Илм ва фарҳангТоҷикистон

Дар Кӯлоб нимпайкараи Кароматулло Қурбонов гузошта шуд

Дар Кӯлоб, дар саҳни  Коллеҷи ҷумҳуриявии санъат нимпайкараи овозхони шинохтаи тоҷик Кароматулло Қурбонов гузошта шуд.

Дар ин бора писари овозхон Муҳаммадрафеи Қароматулло дар саҳифаи худ дар Фейсбук хабар додааст.

Маросими пардабардорӣ  аз рӯйи нимпайкараи ҳунарманд бо иштироки раиси вилояти Хатлон  Қурбон Ҳакимзода ва фарзандони овозхон – Муҳаммадрофеъ ва Нозия баргузор гардид.

Фарзандони овозхон аз ин иқдом  миннатдориии хонаводаашонро ба мақомоти тоҷик баён дошта, изҳор кардаанд, ки  талош мекунанд, давомдиҳандаҳои сазовори ҳунари падарашон бошанд.

Коллеҷи мазкур аз соли 2018 бо амри раисҷумҳур номи Кароматулло Қурбоновро дорад.

Ин ҳунарманд дар айни камолоти эҷодӣ дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон  18-уми октябри соли 1992 ҳангоми бозгашт аз як тӯй дар ноҳияи Ёвон кушта шуд.

Кароматулло Қурбонов дар тӯли умри кӯтоҳаш беш аз 7 албоми сурудҳои худро, ки аз 76 тарона иборат мебошанд, сабт кардааст.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *