АхборТоҷикистонҲуқуқи башар

ВКД барои боздошти писари Гул Шералӣ- қудои Раисҷумҳур аз мардум кумак мехоҳад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як эълон аз мардум хостааст, ки барои пайдо кардани Диловар -писари Шералӣ Гул, ки қаблан низ муҳокима шуда буд, кумак намоянд. Гуфта мешавад, ки Диловар Шерализода   бар асоси  моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон – авбошӣ гумонбар дониста шуда, аз 19 майи соли равон тайи пайгарди расмӣ қарор дорад.

Қаблан расонаҳо аз муноқиша дар тарабхонаи “Сим Сим” – и Душанбе, ки бо кордкашӣ анҷомида буд ва яке аз гумонбарон  дар ин қазия Диловар Гулов дониста мешуд, хабар дода буданд.

Таъкид шудааст, ки ному насаби шахси иттилоъдиҳанда махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Омадааст, ки иттилоъдиҳандагон метавонанд дар бораи макони будубоши Гулов Диловар Шералиевич ба рақамҳои телефони боварии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 221-15-00, 221-00-57, 221-15-42 хабар диҳанд.

Бояд хотиррасон кард, ки Шералӣ Гул яке аз қудоёни Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон буда, қаблан дар мақоми вазирӣ ва дигар вазифаҳои баландпоя кор кардааст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи ба таври ихтиёрӣ худро ба милиса супоридани Нахшов Амриддин, сокини ноҳияи Данғара, хоҳарзодаи ҳамсари Раисҷумҳур  хабар доданд, ки ӯ низ ба авбошӣ ва ҳамла ба кормандони ширкати “Мину Фарм” гумонбар дониста мешавад.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *