ИқтисодОсиёи МарказӣҲуқуқи башар

Бонкҳои Қирғизистон қарзҳои сокинони аз муноқишаи марзӣ зарардидаи Бодкандро бекор карданд

Хадамоти матбуоти маъмурияти вилояти Бодканд хабар дод, ки се бонки тиҷорӣ ва як ширкати қарзии хурд қарзҳои сокинони Боткандро, ки аз муноқишаи мусаллаҳона хисорот дидаанд, бекор карданд.

Дар ин бора 24.kg хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки чунин тасмимро бонкҳои “Компанон”, “РСК”, “Бай-Тушум” ва ширкати қарзии хурди “Мол-Булак” гирифтаанд.

Мушаххас карда шуд, ки бонки “Компанон” қарзҳои 17 нафар шаҳрвандонро бекор кард ва фоизи онро барои се нафари дигар коҳиш дод. Бонки “РСК” қарзро ба марзбонони фавтида бахшид ва баланд бардоштани фоизи ҳафт оиларо барои шаш моҳ боздошт. Инчунин, Бонки “Бай-Тушум” қарзҳои нӯҳ сокини Бодкандро аз ҳисоб баровардааст.

Ғайр аз он бонки “РСК” тасмим гирифтааст, ки барои додани қарзи имтиёзнок ба сокинони деҳаҳои наздимарзӣ бо фоизи 12% барои се сол 10 миллион сум ҷудо кунад. Ҳамзамон, шаҳрвандон имкони танаффуси пардохти шашмоҳаро доранд.

Тибқи қонуни бонкӣ ва дигар санадҳои қонунгузорӣ, бонкҳо дар назди ӯҳдадориҳои давлат масъулият надоранд, ҳамон тавре ки давлат дар назди ӯҳдадориҳои бонки хусусӣ ҷавобгар нест.

“Ҳеҷ як ниҳоди давлатӣ, тибқи конститутсия ва кодекси шаҳрвандӣ, дар шакли директивӣ наметавонад ҳисобро бекор кунад ё напардозад, пардохт кунад ё не, ин кори ҳар як бонк аст”, – гуфт Анвар Абдраев , раиси Иттиҳоди бонкҳои Қирғизистон.

Ёдовар мешавем, ки дар муноқишаи рӯзҳои 28-30 апрел дар марз аз ҷониби Қирғизистон 36 нафар ҳалок ва 154 нафар маҷруҳ шуданд. Аз ҷониби Тоҷикистон 19 нафар ҷони худро аз даст доданд ва 87 нафар ҷароҳат бардошта, садҳо нафар аз ҳарду ҷониб бехонаву дар монданд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *