Илм ва маориф

ДАЪВАТИ ОЛИМИ ТОҶИК АЗ ДАСТГИРИИ МАНИЖА САНГИН

Раҳмон Улмасов, устоди  Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон аз таҷикистониён ва тоҷикони тамоми дунё даъват кардааст, ки аз овозхони тоҷиктабори русиягӣ Манижа Сангин дастгирӣ намоянд. Ӯ навиштааст:

“Ҳамдиёрони азиз! Айни муддао мешуд рӯзҳои баромади Манижа  дар маркази пойтахт ва маркази вилоятҳо мониторҳои бузург монда, мардумро ба тамошо  даъват мекарданд. Дар тарабхонаву қаҳвахонаву боғҳо низ инро ташкил бояд кард. Телевизиони Тоҷикистон ҳам аз ҷараёни маърака бояд барномаи мустақим  ташкил намояд. Кумитаи ҷавонон байни ҷавонон таблиғ намоянд, то онҳо ба ҷонибдории  Манижа овоз диҳанд. Дар Роттердам ва дигар шаҳрҳои марказии Аврупо  ҷавононро бояд омода намуд, то  барномаҳои  мустақим пахш кунанд. Дастгирии Манижа дар ҳамин шабу рӯз барои Тоҷикистон бисёр манфиатовар аст. То ҷое ӯ  ҳоло ба имиҷи тоҷикон дар ҷаҳон табдил ёфта. Бояд аз ин лаҳзаҳо истифода намуд, зеро чунин ҳолат  шояд дар даҳсолаҳо як бор пеш меояд. Агар Тоҷикистонро дӯст дорем, ҳатман ин корҳоро бояд анҷом диҳем!!!!”

Ёдовар мешавем, ки Манижа Сангин овозхони тоҷиктабори Русия  бо суруди Russian Woman дар давраи интихоби миллӣ намояндаи кишвар дар Евровидение интихоб шуд.

Интихоби намоянда аз Русия 8 март тариқи шабакаи аввали телевизион  тариқи раъйдиҳӣ зимни пахши мустақим  сурат гирифт.

Соли 2021 озмуни Евровидение дар Нидерланд баргузор мешавад. Озмунро аз 18 то 22 май Ротердам мизбонӣ менамояд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *