ТоҷикистонҶомеа

“Бемории КОВИД-19” не, илтиҳоби шуш!”. Шарҳи вазорат

Тайи шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории вируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд.

Дар ин бора сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод.

“ВАО хабар медиҳанд, ки шахсони гирифтори COVID-19 боз дар беморхонаҳо бистарӣ шудаанд. Ин гапҳо нодурустанд”, – изҳор дошт вазир Ҷамолиддин Абдуллозода дар суҳбат бо хабаргузории Asia Plus.

Ба гуфтаи вазир  “асли гап он аст, ки дар ҷумҳурӣ якчанд ҳолатҳои “гирифтории такрорӣ ба бемории илтиҳоби шуш (пневмония) ба қайд гирифта шудааст”.

Пештар аз ин дар шабакаҳои иҷтимоӣ  хабарҳое паҳн шуданд, ки дар Шифохонаи бемориҳои сироятии шаҳри Хуҷанд 27 нафар бо ташхиси “бемории КОВИД-19” бистарӣ шудаанд. Сухангӯи Вазорати тандуруcтӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Эмомалии Мирзо, дар вокуниш ба ин овозаҳо гуфт, ки “афроде, ки дар Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд бистарӣ шудаанд, тайи як ҳафтаи ахир тариқи фурудгоҳи шаҳрҳои Истамбули Туркия ва Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб вориди Тоҷикистон шудаанд ва тибқи қоида, ҳар шаҳрванде, ки аз хориҷа ворид мешавад, таҳти қарантина қарор мегирад. Ин афрод дар ҷойҳои сукунати худ бистарӣ мешаванд. Он 15 нафар ҳам онҳоеанд, ки сокини шаҳри Хуҷанд буда, аксарият аз Ҳиндустон ва қисме аз Туркия вориди кишвар шудаанд”.

Ин дар ҳолест, ки тибқи таъйиди Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ  бемории илтиҳоби шуш як навъи зуҳури бемории “КОВИД-19” буда, аксари кишварҳо гирифторон ва ҷонбохтагони ин бемориро ба омори бемории вируси куруно шомил кардаанд. Дар Тоҷикистон бошад,  бемории илтиҳоби шушро “КОВИД-19” намеҳисобанд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *