Осиёи МарказӣСиёсатҲуқуқи башар

Дар Туркманистон собиқадорони ҷанг барои “тӯҳфаҳо аз президент” пул пардохт мекунанд

 Мақомоти Туркманистон ба собиқадорон амр додаанд, ки барои   туҳфаҳое, ки рӯзи 9 май ба онҳо “аз номи президент” тақдим карда мешавад, пул пардохт кунанд.

Чунин “тамаъҷӯӣ” соли дуввум аст, ки рух медиҳад, –  менависад бахши туркмании радиои “Озодӣ”.

Омадааст, ки собиқадорони ақибгоҳ дар ин кишвар ҳар сол ба муносибати   Рӯзи Ғалаба бо туҳфаҳо сарфароз карда мешаванд, вале барои ин туҳфаҳо худи онҳо маблағ медиҳанд. Дар айни замон, маъмурияти маҳаллӣ дар бораи чунин ҷамъоварии пул аз нафақахӯрон шарҳи расмӣ намедиҳанд – менависанд рӯзноманигорон.

 Соли гузашта мақомот  аз собиқадорон 1000 манат (тақрибан 285 доллар) ҷамъоварӣ карданд, илова бар ин, онҳо  барои гирифтани нафақаи иҷтимоӣ ҳуҷҷат  тартиб доданд.

 Гуфта мешавад, ки соли гузашта иштирокчиёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳон то 9 май ҳамагӣ 200 манат гирифтанд. Қисми боқимондаи пул, бино ба маълумоти манбаъҳои номаълум, гӯё барои эҳтиёҷоти дигар нигоҳ дошта шудааст.

 Дар охири моҳи апрели соли 2021  Туркманистон ба пинҳон кардани навбатҳо дар мағозаҳои хӯрокворӣ оғоз кард ва изҳор дошт, ки ин навбатҳо  “ба обрӯи президент таъсири бад мерасонанд”.

Ёдовар мешавем, ки Туркманистон тибқи радабандии созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар пас аз Куриёи Шимолӣ яке аз худкоматарин ва пӯшидатарин низомҳо ба шумор меравад. Вазъи иҷтимоии мардум ҳам тибқи маълумотҳои расонаҳои озод торафт рӯ ба коҳиш аст.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *