ИқтисодТоҷикистон

ДАР БОЛОРАВИИ НАРХ КӢ ГУНАҲКОР: САВДОГАР, ҲУКУМАТ Ё РАМАЗОН?

Payk. Tj

Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони гиромиқадр! Солҳои пеш бо шунидани чунин табрикот дил пур аз фараҳ мешуд. Ҳоло бар асари болоравии бесобиқаи нарх дар бозор бо шунидани суханҳои табрикотӣ ҳоли кас парешон мешавад. Ҳанўз 1 ҳафта қабл аз фарорасии ид нархҳо боло рафтан гирифтанду мардум дар ташвиш афтод, ки чӣ харида метавонаду рўйи дастархон чӣ мегузорад,то фалону фалонҳо эрод нагиранд.

Кас намедонад ин ҳама гаронсозии нархҳо аз куҷо сарчашма мегирад. Модоме, ки мардуми оддӣ аз ин амал зарар мебинад, пас кӣ фоида мегирад. Аниқтараш кӣ аз бадбахтии мардум сарват ҷамъ меорад. Кӣ гунаҳкор аст: ҳукумат, савдогарони бозор, моликони истеҳсолот, мамолики хориҷӣ ё ислом бо Рамазону идҳояш?

Қулфинай саҳар 9 сомонӣ, бегоҳ 16

Дар бозор саҳар дидам, ки нархи қулфинай 9 сомонӣ буду бегоҳ онро бо 16 сомонӣ мефурухтанд. Пас аз субъектҳои дар боло номбаркарда кӣ гунаҳкор аст? Модоме, ки савдогар онро метавонад бо 9 сомонӣ фурўшад, пас соҳибмол онро бо 6 сомонӣ ба савдогар фурўхтааст. Боз ҳам мепурсем, ки кӣ гунаҳкор? Ба андешаи мо субъекти дувум- савдогари бозор. Як рўз қабл дидам, ки тухми мурғ 1 сомонию сӣ дирам буд, рўзи дигар ин нарх ба 1 сомонию 60 дирам боло рафт. Орду равғану шакару дигару дигар ашё ҳам ба зудӣ гароннарх шуданд. Яъне на соҳибкор, на моликони истеҳсолот на мамолики хориҷӣ ва на ҳатто Рамазону ислом дар ғорати мардум то ба ин ҳадд ва чунин суръат азм карда наметавонад. Савдогари бозор аст, ки ашёро қиммат мекунад ва худ ҳам фоида намегирад, чунки шакар мефурўшаду қулфинай мехарад, орд мефурўшаду равған мехарад. Гаронкунии нарх аз аблаҳиаш аст. Ҷояш дузах мешаваду тамом. Савдогар ҳам метавонад бигўяд, ки доллар қиммат шуд ё нархро дасти аввал қиммат кард… ва ба ҳамин монанд сад баҳонаи дигар.

Чаро маҳсулоти ватанӣ гароннархтар аз маҳсулоти бегона аст?

Чун нек бингарем, дигар субъектҳо ҳам онқадар бегуноҳ нестанд. Бигирем масъулини ҳукуматҳои маҳалро. Магар онҳо ба нархи бозор таъсир расонида наметавонанд? Албатта метавонанд. Ягон фишор лозим нест. Аз рўйи қонунҳои мавҷуда амал кардан лозим.  Нархи сўзишворӣ- бензин, солярка ва газро баланд кард, аз онҳо муносиби нарх андоз талаб кардан лозим. Гуфтан лозим, ки бародар, нархи бензин 5 сомонӣ буд, сад сомонӣ андоз месупоридӣ, ҳоло, ки нарх 9 сомонӣ шудааст бояд 190 сомонӣ супорӣ. Дар акси ҳол фаолиятат қатъ карда мешавад. Албатта, агар мамолики хориҷӣ дар боло рафтани нарх гунаҳкор бошанд, кор дигаргуна мешавад. Гумон надорам, ки дар боло рафтани лаҳзаинаи дигар маводи хўрокворӣ ҳам хориҷиён гунаҳкор бошанд. Басо мебинӣ, ки тухм дар Россия бо сомонӣ гардонӣ 60 дирами мо нарх дораду дар Тоҷикистон ду баробари он. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳамарўза тариқи расонаҳои хабарӣ муждаҳо ба гўш мерасанд, ки дар ину он гўшаи диёр фабрикаи наву бузурги замонавие ба истифода дода шуд. Тариқи шабакаҳои телевизионӣ соҳибкори соҳиби фабрика сад ваъда дар мавриди истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда медиҳанду ҳазор ваъда дар мавриди таъмини аҳолӣ бо гўшту тухми парҳезӣ ва арзон. Дар ин сурат хуб мебуд расонаи хабарӣ навори аввалро пахш мекарду сипас дуввумбора нархи маҳсулоти гароннархи уро ба тамошо мегузошт. То замоне, ки дар шаҳри Кўлоб фабрикаи бузурги паррандапарварӣ набуду тухм ва гўшти мурғ аз дигар ҷо ворид мешуд нарх арзон буд. Бо сарфи 1 миллион доллар фабрика сохтанду нархро бало зад. Дурусттар назар афканӣ, нархи ашёи воридотӣ хеле арзонтар аз ашёи истеҳсоли худӣ аст.

Хуллас, ҳар қадар, ки фабрикаҳои паррандапарварӣ зиёд мешаванд нархи гўшти мурғ ва тухм ба ҳамон андоза боло меравад, ҳар қадар, ки масоҳати боғҳои интенсивию ғайриинтенсивӣ ва ҳатто суперинтенсивӣ зиёд мешавад, нархи меваҷот ҳамон андоза боло меравад. Умуман ҳар ашёе, ки дигар аз хориҷа ба мамлакат ворид намешаваду худамон истеҳсолаш мекунем, нархаш ба таври бесобиқа боло меравад. Чӣ, мо нафси хеле калон дорем ё диламон ба маводи истеҳсолкардаамон сахт месўзад, ки бо нархи пештара фурўхтааш наметавонем? Агар чунин аст, чӣ лозим истеҳсоли ватаниро ба роҳ мондан!? Бигзор маҳсулот аз хориҷа ворид шаваду нархи мувофиқ ба киссаи мардум бошад.

Агар маҳсулоти худӣ боз дар хориҷи мамлакат харидор ёбад, боз ҳам нархаш дар ҷумҳурӣ болотар меравад.

Манзури мо ҳамин аст, ки ҳукумати маҳал мебинад, ки ҳаннотони бозор мардумро ғорат карда истодаанд, коре аз дасташ бар намеояд. Чаро? Ба ин, ба андешаи мо худи мардум ҳам айбдор аст. Чун ҳукумат даст ба фишори ҳаннотон мезанад, басо дидаам, ки ҳамин мардуми камбизоат ҷониби ҳаннотро гирифта зидди ҳукумат садо баланд мекунад. Фақат барои он, ки ҳаннот ҳамсоя ё хешаш аст зидди ҳукумат ҷанҷол оғоз мекунад. Манфиатҳои худро батамом фаромўш месозад. Боз ҳам ба андешаи мо ба ҳамин гумроҳии мардум нигоҳ накарда ҳукумати маҳал бояд баҳри пешгирии сунъии гаронсозии нарх иқдом кунад. Бале, чӣ илоҷ, дар ҳоле, ки некӣ ба мардуми гумроҳу бечора то ба ин ҳадд вазнин аст. Ин маънои онро надорад, ки бигзорем, гургони бозор мардумро дар пеши чашми онҳо пора пора кунанд.

Идораҳои санитарӣ куҷоянд?

Имрўзҳо ҳаннотон зери офтоби сўзон ҳазорҳо шиша оби нўшокии бе ҳамин ҳам пастсифатро гузошта савдо мекунанд, аммо ин амал пинаки ягон хадамоти зиддахлро беҷо намекунад. Тибқи дастурот ин гуна обҳо бояд дар мағозаҳои салқин ё ҳатто дар яхдонҳо нигоҳ дошта шаванд. Ҳамаи ин қоидавайронкуниро дида на идораи санитарию эпидемологӣ сари  мўе меҷунбаду на идораи Стандартизатсия.

Мардум ҳам гунаҳкор аст

Замони камтар аз 100 сомонӣ будани як халта орд рўйи дастархони мардум ҳамон миқдор нон буд, ки ҳоло ҳаст. Нархи қандфит ҳам даҳ баробар поён буду рўйи дастархон пур аз қандфитҳои пастсифат буду ҳоло ҳам ҳамон миқдор пистаю мағзу мавиз ва қандфит рўйи дастархон аст. Нархи равған 55 сомонӣ барои 5 литр буду дар иду айём мардум орзуқ ва ҳавло мепухт, ҳоло, ки нархи ин мавод ду баробар боло рафтааст, мардум ҳамон андоза маводи равғанталаб мепазад. Нархи сўзишвории мошин ду баробар поён буду кўчаҳо пур аз мошин буданд, ҳоло ҳам ҳамон миқдор мошинҳо дар ҳаракатанд. Дар ин шабу рўз дар ягон истгоҳи шаҳр барои гузоштани мошин ҷой нест, аз куча ба осонӣ гузашта намешавад. Нархи гўшт 35 сомонӣ буду дар табақ ду кулула гўш меандохтанд, ҳоло, ки нарх ба 70 сомонӣ боло рафтааст дар табақ се кулула гўшт меандозанд.

Дирўз як зан шикоят аз гуруснагӣ мекарду мегуфт ягон чакра равған нест, ки дар саҳари рузадорӣ барои фарзандонаш гардов пухта диҳад. Панҷ кило орд надорам, ки дар тафдон ду нони сесума пухта шикам сер кунем, мегуфт он пиразан. Дилам хеле сухту охирин пули дар кисса будаамро ба ў додам, то 5 кило орд хараду се литр равған. Рўзи дигар, яъне се рўз пеш аз иди Рамазон, тасодуфан ўро дар бозор дидам, ки бо халтаи пур аз қандфитҳои гаронбаҳо меомаду арсиколаҳои 11 сомона. Ба наздаш рафта пурсидам, ки апа, ҳама чизро харидӣ ё не? Гуфт не, инҳоро бурда гашта омада себи эронӣ бо 30 сомонӣ барои 1 кг мехараду апелсин ва киви. Боз мепурсид, ки магар мешавад нахарӣ?

Мулло ҳаннотро ба ҷаннат мефиристад?

Вақте гўштфурўшон нархи гўштро дар як шаб аз 40 то 65 сомонӣ боло бурданд, мардуми камбизоат салоҳ надид, ки ақалан як ҳафта ба ҷойи гўшт дигар мавод истеъмол карда барои ин амали ноҷавонмардона савдогарони ҳаннотро ҷазо бидиҳанд. Гиристанду нолиданду мисли пештара хариданду бурданд ва ба ҳаннотон кумак карданд. Чун ҳаннотсавдогарон ҳама намозхонанду ҳоҷӣ, бегоҳ ҳатман барои фиреби назар ба масҷид мераванд. Чун ба масҷид мераванд, ҳатман ба киссаи мулло чанд сомонӣ меттиқонанд, то барои ба ҷаннат рафтан роҳхаташон диҳанд. Дигар мулло ҳам амали гаронкунии нархро аз аъмоли шайтонӣ намеҳисобад. Инҷо мулло ҳам гунаҳкори мутлақ нест, чунки ў ҳам бояд ризқ ёфта рўз гузаронад.

Акнун хонанда, худ андеша кун, ки дар боло рафтани нарх ва бадбахтии мардум кӣ гунаҳкор аст: ҳукумат, савдогарони бозор, моликони истеҳсолот, мамолики хориҷӣ ё ислом бо Рамазону идҳояш?

Мо бошем ба хулосае омадем, ки дар болравии нарх худи мардум гунахкор аст. Сатҳи фаҳмиши авом имкон намедиҳад, ки ҳуқуқи харидории худро истифода бурда ҳаннотонро ба муҷозот кашад. Агар ҳама мардум аз хариди ин ё он маҳсулоти ба таври сунъӣ қимматшуда ба муддати ҳамагӣ 1 ҳафта даст кашад, маҳсулот ҳатман арзон мешавад. Барои ин корро кардан фармони иловагӣ лозим нест.

Дар китоби «Тазкират-ул авлиё» омадааст. Шахсе ба Боязид аз боло рафтани нархи маҳсулот шикоят кард. Шайх гуфт: «Боке нест, онҳо қиммат карданд, мо арзон мекунем.» Он шахс пурсид чигуна? Шайх гуфт чун нархро боло бурданд, мо чанд муддат аз хурдани он мавод парҳез мекунем, маҷбур мешаванд арзон кунанд.

  А. Иброҳим

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *