Осиёи МарказӣСиёсат

Изҳороти якҷояи роҳбарони КДАМ Тоҷикистон ва Қирғизистон

Роҳбарони Ҳайати ҳукуматии ду кишвар оид ба аломатгузории сарҳади давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон бо пахши як изҳороти умумӣ эълон карданд, ки ҷонибҳо ба созиш расиданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Қирғизистонро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Камчибек Тошиев ва ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов роҳбарӣ мекунанд.

“Гуфтугӯи судманд сурат гирифт. Фоҷиае, ки дар минтақаҳои наздимарзӣ рух дод, набояд ҳеҷ гоҳ такрор ёбад. Халқҳои мо дар ин минтақа  бо ҳам аҳлона  зиндагӣ мекунанд, ин айби онҳо нест. Мо, сиёсатмадорон, бояд ба онҳо  имконият диҳем, ки дар фазои сулҳ зиндагӣ кунанд . Барои ба даст овардани сулҳ дар сарзамини Қирғизистон ва Тоҷикистон мо ба созиш расидем ва умедворам, ки сулҳ ҳукмфармо хоҳад шуд” – гуфт роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов.

” Халқҳои мо рӯзҳои вазнинро аз сар мегузаронанд. Ин барои ҳар ду кишвар фоҷеа аст. Мо ба манфиати ду кишвар суратварақи иборат аз чор банд қабул кардем, тасмим гирифтем, ки тирандозиро комилан қатъ кунем ва ҳамаи ҷузъу томҳои низомиро ба ҷойҳои доимии худ баргардонем. Аз ин ба баъд, бо саъйи ҳамсоягони мӯҳтарами мо ва кӯшишҳои мо сулҳу оромӣ дар кишварҳои мо, алахусус дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ҳукмфармо хоҳад шуд”- гуфт Камчибек Ташиев.

Ёдовар мешавем, ки вазъият дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон 29 апрел тезутунд гардид, ки дар натиҷа сарҳадбонони ҳар ду тараф ба ҳам оташ кушоданд. Дир натиҷаи задухурди мусаллаҳона аз ҳар ду ҷониб даҳҳо нафар кушта ва садҳо нафар захм бардоштанд.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *