Осиёи МарказӣСиёсатТоҷикистон

Дар Ворух бояд “марзҳои симхориву фудолӣ бунёд бишаванд!”

“ВОРУХ – ТОҶИКИСТОН” ВА “КОРЕЯИ ШИМОЛӢ”.

ДАР САФАРИ илмии худ ба Нимҷазираи Корея, яъне минтақаҳои паҳновари шарқи Осиё ва соҳили Уқёнуси Ором, ки яке аз ҳадафҳои асосиям омӯхтани вазъияти марз ва суботи сиёсии Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷумҳурии демократии халқии Корея буд.

КОРЕЯИ ШИМОЛӢ бо номи расмӣ Ҷумҳурии демократии халқии Корея кишваре мебошад дар минтақаи шимолии нимҷазираи Корея ва шарқи Осиё. Пойтахт ва бузургтарин шаҳри он Пёнгянг аст. Ин кишвар аз ҷануб бо Кореяи Ҷанубӣ, аз шимол бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз шарқ бо обҳои байналмилалӣ ва дарёи Ҷопон ва аз зовияи шимолу шарқӣ марзи кӯчаке бо Федератсияи Россия дорад.

НИМҶАЗИРАИ Кореа дар охирҳои асри нуздаҳум то аввалҳои асри бистум тавассути Импротурии Кореа идора мешуд. Ин Нимҷазира аз соли 1905 ба тасарруфи Импротурии Ҷопон даромад ва панҷ сол баъд ба таври расмӣ бахше аз кишвари Ҷопон шуд. Бо шикасти зиёдаравии Ҷопон дар ҷанги ҷаҳонии дуввум қисмати шимолӣ ба тасарруфи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ ва қисмати ҷанубӣ ба тасарруфи Амрико даромад. Ба ин тартиб Кореяи Шимолӣ соҳиби ҳукумати муттаҳид бо “Блоки Шарқ” шуд ва Кореяи Ҷанубӣ соҳиби ҳукумате тарафдори Ғарб шуд ва ин дар ҳоле, ки ҳарду Корея яъне Шимолӣ ва Ҷанубӣ иддаъои ҳокимият бар кулли Шибҳи ҷазираи Кореаро доштанд. Ин ихтилофот дар соли 1950 ба ҷанги Кореа анҷомид, ки дар он ҳазорон тан кӯдакону модарону ҷавонону низомиён ҷони худро дар минтақаи марзии Кореяи Ҷанубӣ ва Кореяи Шимолӣ аз даст доданд ва бо дахолати бегонагон ва дасисаҳои қудратҳои минтақавӣ аҳолияш зиндаҷудо гаштанд. Ниҳоятан дар соли 1953 бо миёнаравии Созмони Милали Муттаҳид, Шурои Амният ва дигар кишварҳои сулҳхоҳ бо паймони оташбас ҷанги хунини марзиву ҳудудӣ хотима ёфт. Аммо дар тӯли 60 соли охир то ба имрӯз муноқишаҳои марзиву ҳудудӣ ва қувваозмоиҳо дар сарҳади ду кишвар, қатлу куштор, тирпарронӣ, убури ғайриқонунии шаҳрвандони ҳарду кишвар дар марз идома дошта бештар дар ин қазия Кореяи Ҷанубӣ зарарҳои моливу инсонӣ дидааст ва сокинони сарҳадии он дар ваҳм ва нооромӣ зистаанд. Ҳамин аст, ки Кореяи Шимолӣ аз ҷумлаи чанд кишварест, ки Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид онро ба нақзи густардаи ҳуқуқи башар ва бепаймонӣ муттаҳам сохтааст.

Бо идома ёфтани ҷангҳо дар марз ниҳоятан ду кишвар Кореяи Ҷанубӣ ва Кореяи Шимолӣ маҷбур шуданд, ки бо даъвати Созмони Милали Муттахид ва муттаҳидони худ ҳазорон километрро бо симхорҳои сангини фулодӣ девор кунанд зеро ягона роҳи ҳал дар қатлу куштор миёни ду марз ҳамин буд. Ҳарчанд ин амал кори осон набуд аммо бо хазинаи хеле бузург ва нишонагузориву муайян сохтани қаламрави ду давлат он сурат гирифт. Ва ҳоло мо дар ҳудуди ин ду кишвар ба деворҳои баланди симхориву фулодӣ шоҳид мегардем, ки қабатро дар бар мегиранд, ки қабати якум девори амниятӣ, қабати дуввум девори дифоъӣ ва қабати сеюм девори назоратии шаҳрвандӣ аст.

Дар сафари худ дар ин минтақа мо ба воқеъияти низоъот ва ҳалли бӯҳронҳои ҳудудии ду кишвар аз наздик дидан намудем, ки омӯзиш ва маърифати он метавонад барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ муфид бошад.

ДАР ҚИЁС БА МИНТАҚАИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ низ тақсимоти марзӣ ҳудудии ноодилона аз ҷониби Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ сурат гирифт, ки баъд аз соли 1924 – 25 ихтилофотро миёни сокинони Осиёи Марказӣ бунёд гузошт ва ҳалли қазияҳои марзӣ миёни кишварҳо аз ҷумла қаламрави Ворухи Тоҷикистон воқеъ дар сарҳади кишвари бемарзу бенишоне аз таърих – Қирғизистон, ки “Қирғиз”- аз забони оилаи олтойӣ ва “Истон” – аш ҳамон “Остон, Истон” – тоҷикӣ яъне тафсири забоншинохтиаш “Ватан” мебошад, ҳамчун захм дар бадани Осиёи Марказӣ боқӣ монд.

Ҳарчанд, ки буҳрони марзиву ҳудудӣ ва муборизаҳои сиёсӣ миёни Кореяи Ҷанубӣ ва Кореяи Шимолӣ бузургтару сангинтар ва паҳнои ҳалли он ҳатто ҷаҳонро ба ташвиш овард. Аммо қазияи марзии Тоҷикистону Қирғизистон, ки кӯчактар буда ҳамзамон шармовартар аст. Шармовар будани ин қазия марбут ба беиззатӣ, бешарофатӣ ва заъфи ахлоқи сиёсии роҳбарони Ҷумҳурии ҳамсояи Қирғизистон аст, ки сару сардори муайян надоранд ва барои онҳо на имзои созишномаҳо, на тавофуқоти минтақавию байналмилалӣ ва на ҳусни ҳамҷивориву дӯстӣ ва бародарӣ арзиши худро аз даст додааст. Пеш аз ҳама Парлумони Қирғизистон, баъзе аз вакилонаш ҷонибдори илҳоқ шудани хоки Ворух ба қаламрави Қирғизистон ҳастанд ва ё мехоҳанд замини беҳосилу бесамари худро бо замини ҳосилхезу пурсамари мо Ворухи Муқаддас иваз кунанд, ки инро Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва миллати муттаҳиду бо шарофати тоҷик ҳаргиз қобили қабул нахоҳанд донист, зеро ин ҳадафи нопоки қирғиз ва иродаи бемантиқаш дар ягон меъёр ва ҳуқуқи байни давлатҳои ҷомеаи муосир рост намеояд ва ин идеология дар замини дунё дигар ҷой надорад, ки шаҳрвандони як кишварро дар хоки падарӣ ва замини таърихияшон бадрақа созӣ?! Мақомоти қирғизӣ, парлумони қирғизӣ, Васоити Ахбори Оммаи қирғизӣ бидонанд, ки Ворухи Муқаддас “Қарабоғи Кӯҳӣ” нест, онипорае аз ҷисми Тоҷикистони бузург аст, ки фарзандони содиқаш дар атрофу акнофи олам, дар соҳили дарёи Халиҷ то Хуросону Бадахшон ва ҷисму ҷони Тоҷикистон бо ҷону моли худ аз ин хоки муқаддас дифоъ хоҳанд кард.

ДАР бардоштҳои сафари худ ба марзҳои паҳновари Кореяи Ҷанубӣ ва Кореяи Шимолӣ шаҳрҳои  Сеул ва Пиёнгянг ба натиҷае расидам, ки калидитарин роҳи ҳалли муноқишаҳои марзиву сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон нахуст дарки воқеъии эҳтироми сулҳ аз ҷониби фармонравоёни ду кишвар (Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори сулҳ), роҳандозии ҳайъатҳои дипломатии тавонову муқтадири донишманду таҳаммулпазир ва дар ниҳоят кори асосӣ ин бунёди деворҳои баланди фулодӣ ва харитабандии симхорӣ бо иштироки ду кишвар мебошад. Агарчи кори саҳлу осон нест, аммо маърифатшиносии илмии этникӣ ва инсоншинохтии хуни қирғиз моро водор месозад, ки ин кори душворро амалӣ созем зеро хуну вуҷӯду пайванду асолату таъриху фарҳанги мо ба куллӣ аз қавми қирғиз фарқ мекунад ва он ҳатто қобили қиёс нест. Ва ин маънои онро надорад, ки мо як миллатро пасту як миллати дигареро баланд гуморем зеро аҳдофи мо дар заминаи инсоншиносӣ марбут ба маърифатшиносии илмӣ ва сиёсӣ аст.

ОСИЁИ МАРКАЗИИ орому осуда ва бо амну субот ҳамвора орзуҳои ман аст!.

Ф. Замон, журналист ва гузоришгар

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *