Осиёи МарказӣСиёсат

ИМА метавонад нерӯҳояшро аз Афғонистон ба Осиёи Марказӣ интиқол диҳад

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико метавонад нирӯҳояшро пас аз хурӯҷ аз Афғонистон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷойгир кунад.

Дар ин бора рӯзномаи  The Wall Street Journal хабар медиҳад.

Тибқи гузориши The Wall Street Journal бо истинод ба манбаъҳо, интихоби бартарии Вашингтон барои истиқрори кормандони низомӣ дар Узбакистон ва Тоҷикистон хоҳад буд. Аммо, ин бо ҳузури низомии Русия ва афзоиши нуфузи Чин мураккаб аст.

Гуфта мешавад, ки дар ин бора то ҳол ягон дархости расмӣ нашудааст ва ин масъала мавриди баррасӣ қарор дорад. Ҳамчун ҷойгузин, ба навиштаи рӯзнома, Кохи Сафед масъалаи интиқоли нерӯҳоро аз Афғонистон ба кишварҳои Халиҷи Форс  ё ба киштиҳои алоҳидаи Нерӯи баҳрии ИМА баррасӣ мекунад.

WSJ ёдовар мешавад, ки моҳи май намояндаи махсуси ИМА дар Афғонистон Залмай Халилзод ба Узбакистон ва Тоҷикистон ташриф овард. Ба навиштаи рӯзнома, ӯ вазъи Афғонистонро баррасӣ кардааст. Манбаи рӯзнома гуфтааст, ки Узбакистон ва Тоҷикистон аз эҳтимоли паҳн шудани хушунат дар минтақа нигаронанд.

Ёдовар мешавем, ки ИМА дар Узбакистон ва Қирғизистон пойгоҳҳо дошт. Онҳо барои ҷойгиркунии нерӯҳо ва амалиёт дар Афғонистон истифода мешуданд. Вале нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида  соли 2005  Узбакистон ва   тақрибан пас аз 10 сол Қирғизистонро тарк карданд.

Президенти ИМА Ҷо Байден моҳи апрел эълон кард, ки нерӯҳои НАТО  аз Афғонистон то 11 сентябри соли 2021, 20-умин солгарди ҳамлаҳои террористӣ дар Иёлоти Муттаҳида ва  ҳуҷуми амрикоиҳо ба ин кишвар хориҷ хоҳанд шуд.  Пас аз он дар Афғонистон чанд ҳамлаи бузурги террористӣ ба вуқӯъ пайваст.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *