Осиёи МарказӣСиёсатТоҷикистон

Бо “зиндабодҳо”-и дурӯғину чоплусона ба ҷойе намерасем…….

Абдуқодири Рустам, нависанда ва пажӯҳишгар

Муноқиша дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон бори дигар сароҳатан таъйид кард:

  1. Ҳеч  амре   таҳқирбахштар аз рӯйи ниёз овардан ба мардуми сифла нест; агарчи ёрӣ мекунад,  рӯзе ҳатман минат  ҳам  мекунад;
  2. То зӯри бозу ва мушти қавӣ надошта бошем, ба сулҳи дар ростои манофеи миллӣ мушарраф намешавем….
  3. Сулҳ, албатта, аз ҷанг беҳ аст, вале аз сулҳе, ки хорӣ дар пай дорад, ҷанг беҳ!
  4. Барои он ки мардум ба дари бегонагон нараванд, тавлидотро бояд рушд дод; моро чӣ бало зада, ки бозорҳоямон пур аз колоҳои саноати нассоҷии Қирғизистон аст ва худамон пунбаи хом содир мекунем….?
  5. Барои он ки ба рақибони миллат пирӯз шавем, бояст иллатҳоро канор занем ва  миллат  шавем!
  6. Як марде,  ки каланд мезанад ва дос дар каф дорад, беш аз сад ҳазор зани  дастафшону марди кафкӯб бештар арзиш дорад! Бо “зиндабодҳо”-и дурӯғину чоплусона ба ҷойе намерасем…….

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *