СиёсатҶаҳон

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Ғарб интихоботи президентии Сурияро эътироф накарданд

Бритониё, Иёлоти Муттаҳида, Фаронса, Олмон ва Итолиё гуфтанд, ки интихоботи президентии Сурияро  озоду одилона намеҳисобанд.

Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

“Мо, вазирони корҳои хориҷии Фаронса, Олмон, Итолиё, Бритониёи Кабир ва ИМА мехоҳем ба таври возеҳ изҳор кунем, ки интихоботи президентӣ дар Сурия, ки 26 май баргузор шуд, на озод ва на одилона аст”, – гуфтанд вазирони корҳои хориҷӣ дар як изҳороти муштарак.

Тибқи ин изҳорот, кишварҳо ҳама суриягиҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ ва оппозисиюни Сурияро, ки раванди интихоботро ғайриқонунӣ мешуморанд, дастгирӣ мекунанд.

Намояндагони оппозисиюни берунии Сурия қаблан гуфтанд, ки дар интихоботи президентӣ   иштирок нахоҳанд кард. Анкара низ ин интихоботро ғайриқонунӣ арзёбӣ намуд. Олмон умуман баргузории интихоботи Сурияро дар қаламрави кишвари худ манъ кард. Сухангӯи ИА оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Питер Стано ба РИА Новости гуфт, ки ИА омода аст баргузории интихоботҳои “озод ва одилона” -ро дар Сурия дастгирӣ кунад, аммо шубҳа дорад, ки онҳо баргузор хоҳанд шуд.

Вазирони корҳои хориҷӣ чунин мешуморанд, ки барои “боэътимод” будани интихобот бояд ҳамаи суриягиҳо, аз ҷумла муҳоҷирони дохилӣ, гурезагон ва аъзои диаспораҳо дар муҳити бехатар ширкат варзанд.

Бритониё, ИМА, Фаронса, Олмон ва Итолиё аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват карданд, ки интихобот дар Сурияро эътироф накунанд.

Вазорати корҳои хориҷии Сурия қарори мақомоти Олмон ва Туркияро дар бораи манъи интихобот дар сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Сурия дар ин кишварҳо тасдиқи муносибати душманонаи онҳо ба Димишқ номид. Сафири махсуси вазорати корҳои хориҷии Русия Владимир Чуров ба РИА Новости гуфт, ки таҳдидҳои асосӣ ба интихоботи президентӣ дар Сурия терроризм ва монеаҳои байналмилалӣ мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки интихоботи президентӣ дар Сурия 26 май баргузор гардид.  Дар он илова бар сарвари феълӣ, дабири кулли Ҳизби “Баас” Башор Асад, ки бори чаҳорум аст дар интихобот иштирок мекунад,  ҳамчунин Маҳмуд Аҳмад Мерӣ аз оппозисиюни дохилӣ ва собиқ вакили ҳизби сотсиалист Абдаллоҳ Саллум Абдаллоҳ низ номзад ба мақоми президентӣ буданд.

Сурия дар қатори Куриёи Шимолӣ, Тоҷикистон, Туркманистон ба унвони кишварҳи диктотурӣ шинохта шудааст.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *