Осиёи МарказӣСиёсат

ВКД-и Тоҷикистон аз ВАО даъват мекунад, ки иттилои носанҷидаро нашр накунанд

 ДУШАНБЕ, 05.05.2021 /АМИТ «Ховар»/Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилооти интишорнамудаи як қатор расонаҳои қирғизиро дар бораи пурзӯр шудани назорати шиносномаҳои сокинони қирғизтабор дар ноҳияи Лахш рад мекунад.

Вазорати корҳои дохилии кишвар иттилооти мазкурро  нодуруст ва аз ҳақиқат дур меҳисобад.

«Далелҳои дар ВАО-и Қирғизистон интишорёфта аз ҳақиқат дур мебошанд. Дарвоқеъ, дар ноҳияи Лахш қирғизтаборони дорои ду шаҳрвандӣ  зиндагӣ мекунанд. Ин падидаи муқаррарист. Аммо, ҳолатҳои шадид шудани назорати шиносномаҳо ва ихроҷи шаҳрвандони Қирғизистон вуҷуд надоранд»,-гуфт сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Нусрат Маҳмадзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

Роҳбари маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ВАО даъват мекунад, ки вазъи бидуни ин ҳам мураккабро шадидтар накунанд ва иттилооти носанҷидаро интишор надиҳанд.

АКС аз  АМИТ «Ховар»

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *