Илм ва маорифОсиёи МарказӣТоҷикистон

Беҳрӯз Забеҳулло: ҚАНОАТ ва МАСЪУД

(ё худ чигуна “Масъуднома”-и устод Муъмин Қаноат эҷод шуд)

БА ПЕШВОЗИ МЕЛОДИ ШОИР

“Масъуднома” кучактарин ва охирин достони шоири достонсарои тоҷик устод Муъмин Қаноат аст. Аммо ин достони кучак дар худ асрори бузургеро пинҳон кардааст. Кашфи ин асрор мусталзими шинохти шахсияти устод Қаноат аст. Қаноат аз маъдуд шоирони асри ХХ-и тоҷик аст, ки зиндагии хусусӣ ва эҷодияшро бар асоси андешаҳои миллӣ бунёд ниҳода, то охирин нафас барои дастёбӣ ба ин аҳдофи муқаддас қаламфарсоӣ кардааст.  Бо каме тааммуқ мардони донову зирак дармеёбанд, ки гарчанде мавзӯъ ва макони вуқуи ҳаводисе, ки устод Қаноат дар достонҳои хеш инъикос кардааст хориҷ аз марзҳои кунунии Тоҷикистон сурат мегиранд, аммо қаҳрамонони асосии ин достонҳо умдатан тоҷикон мебошанд. Ба монанди нақши Саидқул Турдиев ва бародари шоир Абдулло дар достони “Мавҷҳои Днепр”, нақши Аҳмад Турдиев, Робиа ва момои Асал дар достони “Сурӯши Сталинград”, нақши Исмат Шарифов дар достони “Ситораи Исмат”, нақши Саидаҳмади Карим қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шеъри “Гули бодом” ва ғ. Вақте ки мавзӯъҳои мазкурро дар радифи сюжети достонҳои “Тоҷикистон-исми ман”, “Гаҳвораи Сино”, “Падар” ва “Китобҳои захмин”-и шоир қарор медиҳем, ба хубӣ равшан мешавад, ки хамирмояи аслии тамоми достонҳои устод Қаноатро тарғиби андеша ва руҳияи миллӣ, худогоҳии ҷамъӣ, муаррифии ҷаҳони зоҳирӣ ва ботинии миллати тоҷик ташкил додааст. Аз сӯйи дигар, таҷрибаи достонсароӣ ва маҳорати шоирии устод Қаноат ба ҳадде расида буд, ки тавонист моҳирона, нақши тоҷикон дар арсаи миллӣ ва байналмилалиро ба таври мутавозин ва хориҷ аз вобастагиҳои идеологӣ ба  тасвир бикашад.

Дар асри ХХ тоҷикон дар гирудори ҷангҳои идеологӣ масири пуршебу фарозеро тай карда, бо таҳаммули  ранҷу осеб, фишору тазйиқ, хиёнату хусумат ва таҳрифу таҳдид, ягонагии хешро ҳифз карданд. Ҳаводиси талхе, ки дар ибтидои асри ХХ дар минтақаи Осиёи Миёна ба вуқуъ пайваст, бори дигар дар охири аср низ дар шакли нав такрор шуд. Ҷанги дохилӣ шоирону равшанфикрони тоҷикро дар вазъияти асафборе қарор дода буд. Чорасозон дар ҳалли ин муъзалот бечора буданд. Аз ҷумла, устод Қаноат ҳамчун як андешманди миллӣ аз ин авзоъ афсурдаву парешон шуда буд. Шоир дар айёми пирӣ барои хатми ин моҷаро роҳу чора меҷӯст. Дунболи қаҳрамоне буд, ки аз тариқи он ваҳдати миллиро тақвият бахшад. Азбаски бар асари таблиғоти душманони беруна, ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон характери маҳаллӣ ва минтақаӣ касб карда буд, руҷӯъ ба шахсиятҳои дохилӣ мушкилкушои масъала набуд. Аз ин рӯ, Аҳмадшоҳ Масъуд дар он давраи таърихӣ шоистатарин шахсият барои хотима бахшидан ба мунозиаи миллии тоҷикон ба шумор мерафт. Устод Қаноат низ бо дироят Масъудро ба унвони қаҳрамони охирин достони хеш интихоб кард. Зеро Аҳмадшоҳ Масъуд танҳо муборизи мусулмон дар минтақа буд, ки фаротар аз маҳдудаи идеологӣ фикр мекард ва алайҳи истеъмор ба по хеста буд. Ин вижагии Масъуд дар муҳите, ки ӯ зуҳур карда буд, падидаи нодир маҳсуб мешуд. Аз сӯйи дигар, сарзамине, ки Масъуд дар он парчами озодагагонро баланд кард, ҳамон зодгоҳу хостгоҳи қаҳрамонони “Шоҳнома” буд, ки бо номи Хуросон дар таърих маъруф аст. Хулоса, иштирокоти фаровоне, ки баёни онҳо хориҷ аз тавони нигоранда аст, Қаноат ва Масъудро ба ҳам наздиктар кард. Шабоҳатҳои ҷисмонӣ ва рӯҳонии шоир ва қаҳрамони достонаш низ аз дигар вижагиҳои боризест, ки заминаи нигориши достони навро фароҳам сохта буд.

Таваҷҷуҳу иродати устод Қаноат ба шахсияти Аҳмадшоҳи Масъуд аз дербоз шуруъ шуда буд. Қаноат ба унвони раиси Кумитаи якдилии сулҳи Осиё дар Маскав аз ибтидо дар ҷараёни чигунагии муборизоти мардуми Афғонистон алайҳи артиши Шӯравӣ қарор дошт ва баъд аз фурупошии Шуравӣ низ тавваҷуҳи шоир ба таҳаввулоти ин минтақа кам нашуд. Ҳамин муштаракоти фарҳангӣ ва руҳию равонии шоир бо қаҳрамони достони хеш муҷиб шуд, ки соли 1995 устод Қаноат дар истиқбол аз муборизоти истиқлолталабонаи Аҳмадшоҳи Масъуд ғазалеро тақдим намояд.

Чӣ шак дар набарди замону заминаш,

Ки Масъуд зодаст, чархи баринаш.

Ҷиҳоди варо ҳар касе кам бубинад,

Ки дар бурҷи Симурғ бошад каминаш.

Масъуд танҳо сипаҳсолоре буд, ки дар ду ҷабҳа меҷангид; яке алайҳи мухолифони дохилӣ ва дувум бар зидди истеъмори хориҷӣ. Ӯ бо истеъдоду нубуғи азалӣ, ба танҳоӣ идораи ҷанг дар ҳар ду ҷабҳаро таҳти назар дошт ва пирӯзмандона масири хешро идома медод. Шоири озода низ бо қалами хеш ба истиқболи Масъуд рафт ва шеъри дигаре барои ӯ эҷод кард:

Он ки по истоду гирдаш се хатти маҳсар кашид,

Аз фазои шуми истеъмор боло сар кашид.

Он ки аз доираи имони худ берун нарафт,

Даври гардони Ватанро бо хатти мистар кашид.

Қаноат дар симои Масъуд Рустами навро таҷассум мекард. Шоир дар шеъри “Тарҳи Зобул” зимни ситоиши ҷавонмардии Масъуд, ҳамзамон аз танҳоӣ ва хиёнати бархе ёрону ҳамразмони ӯ сахт нигарону мутаасиф аст:

Эй басо Сӯҳробу Рустам дар дили ӯ зинда аст,

Тарҳи Зобулро ба рӯи сина бо ханҷар кашид.

Халқи афғонро дуову муддао Масъуд буд,

Ин дуои хокиёнро меҳр дар ховар кашид.

Истиқомату  поймардӣ ва муборизоти хастанопазир бо мурури замон Масъудро ба як муборизи машҳури роҳи озодӣ табдил кард. Ному чеҳраи Масъуд дар ин ҳангом дар сархати бузургтарин расонаҳои ҷаҳонӣ қарор гирифт. Баъзе расонаҳо мақоми ӯро дар қатори Чегаваро, Фидел Кастро, Де Гол ва Нелсон Мандело қарор медоданд. Афзоиши нуфузи Масъуди сипаҳсолор боиси нигаронии қудратҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ гардид. Истеъмори байналмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз нуфузи Масъуд дар Афғонистон тарҳи ҷадиде бо номи “Толибон” омода ва бо сармоягузории калон онҳоро вориди саҳна кард. Аҳмадшоҳи Масъуд дубора танҳо монд. Ӯ дар ҷабҳаи ҷанг ва шоир дар ақибгоҳ алайҳи истеъмору нукаронаш муборизаи хешро идома доданд. Устод Қаноат соли 1996 бо сурудани шеъри “То Рустами замона”, танҳоии Масъуд ва тасарруфи Кобул ба дасти Толибонро ин гуна ба тасвир мекашад:

Аз Рустами фасона то Рустами замона

Ҳиммат гузору бигзар бо гоми рустамона,

То аз забони килкат оташ кашад забона.

 

Рустам зи шаҳри Кобул рӯзе ки рафт берун,

Хушкид рӯди Кобул, ҷорист рӯди Ҷайҳун.

Хун медамад зи ҳомун, хун мечакад зи гардун.

 

Ба ҳамин тариқ Толибон дар як муддати кӯтоҳ бо ҳимояти истеъмори хориҷӣ на танҳо Кобул, балки минтақаи Шимолӣ, аз ҷумла, Балхи бостонро тасарруф намуда, бо иҷрои сиёсати замини сӯхта ҳазорон нафар аз мардуми таҳҷоиро бехонумон ва овора карданд. Шоир бедордили мо низ бо огоҳии комил аз ин ҳаводиси талх аз дида ашки ҳасрату андӯҳ мерехт ва худ ба худ мӯя мекард:

Парвардигоро…

Чаро Балх талх мегиряд?

Ба ҷои Ноҳиди гумгашта нахл мегиряд?

Ту, эй саманди сафеда, зи Ховарон бархез…

Биё ба марзи парастандаву парасторат,

Суруди меҳр суруда зи меҳрпайкорат.

Ба он диёри куҳан, ки ба мисли пораи туст,

Биёр ҷунбиши нав, з-он ки гоҳвораи туст…

Аз ин намунаҳо бармеояд, ки барномаи сурудани “Масъуднома”-ро шоир солҳо пеш дар зеҳни худ тарҳрезӣ карда буд. Мунтаҳо авзои нобасомону ошуфтаи он рӯзгор ҳанӯз шароити иҷрои ин тарҳро фароҳам намекард. Билохира, устод Қаноат муваффақ шуд, ки дар соли 2006 достони “Масъуднома”-ро иншо намояд. Достони мазкур бисёр кутоҳу муъҷаз аст, аммо шоир дар он ҷо ба нукоте ишора кардааст, ки аҳамияти бузургӣ миллӣ доранд. “Масъуднома” аз ҳашт банд ё қисмат таркиб ёфта, ҳар қисмат ба як мавзӯъи муҳим ихтисос ёфтааст. Шоири ботадбир дар сурудани он аз таҷриба ва маҳорати шоирии хеш, ки ҳангоми навиштани осори гузаштаи худ ба даст оварда буд, истифода кардааст. Устод Қаноат ин шоири ҳамосасаро ва ҷангноманавис дар тамоми осораш, як мавзӯъро мураттаб ва ба шеваи мухталиф ба ҳамватанони хеш ҳушдор додааст; ки он ҳам мавзӯъи идомаи ҷанги ниҳонӣ алайҳи манофеи тоҷикон дар минтақа аст. Устод Қаноат дар нақши чоруми достони “Тоҷикистон-исми ман” аз номи Модар-замин ин нуктаро матраҳ чунин матраҳ карда буд:

Ҳаметарсад, ки аз он оташи думдор,

Ки гардад аз думи тайёрааш ҳамвор –

Бисӯзад марғзори зиндагӣ якбор;

Биёбад шуълаи Ҷанги Ҷаҳон такрор!

Қаноат майдони зиндагиро арсаи муборизаву ҷанги мудовим медонад ва муътақид аст, ки набарду пайкори одамӣ поёнпазир нест ва ҷанг дар шаклҳои мухталиф ҳамчунон идома дорад. Шоир ин нуктаро дар достони “Гаҳвораи Сино” ба хубӣ инъикос намудааст:

Ишорат бар сарони сабзи инсон асту ирфон аст,

Чу рамзи сарбаландиҳою азми сарбадорон аст;

Ки зери бору зери дор,

Зери ханҷари хунбор,

Ҳама фарзонаю мардона бигзаштанд аз пайкор…

Вале пайкор бошад,

То ҷаҳоне аз паи кор аст,

Даме, ки неку бад ҳампаллаю ҳамсангу ҳамбор аст.

Устод Қаноат мавзӯъи ҷанги идомадорро дар достони “Масъуднома” низ аз номи Аҳмадшоҳ дубора такрор мекунад. Масъуди қаҳрамон, ки пас аз шикасти Шӯравӣ дар бораи ояндаи дурахшони Афғонистон фикр мекард, аз идомаи ҷанг бисёр маъюсу мутаасир мешавад. Шоир дар қисмати чоруми достон идомаи ҷанг дар сарзамини Хуросонро аз номи қаҳрамони худ ба маънии идомаи ҷанги ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад:

Ҳам акнун шӯравӣ зору пушаймон рафт,

Аз ин кишвар чу бори нобасомон рафт.

Ҳамакнун давлати ислом побарҷост,

Ва ин асли ҷиҳоди мост….

Вале ҷанги ҷаҳон боқист,

Ки дар ин базми мо соқист?

Чу асли ҷанги мо дар мост,

Набарде умрҳо барпост.

Аммо душмани асосии истеъмори ҷаҳонӣ дар минтақа, на Толибон буд ва на Алқоида, балки ин ҳар ду абзори дасти онҳо буданд. Алайҳи манфиати истеъмор дар Афғонистон фақат Аҳмадшоҳи Масъуд ба танҳоӣ қад алам карда, монеи вуруди онҳо ба минтақа буд. Ин сипаҳсолори чолоку мағрур нақшаи қудратҳои ҷаҳониро дар сарзамини худ хунсо мекард. Ӯ муборизи муомилагар набуд. Ҳадафи Масъуд ҳифзи тамомияти арзии Афғонистон ва таъмини ваҳдати миллӣ дар миёни тамоми ақвоми ин кишвар буд:

Ватан гуфтам ва донистам, ки оғозаш ҳамин хок аст,

Баландиҳои он болотар аз эҳсосу идрок аст.

Аҷаб розе, ки танҳо шоиронаш боз мегӯянд

Ва гоҳе ошиқон дар сина беовоз мегӯянд.

Ту, эй Меҳан, ки будам рафт охир аз паи судат,

Вуҷудам об шуд дар ин набарди буду нобудат!

Ба ҳамин тартиб, вақте Толибону Алқоида ҳам натавонистанд Масъудро дар саҳнаи набарди нобаробар шикаст диҳанд, истеъмори шум роҳи фитнаву найрангро дар пеш гирифт. Тасмим бар он шуд, ки Масъуди шикастнопазирро бо ҳар роҳу васила аз миён бардоранд. Нақшаи нобудии Масъуд ба таври пинҳонӣ таҳия ва барои иҷро пешкаш гардид. Нукарони истеъмори ҷаҳонӣ дар ҷомаи хабарнигор ин тарҳро амалӣ карданд. Ба баҳонаи саркӯби Толибон Масъуди ҷаҳонпаҳлавонро қурбонӣ карданд. Шоир худогоҳ марги Масъудро ба маънии фурупошии назми нави ҷаҳонӣ ва оғози набардҳои тоза дар олам қаламдод кард:

Толиб шикаст, дамдамаи толибон шикаст,

Чандон кашид зеҳи камон, то камон шикаст.

Огоҳ кард аҳли ҷаҳонро зи рӯзи нав,

То рӯзи нав расид низоми ҷаҳон шикаст!

Достони “Масъуднома”-ро шоир бо марсияе ҷонсӯз дар сӯги Аҳмадшоҳ-муборизи ростини роҳи озодӣ ба поён мебарад. Ин марсияи кӯтоҳ аз умқи вобастагӣ ва пайвастагии рӯҳию равонии шоир бо қаҳрамони хеш дарак медиҳад.Хонанда эҳсос намекунад, ки дар ин достон касе дар бораи касе ривоят кардаст, балки қисса гуӣ дар бораи як рӯҳест, ки дар ду колбад  ҳаёт ба сар бурдааст. Умеду ормон, ранҷу ҳиҷрон ва дарди муштараки ин рӯҳи мубориз дар бахши “Наҷво” дар достони Масъуднома ба таври возеҳу равшан мунъакис ёфтааст:

Ҳарчанд, ки васлем, ҷудоем, ҷудоем,

Зери қадами дӯст ба поем, ба поем,

Дар хонаи худ хонахудо, хонахудоем,

Мо рӯди Ҳарӣ оби бақоем, бақоем.

 

Аз шаҳри ҷалолем, ҷамолем, камолем,

Бадгӯй нигорад, ки ҳаромем, ҳалолем.

Номард агар ҳаст нанолем, нанолем,

Дар номаи аъмол ҷавобему саволем.

 

Аз водии шерон ҳама шерони далерем,

Дар ишқи Ватан ҷумла асирем, асирем.

Дар ҳифзи Ватан ҷумла амирем, амирем,

Дар ҳар ду ҷаҳон аз Ватани хеш сафирем!

 

Рӯҳи муборизони роҳи озодӣ шоду ёдашон гиромӣ бод!

Беҳрӯз Забеҳулло

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *