СиёсатТоҷикистон

ИЗҲОРОТИ ҲИЗБИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН: “ИН ҲОДИСАҲО ИҒВОГАРОНА БУДА, БО ҲАДАФҲОИ МУАЙЯНИ ҒАРАЗНОК АМАЛӢ ГАРДИДААНД”

Ҳизби аграрии Тоҷикистон нигаронии амиқи худро вобаста ба низои мусаллаҳона дар минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон, ки шаби 29 ба 30 апрели соли 2021 рух дод, изҳор менамояд.

Баррасии ҷараёни ҳодисаҳо нишон медиҳанд, ки онҳо бештар характери иғвогарона дошта, бо ҳадафҳои муайяни ғаразнок амалӣ гардидаанд. Аз ин хотир, мо тамоми иқдомоти анҷомшуда аз ҷониби мақомоти давлатии Тоҷикистонро дурусту саривақтӣ арзёбӣ карда, ҳамраъйии худро иброз менамоем.

Мо ҳамчунин, ба ин назарем, ки суистифода аз ин гуна ҳолатҳои фавқулода ва роҳ додан ба популизми сиёсӣ хос танҳо ба нерӯ ва шахсиятҳоест, ки фарҳанги сиёсӣ надоранд ва масоили ахлоқиву ватандӯстона барои онҳо бегона аст.

Мавқеи қотеонаи Ҳизби аграрии Тоҷикистон чунин аст, ки барои ҳар як ҳизби сиёсӣ, ҳар як фарди худогоҳу ватандӯсти кишвар ҳифзи якпорчагии Ватан, арзишҳои милливу давлатӣ ва суботу осудагии ҳамватанон бояд авлавият дошта бошад.

Дар баробари ин, муқаддасоти инсонӣ ва оини ҳамсоядорӣ набояд аз мадди назарамон дур монанд.

Мо аз мувофиқати ҷонибҳо, ки дар сатҳи расмии ду тараф ҳосил шуд, ҷонибдорӣ намуда, ба ин назарем, ки ҳамаи масъалаҳо бояд дар сари мизи гуфтушуниду муносибатҳои дипломатона роҳи ҳал пайдо намоянд. Дар робита ба ин, ба дурнамои муваффақонаи гуфтушунидҳо мо итминон дошта, фикр мекунем, таъсис додани ҳайати босалоҳият барои назорати раванди татбиқи созишҳои ҳосилшуда аз ҳисоби кормандони мақомоти дахлдори ду ҷониб айни муддаост.

Ҳизби аграрии Тоҷикистон ба оилаҳое, ки дар натиҷаи ин низоъҳои иғвогарона фарзанд, ё пайвандеро аз даст доданд, ҳамдардии амиқи худро изҳор дошта, ба онҳо сабри ҷамил мехоҳад.

Раёсати КМ ҲАТ

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *