Осиёи МарказӣСиёсат

Дар Туркманистон мансабдорон ба хотири ёдбуди падари Президент мӯи сари худро тарошиданд

Дар Туркманистон ба мансабдорон амр дода шуд, ки ҳамчун аломати ҳамдардӣ нисбат ба  падари фавтидаи Президент Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов мӯйи сари худро тарошанд ва дар сар кулоҳи миллӣ пӯшанд.

Дар ин бора  хадамоти туркмании Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Ин қоида пас аз он ҷорӣ шуд, ки Президент пас аз марги падараш бо сару либоси миллӣ дар назди мардум ҳозир шуд.

Маликқулӣ Бердимуҳаммадов – падари Президенти Туркманистон  18 апрел дар синни 88-солагӣ даргузашт. Вай сарҳанги нерӯҳои дохилии эҳтиётӣ буд, ки дар мақомоти ҶШС Туркманистон кор кардааст.

Пас аз марги падараш Президенти Туркманистон ҳафт рӯз дар телевизионҳои ҷамъиятӣ ё давлатӣ ҳозир нашуд. Ҷашнҳои Рӯзи миллии асби туркманӣ ва саги Алабай бе иштироки ӯ  баргузор шуданд ва маросимҳои идро писари Президент Сардор сарварӣ кард.

Гуфта мешавад, ки дар велаяти Лебап, дар шарқи кишвар заноне, ки дар ташкилотҳои буҷавӣ кор мекунанд, ҳамчун аломати мотам рӯймолҳои  нақшҳои сиёҳдор бар сар карданд.

Худи Президент, сарфи назар аз он, ки аз соли 2015 инҷониб дар кишвар мамнӯъияти ғайрирасмии мошинҳои торик ҷорӣ карда шудааст, дар ҳама чорабиниҳо бо мошини сиёҳ ҳозир мешавад.

Хадамоти туркмании радиои Озодӣ  қаблан хабар дода буд, ки пас аз даргузашти Маликқулӣ Бердимуҳаммадов  тамоми толорҳои зиёфат дар вилояти Марям  се рӯз баста буданд. Дар  вилаяти Лебап манъи маросимҳои арӯсӣ ҳафт рӯз давом кард. Ғайр аз он, дар вилоятҳои Марям ва Лебап  аз кормандони буҷет барои баргузор намудани маросимҳои ёдбуди падари Президент пул  ҷамъоварӣ карда шуд.

Инчунин рӯзи 24 апрел аз ҳама вилоятҳо барои иштирок дар чорабиниҳои мотами падари Президент ба Ашқобод намояндагони ақаллиятҳои қавмӣ дар либоси миллии худ  оварда шуданд.

Ҷамъоварии пул аз кормандони давлат барои пӯшонидани хароҷоти ёдбуди падари Президент дар давоми моҳи май идома ёфт. Дар ин бора мухбирони радиои Озодӣ аз минтақаҳои кишвар хабар доданд.

Дар пасманзари идомаи мушкилоти иқтисодӣ, ситонидани пул аз кормандони муассисаҳои давлатӣ бо баҳонаҳои мухталиф ба кори маъмулии  низом табдил ёфтааст. Пеш аз он  мақомот барои “ҳифзи муҳити зист”, “пахтачинӣ”, “хариди дучарха”, “хариди портрети Президент” ва дигар мақсадҳо пул ҷамъоварӣ мекарданд. Аммо тамаъҷӯии аз аҳолии камбизоат барои хароҷоти шахсан  оилаи Президенти кишвар пул ситонидан бори аввал мушоҳида карда шуд.

Пас аз даргузашти Маликқулӣ Бердимуҳаммадов таблиғоти давлатӣ фаъолияташро ба самти парастиши шахсияти ҳамсарашӣ ӯ –  модари Президент Ӯғулабат Курраева тақвият бахшид.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *