Илм ва маорифМусоҳибаТоҷикистон

Вокуниши Исфандиёри Одина ба мақолаи “Як иштибоҳи Фирдавсӣ”- и Муҳтарам Ҳотам

Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашри мақолаи шоир ва пажӯҳишгар Муҳтарам Ҳотам “Як иштибоҳи Фирдавсӣ (Ё чаро рӯди Сир дар “Шоҳнома” зикр нашудааст?” миёни корбарон ва коршиносон  мавриди мубоҳисаҳои тезутунд қарор гирифт ва фикру андешаҳои гуногунро ба миён овард. Мо бо мақсади равшанӣ андохтан ба масъала ба  забоншинос ва рӯзноманигор  Исфандиёри Одина муроҷиат кардем:

Муҳтарам Ҳотам як пажӯҳишгари омотур ё ҳаваскор аст ва пажӯҳишҳои ӯ пояҳои ъилмии қавӣ надоранд. Ӯ мутахассиси Шоҳнома нест, забонҳои бостонии эрониро намедонад, аз манобеъи порсии миёна ва суғдӣ ва портӣ ва балхӣ ҳам чандон хабаре надорад, бо торих ва торихнигории даврони аввали исломӣ ҳам ошноии дурусте надорад.  Фақат ба матнҳои ба таври интихобӣ  чопшудаи Шоҳнома дар Тоҷикистон ва бархе манбаъҳои русӣ дар бораи Чину Тибет такя мекунад ва ҳатто номи бисёре аз мавзеъҳои ҷуғрофиёиро ғалат менивисад. Дар бораи таҳаввулоти торихии забони форсӣ ҳам чандон огоҳӣ надорад ва масалан маъноҳои имрӯза роиҷ дар Тоҷикистонро, ки ҳосили дурӣ аз решаҳои забон аст, асл қарор медиҳад ва ба ҳеч луғату фарҳанге ҳам истинод намекунад! Масалан, иддиъо мекунад, ки вожаи дарё дар гузашта ба маънои рӯдхона будааст, ки ғалат аст! Дарё ҳамеша ба маънои баҳр буда ва дар мавориди нодире ба маънои рӯдхона ба кор рафтааст, он ҳам агар рӯдхонаи бисёр бузурге бошад.

Ин иддиъояш ҳам ботил аст, ки гӯё Фирдавсӣ рӯди Омуро марзи байни Эрону Турон қаламдод кардааст, ҳеч далеле ҳам наоварда. Ин бардошт аз нусхаҳои мухталифи устураи Ораши Камонгир меояд, ки тибқи он вақте байни Эрону Турон ҷанг мешавад, мехоҳанд марзро таъйин кунанд, Ораш тир меандозад ва тир то канораи рӯди Ҷайҳун мерасад ва аз онҷо ин рӯдро марз қарор медиҳанд. Вале ин устура, ки худа чандин бор бозгӯӣ ва таҳриф шудааст, дар Шоҳнома наёмадааст. Фирдавсӣ аз ин устура сарфи назар мекунад ва онро дар Шоҳнома ҷой надодааст. Бар хилофи ин мебинем, ки борҳо марзи байни Эрону Туронро фаротар аз Чочу Исфиҷоб хондааст. Ва Чочро ҷузъи Эронзамин медонад. Иттифоқан, дар достони марбут ба подшоҳии Ашкониён ишора мекунад, ки ин достонро аз Деҳқони Чоч шунидааст:

Чунин гуфт донанда деҳқони Чоч,

К-аз он пас касеро набуд тахти ъоҷ.

Агар Чочро бахше аз Тӯрон медонист, набоистӣ аз “деҳқони Чоч” ёд кунад, чун деҳқон ба маънои деҳгон ё даҳюгон ба маънои шаҳрванд аст ва маънои эрониро дорад, ба қабоили ваҳшӣ эрониён “аншаҳриг” мегуфтанд, яъне бегона ё хориҷӣ ё ғайрикишварӣ, дар ҳоле ки деҳқон ба маънои шаҳрӣ яъне шаҳрванди Эрон буд.

Ва Фирдавсиро ба “иштибоҳ” муттаҳам кардан як навъ густохӣ ва пуррӯии бешармона аст. Фирдавсӣ иштибоҳ накарда, ин оқо иштибоҳ карда, ки каломи Фирдавсӣ ва паёми Фирдавсиро бадурустӣ дарк намекунад. Муддаъист, ки Фирдавсӣ аз рӯди Сир ё Сайҳун ёд накарда, аммо дар матнҳои гуногуни Шоҳнома, ки то мо расида, дастикам як бор ба номи Сайҳун ёд шудааст, ҳарчанд ин ном он замон хеле ривоҷ надошт. Нуктаи дигар ин ки аз 60 ҳазор байти Шоҳнома ҳоло 50 ҳазор байт боқӣ монда ва дар миёни ин абёт ҳам дасткориҳои котибону дабирон ва абёти ҷаълӣ кам нест. Яъне бештар аз 10 ҳазор байти асили Шоҳнома то мо боқӣ намондааст, ки метавонад иттилоъоти фаровоне дошта бошад. Вале ин баистилоҳ “пажӯҳишгар” бе таваҷҷуҳ ба ин масоил Фирдавсиро ба иштибоҳ муттаҳам мекунад, ки камоли густохӣ аст!

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *