ТоҷикистонҶомеа

Боздиди Раҳматзода аз ҷараёни барқарорсозии хонаҳои истиқоматии зарардидагони муноқишаи марз

8 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Исфара бо ҷараёни корҳои бунёду барқароркунии хонаҳои истиқоматии сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён шинос гардид.

Тавре маълум аст, бар асари даргириҳои охири моҳи апрел чанде аз хонаҳои сокинон хароб гардида, як қисми дигар осеб дида буд. Бо дастуру Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хонаҳои харобшудаву осебдида давоми як моҳ пурра бунёду барқарор карда мешавад. Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят масолеҳи зарурии сохтмонӣ дастрас шуда, корҳои сохтмонӣ оғоз шудааст.

Мардуми шаҳру деҳоти Исфара якдилона ба ҳашар баромада, маҳалли бунёди хонаҳоро тоза намуда истодаанд. Илова бар ин аз тарафи соҳибкорони шаҳри Исфара ба оилаҳои зарардида мунтазам ёриҳои моддӣ дастрас гардида истодааст. Соҳибкорони дигар минтақаҳо низ дасти ёрии худро дароз карда,  ба сокинон кӯмак мерасонанд,  ки ин амали онҳо гувоҳи ҳамдиливу ҳамбастагӣ мебошад.  Аз ҷумла, то ин лаҳзаҳо аз номи соҳибкорони шаҳрҳои Истаравшан ва Конибодом кӯмакҳои моддӣ дастраси сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён гардонида шуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба сокинон маҷмуи сару либос ва пойафзолу дигар лавозимоти заруриро супорида,  барои дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонидани сохтмони биноҳои истиқоматӣ супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *