Осиёи МарказӣСиёсат

ВОРУХ ТАБОДУЛ НАМЕШАВАД !!! ОФТОБ ОМАД ДАЛЕЛИ ОФТОБ

Евгений Родионов, коршиноси мустақил

Оё  Ворух бурунбум (анклав) аст ва ё тавсиъаталабии қирғиз аз нигоҳи маншури ҳуқуқи байналмилалӣ

Вазъе, ки бинобар низоъи марзии қирғизу тоҷик ба амал омада, ба сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад, ҳеч як шахси оқилро, ки ба қавли қирғизҳо  дар ин ”ҳудуди баҳсӣ” зиндагӣ мекунанд, бепарво гузошта наметавонад.  Зеро чунин вазъ ва низомикунонии минтақа аз сӯйи ҳарду ҷониб мунҷар ба даргириҳои ҷангӣ хоҳад шуд.    Ҳама навъ чунин даргирӣ, тавре маълум аст, дар шуури инсонҳо мунъакис мегардад. Ва эълон шудани Ворух аз ҷониби қирғизҳо чун бурунбум наметавонад хашму ғазаб ва  асабонияти аҳолиеро, ки дар ин ҳудуди бебаҳси тоърихӣ зиндагӣ мекунанд, ба бор наёварад.  Зеро ки яке аз аносири ғолиби  шуури сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Ворух  он аст, ки деҳаҳои мазкур ҳаргиз бурунбуми  тоҷикӣ дар ҳудуди Қирғизистон набудаанд.

Чунин мавқеъи сокинони деҳаҳои зикршуда бо далоили зерин тасдиқ меёбад:

  1. Дар ҳеч яке аз харитаҳои топографии ҳавзаи низомии Туркистон  (ҳавза то ба соли 1992 арзи вуҷуд дошт) Ворух ҳамчун бурунбум нишон дода нашудааст.
  2. Дар харитаҳои низомию топографии то соли 1975 ва дигар харитаҳо шаҳраки Оқсой, ки бинобар арзи вуҷуд доштани он ҷониби қирғиз Ворухро бурунбум  мешуморад, чун бунгоҳи аҳолинишин дар маҳали мазкур ишорат нашуда ва вуҷуд надорад.
  3. Дар санадҳои Додситонии кулли ИҶШС, ки марбут ба таҳқиқи низоъ, ки дар маҳали мазкур 31-уми  декабри соли 1974 сар зада  буд, на деҳаи Оқсой, балки  Танги Ворух  ёдрас мешавад.
  4. Тибқи санадҳое, ки дар маъмурияти деҳаи қирғизистонии Оқсой  мавҷуданд, то соли 1975 ягон нафар сокин ҳамчун зодашуда дар ин деҳа сабти ном нашудааст,аз ин рӯ, чунин як деҳа бо сокинони қирғизаш то ба соли 1975 вуҷуд надошт.

Аз нуктаҳои дар боло зикргардида хулосаи бебаҳсе берун меояд, ки деҳаи қирғизистонни Оқсой дар натиҷаи низоъ байни аҳолии деҳаи Ворух ва якчанд хонаводаҳои қирғизӣ, ки дар деҳаи Танги Ворух зиндагӣ мекарданд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пас  аз соли 1974 пайдо шудааст.   Таҳрифи далелҳо ҳаргиз маънии онро надорад, ки онҳо вуҷуд надоранд, ҳарчанд ҷониби қирғизистонӣ  якравона хати маши хешро дар ин масъала думболагирӣ мекунад.

Дар мавриди шаҳраки  Танги Ворух таъкид бояд кард, ки ин деҳа дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, биноан, пас аз таҳқиқи низоъ, ки соли 1975 ҷой дошт, Додситонии Кулли ИҶШС қарор кардааст: аз мавҷудияти собиқаи ҳудудии  аҳолии қирғиз, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Шӯравии Сутсиёлистии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, сарфи назар шавад. Ин маънии зарурати интиқоли онҳо ба тобеъияти маъмурии ноҳияи Исфараи  ҶШС Тоҷикистонро   дошт.

Бо дарназардошти он чи ироа шуд, таъкид кардан муҳим аст, ки дар Тоҷикистон қирғизтаборон ҳамчун шаҳрвандони комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон таври сарҷамъона дар ноҳияҳои Мурғобу Лахш ва дар деҳаи Матпарии ноҳияи Исфара зиндагӣ мекунанд.     Бар илова,  онҳо ҳеч суйитафоҳуме бо сохторҳои давлатии Тоҷикистон надоранд. Аз ин рӯ,қонунӣ будани ин тасмим имрӯз низ муҳим аст.  Гузашта аз ин, агар он саривақт амалӣ мегардид, пас  раҳбарияти  қирғиз Ворухро бурунбум эълом дошта, саргуму раҳгум намезад. Ҳарчанд, назар ба иттилооти ВАО, ба ҳамагон маълуму рӯшан  аст, ки Ворух бурунбум ба шумор намеравад, вале ҷониби қирғиз бинобар мавҷудияти деҳаи Оқсой чунин мешуморад. Барои он ки тоърихи таъсисёбии деҳаи қирғизистониро дар маҳали  Танги Ворух, ки баъдан ба деҳаи қирғизии Оқсой табдил ёфтааст, рӯшан  намоем, пайдарпайии силсилавии  ҳаводиси рухдодаро баррасӣ хоҳем кард.

Аз ҷумла, пас аз муайян шудани марзҳои байни Ҷумҳурии Шӯравии Сутсиёлистии Ӯзбакистон ва Ҷумҳурии Шӯравии Сутсиёлистии Федеротивии Русия дар мавриди Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сутсиёлистии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сутсиёлистии Қаро-Қирғиз, ба тоърихи 17-и марти соли 1927 Қарори Ҳизби  Коммунистии (болшевикони) Русия  ва Комиссариати Мардумии Шӯравии ( Совнаркоми) ИҶШС “Дар бораи гузариши  аҳолии қирғиз ба  шеваи  муқимии  зиндагӣ” интишор ёфта буд.   Тибқи санади мазкур қирғизҳое, ки  дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд, ҳамакнун ба маркази миллию маъмурии хеш- ноҳияи Ботканд тобеъ мешуданд. Фароянди гузариши қирғизҳо ба  шеваи муқимии  зиндагӣ  соли 1938 хотима ёфта буд.

Барои раҳбарияти кунунии  Қирғизистон  ин як баҳонаю сабабе барои бурунбум  шуморидани Ворух гардид, чун аз ҳар ду тарафи роҳе, ки ба сӯйи  Ворух мебарад, қирғизҳое зиндагӣ  мекунанд, ки зиёд шудаанд, заминҳои холиро ишғол кардаанд ва парчами Қирғизистонро дар қаламрави Тоҷикистон афрохтаанд. Ин дар замони мутамаддини мо бидуни иҷозат, дар рӯзи равшан, бо баҳам задани ҳамаи принсипҳои  ҳуқуқи байналмилалӣ рух додааст.  Бояд мутазаккир шуд, ки дар Аврупо чунин як кишваре бо номи Нидерланд ҳаст, ки дар тарҷума аз забони инглисӣ маънии  ”замини бесоҳиб” дорад.   Нидерландҳо  марзи худро доранд. Барои худ тасаввур бикунед, ки ҳар як шаҳрванди ин кишвар дар болои боми хеш парчами миллияшро насб кард, пас Нидерланд як кишвари хеле  “бисёрранга”мебуд, вале дар Аврупои мутамаддин чунин нашуд. Вале дар  мо  ҳатто хабарнигорон ба моҳияти масъала сарфаҳм нарафта, Ворухро ҳамакнун бурунбум эълом  медоранд.

Таъкид медорем, ки аз рӯйи принсипҳои  ҳуқуқи байналмилалӣ ягона асоси ҳуқуқӣ, ки тибқи он марзҳои муқарраршуда эътироф мешаванд, санаде ба кор меояд, ки аз ҷониби мақомоти қонунгузории  давлатҳои ҳамҷавор ба тасвиб расидааст. Чунин асноде, ки  хатти убури марзи  Тоҷикистону Қирғизистонро муайян мекунанд, инҳоянд:

  1. Харита оид ба барқарор намудани марзи байни ҳар ду ҷумҳурӣ дар соли 1927. Харитаи мазкур бо муҳри Кумитаи Марказии Иҷроияи ИҶШС таъйид ёфта ва аз ҷониби муншии Кумитаи Марказии Иҷроияи ИҶШС Янукидзе ба имзо расидааст. Шарҳи матнии харитаи мазкурро Магидович – раиси Ликвидкоми ИҶШС ба имзо расонидааст. Ба уҳдаи ӯ барқарории  марзҳои давлатҳои тоза таъсисёфтаи Осиёи Миёна ҳангоми тақсимоти миллию ҳудудии соли 1924  шомил мешуд, ки 17-и марти соли 1927 хотим  ёфта буд.
  2.  Дар замима ба  харитаи соли 1927 шарҳи матнии  марзи байни Ҷумҳурии Шӯравии Сутсиёлистии  Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Шӯравии Сутсиёлистии Федератсиюни Русия, ки аз тарафи раиси ликвидком Магидович ба имзо расидааст, мавҷуд мебошад.
  3. Қарори КИМ (Кумитаи Иҷроияи Марказии) ИҶШС, ки мақоми қонунгузор маҳсуб мешавад, дар бораи тасвиби ду санади фавқулзикр, ки ба тоърихи 17-и  марти соли 1927 қабул шудааст.

Бояд мутазаккир шуд, ки  ин ҳама се санад дар  Бойгонии давлатии Марказии Инқилоби Октябр нигаҳдорӣ мешуданд ва ҳоло дар Бойгонии  давлатии Марказии Федератсияи Россия дар шаҳри  Маскав ҳифозат мешаванд.

Тибқи ин се санади зикршуда, ки мақоми асоси ҳуқуқии  барқарории марз байни Тоҷикистону Қирғизистонро дорад, Ворух бурунбум набуда ва Танги Ворух ва деҳаи пайдошудаи Оқсой дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Маҳз бинобар он чӣ гуфта шуд,  ҳама санадҳои фавқулзикр аз ҷониби Қирғизистон  эътироф намегардад.   Вале,  чун асосу далели  мавқеъи худ аз ҷониби онҳо санадҳои аз нигоҳи ҳуқуқӣ беарзиш ва изҳороти бебунёд дар ин бора, ки аз ҳамон оғоз Қирғизистон ба ин тақсимбандии ҳудудӣ розӣ набудааст, пешниҳод мегардад.

Ғайр аз ин, далели зерин ба  назар гирифта намешавад: дар Қонуни асосии даврони шӯравии  ҳар ду ҷумҳурӣ  зикр шуда, ки Ҷамоҳири Шӯравии Сутсиёлистии Қирғизистон ва Тоҷикистон дар марзҳои худ вуҷуд доранд. Саволе пайдо мешавад:  агар марз байни ин ҷумҳуриҳо муқаррар нашудааст, пас чаро дар Қонуни асосии ҳар ду ҷумҳурӣ чунин меъёрҳои ҳатмии мазкур дарҷ гардидаанд?

Илова бар он,  дар давраи сипаришуда пас аз соли 1927 дар асоси марзҳои мавҷуда байни  ду ҷумҳурӣ  якчанд тағйироти марзӣ сурат гирифтааст. Аз  дутои онҳо ёдовар мешавем:

  1. Бинобар интиқоли маҳали аҳолинишини Ҷигдалик аз ҳайати Ҷумҳурии ШС Қирғизистон ба ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҳали аҳолинишини Самарқандак аз ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҶШС Қирғизистон дар соли 1928 тағйироти ҷузъии марзӣ сурат гирифтааст.   Чунин табодули маҳалҳои аҳолинишин ҳамчун  “тағйироти ҷузъии   марзҳои байни ҳарду ҷумҳурӣ”  муайяну мушаххас  гардидааст, ки мутаносибан дар бораи мавҷудияти марзи дақиқан муайяншуда далолат мекунад.
  2. Дар соли 1974 тағйироти  ҷузъии марзӣ  байни ҶШС Қирғизистон ва ҶШС Тоҷикистон дар минтақаи деҳаи Арка ва деҳаи тоҷикистонии Хистеварз сурат гирифтааст, ки аз тарафи мақомоти қонунбарори ҳарду ҷумҳурӣ тасдиқ гардидаанд.

Ҳама ҳаводиси ироашуда то ба зода шудани насли кунунӣ, ки ин далоили таърихиро инкор мекунад ва “зинда буридан”-и акнун муносибатҳои анъанавии неки ҳамсоягӣ, дӯстона ва мутақобилан судманди байни ду халқи бародарро, ки дар тӯли асрҳо ташаккул ёфтаанд, пешниҳод мекунад,   сурат гирифтааст. Дар ин росто  ба ёд овардани ҳикмати маъруф ба маврид аст:  «Агар ту ба гузашта аз туфангча тир бипарронӣ, он ба ту аз тӯп оташ хоҳад кушод».

Ба таҷрубаи ҷаҳонии ҳаллу фасли баҳсҳои ҳудудӣ руҷуъ карда, бояд таъкид дошт, ки дар ҳуқуқи байналмилалӣ ҳангоми муайян кардани марзҳо  принсипи  “ҳар он чи дорем, дорем”амал мекунад. Тибқи ин усул дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Африқо, байни Чин ва Ветнам, ҳамчунин дигар давлатҳо марзҳо муқаррар гардида буданд.  Вале дар ҳоли ҳозир истифодаи чунин усул аз сабаби ҷониби қирғиз ният надорад воқеъиятро эътироф бикунад,  ғайриимкон аст.

Дар таҷрубаи ҳуқуқи байналмилалӣ 10 принсип ҳаст, ки муносибатиҳои байнидавлатиро ба танзим медароранд. Ин принсипҳо иборатанд аз:

– Принсипи истифода набурдани нерӯ ва таҳдид бо нерӯ.

-Принсипи ҳаллу фасли баҳсҳои байналмилалӣ бо шеваҳои мусолиҳатомез.

– Принсипи адами дахолат ба корҳое, ки ба салоҳияти дохилии давлатҳо шомиланд.

– Принсипи уҳдадории бо ҳамдигар ҳамкорӣ  кардани  давлатҳо.

– Принсипи баробарҳуқуқӣ ва таъйини  сарнавишти худии халқҳо.

– Принсипи баробарии мустақили давлатҳо.

-Принсипи иҷрои поквиҷдононаи уҳдадориҳо оид ба ҳуқуқи байналмилалӣ.

– Принсипи тахрибнопазирии   марзҳои давлатӣ.

– Принсипи тамомияти арзии давлатҳо.

– Принсипи эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон.

Бо назардошти ин принсипҳо, ҷумҳурии мо дар натиҷаи аъмоли тавсиъаталабонаи ҷониби қирғиз ба чунин вазъ гирифтор шудааст.

Ҳангоми баррасии ҳодисаи 11-и январи соли равон  маълуму рӯшан  мегардад, ки ҷониби қирғиз, ки дар ҳудуди Тоҷикистон бунёди  роҳи мувофиқанашударо таҳти пуштибонии дастаи марзбонони тақвиятёфтааш ба роҳ монда, ба талаботи қонунии ҷониби тоҷикистонӣ  дар мавриди қатъи пешбурди корҳо дар ҳудудашон  бо истифодаи силоҳ посух додааст, принсипи истифода набурдани нерӯ ва таҳдид бо нерӯро ба вазоҳат вайрон  кардааст.

Хилофкорие, ки аз ҷониби қирғиз роҳ дода шудааст, бо  далоили зерин тасдиқ мешаванд:

  1. Ҷое, ки дар он роҳ сохта шуда, дар он низоъ сар зад, аз рӯйи тамоми  санадҳо ва харитаҳо ҳудуди Тоҷикистон мебошад.
  2. Қирғизҳо нахустин шуда ба марзбонони Тоҷикистон, ки қатъи пешбурди корҳоро дар қаламрави Тоҷикистон талаб карданд,  оташи тир кушоданд, ки дар натиҷаи таҳқиқоти комиссиюни муштараки тоҷикистонию қирғизистонӣ, ки барои таҳқиқи ҳодисаи мазкур созмон ёфта буд, тасдиқ ёфтааст.
  3. Ғайр аз ин, тоърихи ҷаҳонӣ далолат бар он мекунад, ки ҳама баҳсҳо дар асоси консенсус( ризоият)  ва ё маҷбурсозии яке аз ҷонибҳо  ҳаллу фасл хоҳанд шуд.

Яке аз навъҳои маҷбурсозии ҷониби дигар ба қабули тасмим, ки ба нафъи ҷониби мухолиф аст, муҳосираи сулҳомез  мебошад. Қирғизистон, марзҳои хешро баста ва воқеан, Тоҷикистонро аз дигар кишварҳои ИДМ ҷудо сохта,   муҳосираи сулҳомезро ҳамчун фишанги маҷбурсозӣ  ба пиёда сохтани даъвоҳо ва амбитсияҳои   бебунёди ҳудудии хеш истифода бурдааст. Вале Қирғизистон муҳосираи сулҳомезро бидуни доштани салоҳияти байналмилалӣ ба он, яъне бидуни таҳрими Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид истифода бурдааст, ки бо ин Ойинномаи онро ва ҳамчунин ойинномаи ИДМ-ро дар бораи интиқоли озоди молҳо ва хидматрасониҳо дар қаламрави кишварҳои аъзо вайрон  кардааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз имкони дарёфти дорувориҳо ва дигар колоҳои ниёзи аввалия, ки аз Чин ва кишварҳои ИДМ ворид мешуданд, маҳрум гардидааст.

Акнун рӯйдодро аз тариқи маншури усули ҳалли баҳсҳои  байналмилалӣ бо роҳҳои мусолиҳатомез баррасӣ менамоем.

Ҷониби Қирғизистон бархилофи принсипи усули мазкур на танҳо нахустин шуда аз силоҳ кор гирифт, балки қаламрави атрофи низоъро низомӣ кард, ки дар ин бора таърихи рӯзҳои интиқоли қисмҳои низомии қирғиз далолат мекунад. Ҷониби тоҷикистонӣ ба чунин интиқоли низомиён наметавонист аксуламал нишон надиҳад, зеро ки таҳдиде ба ҳаёти аҳолии мулкии Тоҷикистон дида мешуд.

Бархилофи усули байналмилалии уҳдадории давлатҳо оид ба  ҳамкории ҳамдигарӣ, Қирғизистон сафири хешро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон вопас хонда, ҷонибҳоро аз имкони ҳамкории  самарабахш ва ҳалли масоилро дар сатҳи муносиби дипломатӣ маҳрум сохт.

Илова бар  он, ҷониби қирғиз уҳдадориҳоеро, ки  дар мавриди  шартномаҳои бо Тоҷикистон бастааш, ба зиммаи хеш гирифтааст,    риоя накарда, усули иҷрои поквиҷдононаи уҳдадориҳои байналмилалии хешро густохона поймол менамояд. Мисоли ин аз ҷониби Қирғизистон хилофкорӣ шудани “Протокол оид ба манъи баргузории корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди баҳсӣ” мебошад.

Ҷумҳурии    Қирғизистон масъалаи таъини марзҳоро бо Тоҷикистон  кашол дода, ҳадафи ихтилофкорӣ дар тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  намуда, байни тоҷикон ва қирғизтаборон, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд,  ташаннуҷ эҷод карда, иддаъоҳои нав ба нави ҳудудиро матраҳ месозад. Амалҳои мазкури қирғизҳо таҳдиди мустақим ба риояи усулҳои ҳуқуқи байналмилалӣ  оид ба марзҳои давлатӣ мебошад.

Аз даҳ усули ҳуқуқи байналмилалӣ, ки Созмони Милали Муттаҳид эътироф кардаааст, Ҷумҳурии Қирғизистон дар сиёсати хеш оид ба баҳсҳои ҳудудӣ бо Тоҷикистон, дастикам панҷ усулро хилофкорӣ мекунад, ки барои давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ғайри қобили қабул  мебошад.

Дар вазъи мазкур он чиз низ холӣ аз аҳамият нест, ки дар вилояти Ботканд беш аз 30 000 тоҷиктаборон зиндагӣ мекунанд, ки анқариб  се маротиба зиёдтар   аз теъдоди аҳолии маркази вилоят- шаҳри Ботканд мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеч як иддаъои ҳудудӣ бо ҳудудҳои зисти сарҷамъонаи онҳо надорад.

Бо дарназардошти вижагиҳои ҳайати миллии   водии Фарғона , ҳама пажуҳишгарон ва сиёсатмадорон дар як андешаи воҳиданд, ки ҳар навъ даъвии ҳудудии як кишвар ба кишвари  дигар, мунҷар ба оқибатҳои ғайри қобили пешбинӣ хоҳад шуд. Лиҳозо, раҳбарияти  Тоҷикистон дар муносибат бо раҳбарияти Қирғизистон ва амалкардҳои онҳо таҳаммулпазирӣ, таодул, хирадмандӣ  ва эҳтиёткорӣ нишон медиҳанд.  Вале рафтори номуносиби раҳбарияти Қирғизистон метавонад боъис ба вазъи баргаштнопазир гардад, ки бар зиёни ҳарду халқи бародар тамом хоҳад шуд.

Баргардон аз русӣ.

Аз сащифаи М. Рустамзода

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *