсати Трамп ва генералҳои Фаронса чист? Дурнамои арзишҳо ва давлатҳои миллӣ чист? Сарнавишти Тоҷикистон дар чунин раванд чӣ хоҳад буд?

Шарҳи осоне бар яке аз мушкилаҳи баҳси миллатшиносиву давлатдорӣ.

***

Агар ба таърифи мафҳумҳое чун давлати миллӣ, амнияти миллӣ, манфиатҳои миллӣ, бонки миллӣ, донишгоҳи миллӣ, барномаи миллӣ, фарҳанги миллӣ, забони миллӣ, либоси миллӣ ва ѓайра, яъне мафҳумҳое, ки дар таркиби худ сифати «миллӣ»  доранд, аз назари тахассусӣ ва дақиқ нигарем, ба рӯшанӣ хоҳем дид, ки дар адабиёти илмию сиёсии муосир истилоҳи «миллӣ», пеш аз ҳама, ба ду маънои ба ҳам пайванд, вале аз ҳам мустақил истифода мешавад. Ин ҳолати думаъноии истилоҳи «миллӣ» яке аз мушкилтарин масъалаҳои расидан ба таъриф ва фаҳмиши дурусти чунин мафҳумҳо мебошад…

Шарҳи маънои истилоҳҳои «миллат» ва «миллӣ» ва таърихи таҳаввули ин истилоҳ дар илмҳои ҷамъиятӣ як баҳси тӯлонӣ буда, дар доираи ин навишта намегунҷад, вале агар ба таври бисёр кӯтоҳ ишора намоем, мафҳуми «миллӣ» имрӯз асосан ба ду маънои зерин ба кор бурда мешавад:

1Маънои аввал ва аслии истилоҳи «миллӣ» маънои этникӣ ва арзишии он аст. Истилоҳи этникӣ ба маънои қавмию нажодӣ (аз диди сарзаминию генетикию хунӣ) ва истилоҳи арзишӣ ба маънои таърихию фарҳангию равонӣ (маҷмӯи арзишҳо ва меъёрҳо) истифода мешавад. Пас сифат ё истилоҳи «миллӣ» ба маънои этникию арзишӣ нисбат ба чизе истифода мешавад, ки ба миллат ё қавми муайяне тааллуқ дорад ва ё маҳсули таъриху фарҳангу тамаддуни он миллат аст.

Масалан, забони миллӣ ба забоне гуфта мешавад, ки афроди миллати муайян бо он гуфтугӯ мекунанд. Ин маъноро бештар дар истилоҳоте чун ҳунари миллӣ, мусиқии миллӣ, либоси миллӣ, урфу одатҳои миллӣ, таомҳои миллӣ ва ғайра метавон мушоҳида намуд. Ин падидаҳои миллӣ метавонанд дар дохили як давлат низ дар канори ҳам вуҷуд дошта бошанд. Масалан, дар Тоҷикистон шаҳрванде метавонад либоси миллии тоҷикӣ пӯшад ва шаҳрванди дигар, либоси миллии туркманӣ.

Истилоҳи «давлати миллӣ» низ аз оғоз ба ҳамин маънои этникӣ ва арзишии калимаҳои «миллат» ва «миллӣ» ташаккул ёфта буд. Яъне давлате, ки онро як миллат таъсис намудааст, давлате, ки ба як миллат тааллуқ дорад. Ин истилоҳ дар Ғарб баъд аз гузашти давраи давлатҳои динию империявию бисёрмиллатӣ ва пас аз бар асоси қавму миллатҳо ташаккул ёфтани давлатҳо, хусусан, пас аз сулҳи Вестфал (соли 1648) роиҷ шуд.

Масалан, вақте фаронсавиҳо, олмониҳо, англисҳо ва ғайра ҳар яке бар асоси миллияти худ, ҳамчун миллатҳои давлатсоз, давлати мустақиле ташкил доданд, он шакли олии худмуайянкунии ин миллатҳо, яъне давлати миллии (nation state) онҳо буд: давлати миллии фаронсавиҳо, давлати миллии олмониҳо ва ғайра.

Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ низ дар соли 1924 тибқи усули миллию этникӣ таъсис ёфта буданд, ки ҳар яке мустақиман бо номи миллати тасъсисдиҳандаи он ҷумҳурӣ номгузорӣ шуд: Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон.

  1. Маънои дувум ва нисбатан нави истилоҳи «миллӣ» маънои сиёсӣ-ҳуқуқии он аст. Яъне акнун истилоҳи «миллӣ» баъзан аз маънои этникию арзишии худ (аз маънои «мутааллиқ ба як миллат») хориҷ шуда, маъноҳои «давлатӣ», «умумимиллӣ», «саросарӣ», «дорои аҳаммияти кишварӣ», «марказӣ», «бисёр муҳим» ва ѓайраро низ ифода мекунад. Масалан, «бонки миллӣ» акнун маънои бонки мутааллиқ ба намояндагони як миллатро надорад, балки маънои бонки давлатию марказии кишварро дорад. Бо тафовут аз забони миллӣ, таоми миллӣ ё рақси миллӣ, ки падидаи хосси як қавм ё як миллатанд, бонки миллӣ ба тамоми қавму миллатҳои сокини кишвар тааллуқ мегирад. Истилоҳоти агентии миллӣ, донишгоҳи миллӣ, китобхонаи миллӣ ва ѓайра низ ба ҳамин маънои давлатӣ ва умумӣ мебошанд.

Ин маънои навини истилоҳи миллӣ хусусан, дар фазои давлатҳои федералӣ ва бисёрмиллатӣ аҳаммият ва истифодаи фаровон дорад, ки дар онҳо аксаран, «миллӣ» дар муқобили «маҳаллӣ», «музофотӣ» ё «иёлатӣ» ба кор бурда мешавад: масалан, дар ИМА мафҳуми «қонунгузории миллӣ» дар баробари «қонунгузории иёлатӣ».

Дар шароити давлатҳои ягона (унитарӣ) низ маънои нави ҳуқуқӣ-сиёсии мафҳуми «миллӣ» дар истилоҳоти ҷиддитаре чун маҷлиси миллӣ, манфиатҳои миллӣ, амнияти миллӣ, горди миллӣ, артиши миллӣ, стратегияи миллӣ ва ѓайра боз ҳам возеҳтар ифода шудааст.

(Дар низоми ҳуқуқии байналмилалӣ бошад, истилоҳи «миллӣ» ба маънои «мутааллиқ ба як давлат», «дар сатҳи як давлат» низ истифода мешавад, ки он маънои сеюм ва боз ҳам хоссатари ин истилоҳ аст. Масалан, «қонунгузории миллӣ» дар баробари «қонунгузории байналмилалӣ».)

Дар умум, маънии нисбатан навини сиёсӣ-ҳуқуқии истилоҳи «миллӣ» ба он асос ёфтааст, ки дар баъзе назарияҳои муосири сиёсӣ худи истилоҳи «миллат»-ро ба маънои «тамоми сокинони як давлати муосир», «тамоми касоне, ки чун шаҳрванд зери қаламрави қонунгузории як кишвар зиндагӣ доранд» (новобаста аз аломатҳои этникию фарҳангии онҳо), таъриф менамоянд. Дар чунин таърифҳо, масалан, тамоми шаҳрвандони Қазоқистонро, ки намояндагони беш аз 130 халқияту миллиятро дар бар мегирад, миллати қазоқистонӣ меноманд. Дар ИМА низ тамоми шаҳрвандони кишварро, ки аз назари қавмию нажодию фарҳангӣ ниҳоят гуногунанд, «миллати Амрико» унвон мекунанд. Масалан, муроҷиатҳои Президенти ИМА «ба миллат», ки сари ҳар чанд вақт садо медиҳанд, ба тамоми амрикоиён ё шаҳрвандони ИМА, новобаста аз тааллуқи миллии этникии онҳо, нигаронида шудаанд.

Ин нигоҳ, миллатро як падидаи муосири сиёсӣ-ҳуқуқӣ дониста, онро ба маънои «ҳамаи шаҳрвандони қаламрави як давлати муосир» мегирад. Бинобар роиҷ гаштани ин фаҳмиши навтари истилоҳи «миллӣ», мафҳуми анъанавии «давлати миллӣ» низ акнун дар баъзе назарияҳо то ҳадде таѓйири маъно карда, маънои давлати мутааллиқ ба ҳамаи шаҳрвандони кишвар, новобаста аз қавму миллияти онҳоро мегирад.

Қобили зикр аст, ки дар амалияи сиёсӣ хусусан, намояндагони ақаллиятҳои миллӣ ва ақаллиятҳои динӣ талош мекунанд, ки давлати миллӣ маҳз ба ҳамин маъно фаҳмида шавад, то онҳо низ дар  мафҳуми «миллӣ» ҷойи худро ёбанд. Масалан, дар Қазоқистони муосир намояндагони ақаллиятҳои миллӣ тамоми талошро ба харҷ медиҳанд, ки Қазоқистон ҳамчун давлати миллӣ на ба маънои этникию тамаддунии он (яъне давлати миллии миллати қазоқ), балки ба маънои ҳуқуқӣ-сиёсии он муаррифӣ гардад.

Барои дар шароити имрӯзи Ҷумҳурии Тоҷикистон дуруст ва ҷавобгӯйи манфиатҳои миллӣ фаҳмида шудани истилоҳи «миллӣ» ва «давлати миллӣ» бояд ба ду нуктаи зерин таваҷҷуҳ шавад:

  1. Аз сабабе, ки тоҷикон як давраи тӯлонии инқирози фарҳанги миллиро аз сар гузаронида, муддатҳо аз ҳокимияти расмию сиёсии арзишҳои миллии худ бар сиёсатгузории давлатӣ маҳрум буданд, ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ва фароҳам шудани фурсати эҳёи миллӣ барои халқи тоҷик аҳаммияти бисёр бузурги таърихӣ дорад. Дар чунин марҳалаи таърихӣ давлати миллӣ ҳамчун бистари ҷуброн намудани осебҳои таърихӣ ва ҳамчун зарфи дубора устувор гаштани тафаккуру ҳувияту арзишҳои миллӣ барои тоҷикон на танҳо як рукни муқаддас, балки як зарурати ҳаётӣ мебошад.

Аз ин рӯ, дар марҳалаи феълӣ дар Тоҷикистон дур нашудан ва пурра канор нагузоштани ҳамон маънои асосӣ, яъне маънои этникию арзишии истилоҳи «давлати миллӣ» то ҷое зарур мебошад. Яъне дар ин марҳала Тоҷикистон бояд, пеш аз ҳама, ба ҳамон маънои давлати миллии тоҷикон, давлати таъсиснамудаи миллати тоҷик ва давлати эҳёкунандаи ҳувияти миллии тоҷикон ва посдорандаву рушддиҳандаи фарҳангу арзишҳои ин миллат фаҳмида шавад.

Миллату халқиятҳои дигари сокини кишвар низ бояд аз ҳуқуқу озодиҳои комил барои рушди худ бархӯрдор бошанд, вале мақоми миллати муассиси давлат, ё «миллати давлатсоз» («титульная нация», «государствообразующая нация») бояд ҳам аз сӯйи худи миллати давлатсоз ва ҳам аз тарафи сокинони дигари кишвар дарк ва эътироф гардад.

Дар бораи ҷанбаи ҳуқуқию сиёсии ин масъала бояд гуфт, ки бо вуҷуди имрӯз дар Тоҷикистон дар сатҳи илмию сиёсӣ истифода шудани мафҳумҳои «давлати миллӣ» ва «давлатдории миллии тоҷикон», мақому вазъияти ин масъала дар сатҳи ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ шакл нагирифтааст. Бо вуҷуди дар Конститутсияи кишвар «Тоҷикистон» ном доштани давлат ва чун забони давлатӣ эътироф шудани забони тоҷикӣ, Сарқонуни мо Тоҷикистонро мушаххасан, ҳамчун «давлати миллӣ» ё «давлати миллии тоҷикон» таъриф намекунад. Аз ин рӯ, агарчи мо имрӯз мафҳуми «давлати миллӣ»-ро ба маънои илмию сиёсию фарҳангии он ба таври васеъ истифода менамоем, вале феълан, ҳамчун категорияи ҳуқуқӣ, ба кор гирифтани он мушкил аст.

Таҷрибаи берунии дуру наздик нишон медиҳад, ки ин на як андешаи қафомонда, балки як диди воқеъбинона ва зарурист. Масалан, бо вуҷуди он, ки дар Қирғизистон фоиз ва фаъолияти ақаллиятҳои миллӣ бисёр зиёдтар аз Тоҷикистон аст, мардуми қирғиз барои ҳифзи давлатдории миллии худ дар матни конститутсияи кишвар расман сабт намудаанд, ки Қирғизистон давлати миллии қирғизҳо мебошад ва миллатҳои дигари сокини ин кишвар дар рушди давлатдории қирғизҳо мусоидат менамоянд.

2.Дигар ин, ки хушбахтона, дар шароити Тоҷикистон миллати муассиси давлат (миллати давлатсоз), яъне миллати тоҷик, аксарияти кулли аҳолиро ташкил намуда, «давлати миллии тоҷикон» донистани кишвар на танҳо ба ҳақиқату зарурати таърихии давлатдорӣ, балки ба ҳуқуқи аксари кулли шаҳрвандон низ созгор аст. Ақаллиятҳои дигари миллӣ, ки калонтарини онҳо ӯзбекҳо ва дигар туркзабононанд, ба ҷуз аз масъалаи забон, дар аксари арзишҳои дигар, аз ҷумла, дин (мазҳаб), урфу одатҳо, психологияи зиндагӣ ва ғайра бо тоҷикон умумият ё наздикии амиқ доранд. Ақаллиятҳои миллие, ки дину тарзи зиндагию арзишҳои онҳо аз тоҷикон ба куллӣ фарқ намояд, ҳамагӣ камтар аз 1% аҳолиро ташкил мекунанд.

Пас дар шароити Тоҷикистон, фаҳми этникию арзишии давлати миллӣ ба фаҳми сиёсӣ-ҳуқуқии он бисёр наздик аст ва ё дар тазодди усулӣ қарор надорад.

Албатта, таъмини ҳуқуқу озодиҳои он ақаллияти якфоизаи миллӣ на танҳо аз талаботи муосири сиёсию ҳуқуқӣ, балки аз худи фарҳанги миллии тоҷикон низ бармеояд. Имрӯз қонунгузории Тоҷикистон тамоми ҳуқуқҳу озодӣ ва шароити рушди ақаллиятҳои миллиро кафолат дода, сиёсати амалии давлатии мо низ дар ин масъала бо тадбиру маслиҳати созанда ва дар рӯҳияи таҳаммулу ҳамзистӣ пеш меравад. Ҳамчунин зиндагии осудаи онҳо дар миёни тоҷиконро на таълимоти динӣ ва на фарҳанги миллии мо радду инкор намекунад. Масалан, яҳудиёни Бухоро садҳо сол дар миёни тоҷикон озодона зиндагӣ кардаанд ва имрӯз низ намояндагони миллатҳои гуногун дар муҳити таҳаммулпазири фарҳанги тоҷикон ба сар мебаранд. Аммо мақоми миллати таъсисдиҳандаи давлат (миллати давлатсоз) як мақоми бисёр масъул ва хоссаест, ки метавонад бе халал ёфтани ҳуқуқу ҳамзистиҳо эътирофи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва фарҳангии худро пайдо кунад.

Дар баъзе таҷрибаҳо ҳатто “миллати давлатсоз” аз назари теъдод ақаллияти аҳолиро ташкил мекунад, вале дар ин сурат ҳам мақом ё рисолати хоссаи он аз байн намеравад. Ин воқеиятро низ метавон дар мисоли кишвари Қазоқистон мушоҳида намуд, ки дар оѓози истиқлол дар он қазоқҳо, ҳамчун миллати давлатсоз, камтар аз 50% аҳолиро ташкил менамуданд. Вале бо талошу тадбири пешвоёни миллии онҳо давлат ҳамчун давлати миллии қазоқҳо ҳифз шуд. То ҷое, ки акнун тибқи барномаи давлатии ин кишвар намояндагони тамоми ақаллиятҳои миллӣ (ки аз назари миқдорӣ аксариятанд) вазифадор шуда буданд, ки то соли 2020 забони давлатиро, яъне забони қазоқиро донанд.

Пас дар шароити Тоҷикистон мафҳуми «давлати миллӣ» аз маънои “давлатдории миллии тоҷикон” фаҳмида шуда, ҳамин бори мазмунӣ, яъне мазмуни миллию арзишӣ доштани давлати миллӣ, ба мафҳумҳои дигаре чун манфиатҳои миллӣ ва амнияти миллӣ низ интиқол меёбад. Яъне дар шароити давлати миллии тоҷикон, дар ин мафҳумҳои калидӣ низ бояд арзишҳо ва манфиатҳои миллати тоҷик ҳамчун миллати давлатсози ин давлат ифода шаванд.

Муҳимтарин тафовути даврони истиқлол, балки муҳимтарин ҳадафу паёму моҳияти истиқлолёбӣ низ дар ҳамин аст. Вагарна то истиқлол низ нону маишат фароҳам буд.

ОЁ АСРИ “МИЛЛАТ” ГУЗАШТААСТ?

Чун дар ин бахш дар бораи фаҳмишҳои гуногуни худи мафҳуми «миллат» ва «давлати миллӣ» сухан рафт, бояд ба ин савол низ посух дод, ки оё давраи «миллат», «давлати миллӣ» ва дигар падидаҳои «миллӣ» гузаштааст? Посух додан ба ин савол аз он назар муҳимм аст, ки имрӯз вобаста ба амиқтар шудани раванди ҷаҳонишавӣ ин пурсиш дар доираҳои гуногун ҳамвора матраҳ мегардад. Яъне баъзе аз муҳаққиқон ё андешаварон чунин масъалагузорӣ менамоянд, ки дар раванди ҷаҳонишавии ногузир худи падидаҳои «миллат» ва «давлати миллӣ» батадриҷ аз миён хоҳанд рафт ва аз ин рӯ, такя ба андешаи миллӣ ва идеяи давлати миллӣ як андешаи нисбатан қафомонда, иртиҷоӣ ва гузаранда  буда, ояндаи чандоне надорад. Аз ин рӯ, мо бояд ҳарчӣ зудтар аз сатҳи «миллат» ва «миллӣ» гузашта, барои омезиши бебозгашт ба раванди ҷаҳонӣ шудан омода шавем .

Аммо омӯзиши амиқу воқеъбинонаи масъала нишон медиҳад, ки дар бораи ояндаи миллатҳо ва давлатҳои миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ бояд хулосаи шитобон нагирифта, аввал ба чанд нуктаи зерин таваҷҷуҳ намоем:

1.Дар ҳақиқат, дар раванди ҷаҳонишавӣ баъзе падидаҳо ва арзишҳои миллӣ аз миён рафта, башарият дар атрофи бозори умумӣ, фазои умумии иттилоотӣ, арзишҳои умумӣ ва иттиҳоду воҳидҳои калонтари сиёсӣ ҷамъ меояд. Ин таѓйироту омезиш, пеш аз ҳама, ба падидаҳое чун либос, хӯрок, урфу одат, тарзи зиндагӣ, илм, иқтисодиёт ва ғайра тааллуқ дошта, умумишавии фарҳангҳои миллӣ, забонҳои миллӣ, марзҳои миллӣ ва воҳидҳои сиёсӣ, яъне давлатҳо, шояд марҳалаи дур ва ниҳоии ин раванд бошад. Ва назарияпардозони раванди ҷаҳонишавӣ чунин як ояндаро барои башарият пешгӯйӣ мекунанд.

  1. Вале, дар айни замон, набояд чунин пиндошт, ки ин раванд дар чанд соли оянда ба вуқӯъ мепайвандад ва «ба ҳамин наздикӣ» ҷойи арзишу мафҳумҳои сатҳи миллиро арзишҳои глобалӣ хоҳанд гирифт. Зеро, аввалан, суръати маҳвшавии ҳар арзиш ва суръати маҳвшавии ҳар миллат дар ин раванд ба сатҳ ва умқи фарҳанг ва ҳувияти миллии аъзои он ва хусусан, сатҳи ҳувияти миллӣ ва дониши сиёсии давлатмардони он вобаста хоҳад буд. Яъне чунин хатар, пеш аз ҳама, миллатҳои дорои ҳувияти заифу камсобиқа ва давлатҳои худбохтаро таҳдид мекунад. Миллатҳои дорои ҳувияти қавӣ ва давлатҳои худшинос ба осонӣ дар ин раванд маҳв нахоҳанд шуд. Хусусан, агар сухан аз миллати тоҷик ва умуман, мардумони форсизабон равад, захираи тамаддунию фарҳангии мо то ҳадде амиқ ва устувор аст, ки дар сурати ҳамоҳангӣ, ҳамгароӣ ва рушди муштарак, ҳувияти мо барои давраи бисёр тӯлонӣ ҳифз хоҳад шуд. Хусусан, агар ба ин ҳувияти устувор донишу саводи муосир ва сиёсатгузории босалоҳият низ изофа гардад.

Сониян, ин раванд, ҳатто аз назари назарияпардозони ҷаҳонишавӣ, як раванди тадриҷӣ буда, анҷоми он ба садсолаҳои оянда марбут дониста мешавад. Дар ин сурат низ, шояд дар оянда таъриф, фаҳмиш ва моҳияти падидаҳои «миллат» ва «миллӣ» таҳаввул меёбанд, вале комилан аз байн намераванд.

  1. Дар канори ин, дар бораи моҳияти ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) набояд чунин пиндошт, ки дар раванди он дар заминаи фарҳангу арзишҳои миллатҳои гуногун ва дастовардҳои беҳтарини маънавии онҳо арзишҳои умумии инсонӣ ташаккул ёфтааст, ки онҳоро бояд ҷойгузини арзишҳои миллии худ намоем, то ба рушди болотар бирасем. Балки дар бораи мафҳумҳои баланду баландсадое чун «арзишҳои умумиинсонӣ», «арзишҳои глобалӣ» ва ғайра, ки имрӯз маъмулан, аз роҳҳои сиёсӣ ва иттилоотӣ тарвиҷ мешаванд, бояд гуфт, ки дар ҳақиқат, аксари онҳо на арзишҳои глобалӣ ва умумиинсонӣ, балки манфиатҳо ва арзишҳои миллии миллатҳои муайяне мебошанд, ки фақат ба сабаби бартарии иқтисодӣ, технологӣ ва қудратии соҳибонашон ҳамчун арзишҳои ѓолиб ва «умумибашарӣ» матраҳ гаштаанд.

Масалан, агар забони англисӣ имрӯз ҳамчун забони ҷаҳонӣ ва умумиинсонӣ матраҳ мешавад, ин маънои онро надорад, ки ин забон аз забони форсӣ равонтару комилтару зеботар мебошад, балки ин раванд асосан, ба он вобастааст, ки соҳибони ин забон имрӯз дар ҷаҳон мақоми қудратии бартар доранд.

Ҳамин тавр, дар мавриди арзишҳои дигар.

Пас, агар мафҳуми глобализатсия ё ҷаҳонишавӣ барои миллатҳои дигар маънои таѓйири ҳувияти миллӣ ё маҳв шудани фарҳангу арзишҳои миллиро дошта бошад, барои миллатҳои дорои қудрати бартар (хусусан, ғарбиён) ҷаҳонишавӣ ба маънои мисли онҳо шудан ва тобеи арзишҳои миллии онҳо шудани миллатҳои дигар мебошад. Ва аз ин рӯ, табиист, ки онҳо ҷаҳонишавиро ҳамчун як идеологияи худ ҳамаҷониба матраҳ менамоянд, зеро ин раванд аз ҳар ҷиҳат ба суди онҳост.

Пас, бо назардошти ин ҳақиқат, мо набояд гирифтори нигоҳи содаву муштоқона ба раванди ҷаҳонишавӣ гардем, балки нисбат ба ин раванди воқеии ҷаҳонӣ нигоҳи воқеъбинона дошта бошем.

4.Дар айни замон, мушоҳида нишон медиҳад, ки дар баробари равандҳои ҷаҳонишавӣ, дар баъзе кишварҳои ҷаҳон тамоюлу арзишҳои миллӣ низ тақвият ёфта, ба андеша ва неруи қавии сиёсӣ табдил мешаванд. Ин равандҳо, аз ҷумла дар кишварҳои пешрафтаи ѓарбӣ низ дар ҳоли тақвият буда, аз худ дарак медиҳанд. Масалан, талоши миллигароёни истиқлолхоҳи Каталония барои ҷудо шудан аз Испания, талоши ҷумҳурихоҳони Ирландия барои ҷудо шудан аз Британия ё талоши миллигароёни Квибек барои истиқлол аз Канада дар муҳити кишварҳое сурат мегирад, ки дар сафи пеши равандҳои ҷаҳонишавӣ қарор доштанд ва доранд.

Нуктаи муҳим ин аст, ки ин намунаҳои ҷудоихоҳӣ на дар заминаи шароити сиёсию иқтисодию иҷтимоии ин кишварҳо, балки маҳз дар заминаи тамоюлҳои арзишию миллигароӣ фаъол гаштаанд.

Аммо ҷадидтарин ва қавитарин паёми ҳанӯз бисёр қавӣ будани тамоюл ва арзишҳои миллигароӣ дар падидаҳое чун хориҷшавии Британия аз Иттиҳоди Аврупо ва сиёсати ИМА дар давраи Доналд Трамп мебошад, ки ин ду падида тамоми раванди ҷаҳонишавиро зери савол ва таъсир гузошт. (Мактуби ахири таҳдидомези даҳҳо низомии барҷастаи фаронсавӣ ба президент Макрон дар боби зарурати ҳифзи арзишу суннатҳои миллӣ ва дифоъ аз “тарзи зиндагии франсавӣ” низ аз устувории гароишҳои миллӣ дар қалбӣ равнадҳои ҷаҳонишавӣ шаҳодат медиҳад.)

Ин ҳолатҳо низ ба он маъност, ки дар бораи «гузаштани асри миллатҳо» хулосаи шитобзада накунем ва тақвияти пояҳои арзишию ҳувиятии миллӣ ва таҳкими давлатдории моҳиятан миллиро идома диҳем.

  1. Илова ба ин, баъзе назарияпардозони муосири сиёсӣ ба он назаранд, ки дар раванди ҷаҳонишудан мардумони ҷаҳон ҳатман вориди тамаддуни ѓарбӣ намешаванд, балки ин раванд башариятро ногузир дар атрофи дину тамаддунҳои ҷаҳонӣ муттаҳид мекунад. Яъне пайравони тамаддунҳои насронӣ, исломӣ, буддоӣ, конфусиёӣ ва ѓайра дар воҳидҳои калонтар ва муштараки фарҳангӣ ва иттиҳодҳои калони сиёсӣ ҷамъ меоянд. Масалан, ояндашиноси маъруфтарини амрикоӣ С.Ҳантингтон пешбинӣ мекунад, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ, дар сурате, ки кишварҳои насронии ғарбӣ бо ҳам иттиҳод намуда, ба тамаддунҳои дигар аз мавқеи тамаддуни ѓарбию масеҳӣ муносибат намоянд, кишварҳои мусалмоннишин низ ногузир дар атрофи иттиҳоди калонтаре ҷамъ омада, созмоне чун Иттиҳодияи Аврупоро ба вуҷуд меоранд. Яъне фишори тамаддунии Ғарб ва ҳисси худмуҳофизатӣ онҳоро маҷбуран ба ҳам наздик мекунад, то аз нобудии муштарак наҷот ёбанд.

Чунин раванд низ ба он маъност, ки ҳувияти миллатҳои мусалмон ба осонӣ аз миён нахоҳад рафт ва дар доираи тамаддуни исломӣ, ки дар оянда яке аз нишондиҳандаҳои таъйинкунандаи ҷаҳонӣ мегардад, ҳамчунон ҳифз хоҳад шуд. Дар чунин сурати рушди вазъи ҷаҳонӣ низ ба ҳувият ва фарҳанги миллии тоҷикон хатари нобудиву маҳвшавӣ таҳдид намекунад, зеро ҳифзи фарҳангу ҳувияти мо дар ҳамин шакли табиии худ бахши муҳимме аз тамаддуни умумимусулмонӣ низ мебошад.

Хулоса, набояд чунин пиндошт, ки ба наздикӣ давраи «миллат» мегузарад ва такя ба андешаи миллӣ ва давлати миллӣ беҳуда ва гузаранда ва ҳатто «айб» аст. Зеро, дар сурати бовар ба ин афсона (миф), ки аз сӯйи иштирокдорони манфиатдори раванди ҷаҳонишавӣ ба таври сунъӣ паҳн мешавад, худи мо дар раванди ҷаҳонишавӣ худро бесилоҳ ва таслим намуда, дар маҳвшавии ҳувияти миллӣ ва давлати миллии худ саҳмгузор хоҳем буд. Дар ҳоле, ки бе ҳеҷ шакке, ҳадди ақал, дар садсолаҳои оянда ва бештар аз он, ҳувияти миллӣ ва давлатдории миллӣ унсурҳои муайянкунандаи равандҳои ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ хоҳанд буд.

Пас имрӯз тақвияти ҳувияти миллӣ, таҳкими давлатдории миллӣ ва устувордории ниҳоди давлат чун зарфи нигоҳдорандаи арзишу манфиатҳои миллӣ ҳам як зарурати дохилии миллӣ ва ҳам як амали мутобиқ бо равандҳои ҷаҳонӣ мебошад. Муҳимтарин рисолати давлатӣ ва манфиати миллии мо, ба ҳар ду маънои ин истилоҳ маҳз дар ҳамин аст.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *