ИқтисодТоҷикистонҲамкорӣ

Дар Тоҷикистон “Биржаи меҳнатии муҳоҷирон” таъсис ёфт

Дар Тоҷикистон ба хотири ба кор таъминкунии шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар корхонаи “Биржаи меҳнатии муҳоҷирон” таъсис ёфт

ДУШАНБЕ, 20 май – Sputnik. Дар назди Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон корхонаи “Биржаи меҳнатии муҳоҷирон” ба фаъолият шурӯъ кард.

Федератсия ва ташкилоти ҳамузви он дар ҳамкорӣ бо ташкилоти иттифоқҳои касабаи давлатҳои узви ИДМ дар самти муҳоҷират ҳамкории тарафайн дошта, фаъолияти Биржаи меҳнатӣ дар оянда барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва муташаккилона сафарбар намудани онҳо тибқи шартномаҳои тарафайн бо шарикони хориҷӣ робитаҳоро ба роҳ мемонад.

Дар ин бора аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар додаааст.

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ҳадаф аз таъсиси “Биржаи меҳнатии муҳоҷирон”-ро васеътар татбиқ кардани ҳадафҳои оинномавии ташкилоти иттифоқҳои касаба арзёбӣ кард.

Вай гуфт, ки алҳол иттифоқҳои касаба дар асоси имконоти нав фаъолияти худро таҷдид намуда, ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кормандонро ҳифз менамояд.

Директори биржа Юлдош Эшов таъкид доштааст, ки мақсади асосии корхона бо кор таъминкунии шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар, ҳамчунин ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатӣ ва иқтисодӣ-иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ, расонидани кумаки амалӣ барои дарёфти ҷойҳои нави корӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдори давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *