СиёсатТоҷикистон

Ворух мардуми Тоҷикистонро муттаҳид мекунад

Шаҳобуддини Шуҷоъ, рӯзноманигори мустақил

Имрӯзҳо ба назар мерасад, ки ҳодисаҳои ахири марзи Тоҷикистону Қирғизистон, алалхусус задухӯрди мусаллаҳона миёни сарҳадбонони Тоҷикистону Қирғизистон  дар  Ворух ва дар роҳи ҳифзи Ватан ҷон бохтани фарзандони кишвар косаи сабри мардумро лабрез кардааст. Сокинони гӯшаву канори Тоҷикистон бо маҳкум намудани ин аъмоли муғнизонаи ҳамсоягон,  ҳимояи марзу буми Ватанро вазифаи муқаддаси шаҳрвандии худ дониста, бо амри дилу виҷдон омодагии худро аз пуштибонии мардуми Исфара баён мекунанд. Ҳамоишҳои худҷӯши мардумие, ки дар ноҳияҳои Масчоҳ, Айнӣ, Ванҷ ва Хорӯғу Кӯлоб доир шуданд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки мардум ба ҳам меоянд ва муттаҳид мешаванд. Ин гирдиҳамоҳо ба  ҳамоишҳои сохтаи ҳукуматӣ монанд нестанд ва  ҳамагӣ табииву ихтиёрӣ ва воқеинд. Ин хезиши мардумӣ рӯҳияи ватандӯстӣ дорад. Ин падидаи хурсандиовар ва умедбахш аст.

Вале дар баробари ин ҳис мешавад, ки  Ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад бештар на ба артиш, балки ба ҳамин қувваи мардум такя кунад, дар сурате, ки ҳимояи марзу буми кишвар вазифаи аввалиндарачаи нирӯҳои мусаллаҳ мебошад. Зарур аст, ки нирӯмандиву  иқтидори артиш ҳам эҳсос гардад.

Албатта ҳеҷ кас тарафдори ҷангу хунрезӣ нест ва ҳама бар он ақида ҳастанд, ки  масъалаи марз бояд бо роҳи мусолиҳатомез, аз тариқи гуфтугӯ ҳал шавад. Вале модом, ки  ҳамсоягони мо ин нуктаро намефаҳманд ва мехоҳанд  аҳдофи худро бо роҳи зӯрӣ ва фишор ба даст оваранд ва бо мушт ба сари мо омадаанд, ба ҷуз аз бо мушт ҷавоб додан чораи дигар намемонад.  Ин аст, ки мардуми кишвар имрӯз омодаанд  дар паҳлӯи сокинони Чоркӯҳ, ки солҳост дар муҳосира  зиндагӣ мекунанд ва дар ин муноқиша аз ҳама бештар хисорот дида,  беҳтарин фарзандони худро аз даст доданд, қарор дошта бошанд ва онҳоро танҳо нагузоранд. Чоркӯҳ сарзамини ниёкони мо буд ва хоҳад монд. Тоҷикон мардумони сурҳпарвар ҳастанд ва садсолаҳо бо дигар халқу миллатҳо дар фазои  ҳусни ҳамҷаворӣ зиндагӣ ба сар мебаранд. Вале агар зарурат ояд, ба ҳимояи марзу буми аҷдодии хеш қодиранд.

Имрӯз фурсате расидааст, ки мардум мехоҳад дар ҳалли ин масъала саҳм бигирад ва ҳукумат дигар мушаххас ва аломатгузорӣ намудани хатти марзро ба  мисли пештара на бо роҳи пинҳонкорӣ, балки ошкоро, бо назардошти ҳақиқати таърихӣ ва раъю хоҳиши мардум  баррасӣ ва ҳал намояд. Аз мардум пинҳон доштани ин масъалаи нозук пайомадҳои ногувор дорад. Ворух имрӯз мардумро муттаҳид намудааст ва дар чунин лаҳзаҳои ҳассос ва сарнавиштсоз ҳукумат бояд бо мардум бошад.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *