СиёсатТоҷикистон

ИШТИБОҲИ МО ДАР МУНОСИБАТ БО ҚИРҒИЗИСТОН

Одил Нозир, рӯзноманигор

Ин ҳарфро бояд намегуфтам, вале акнун мегӯям.

Дӯстони фейсбукии ман огоҳанд, ки замони шуюъи даргириҳои мусаллаҳ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон банда бо ҳамкасбонам ба марз рафта будем. Дар ин сафар, шоҳиди воқеаҳои зиёде гардидем, нақлҳои зиёде шунидем ва суҳбатҳои зиёде кардем.

Тардиде нест, ки ҷангро бо Тоҷикистон ҷониби Қирғизистон оғоз кард ва баъд аз оне ки низомиёни шуҷоъи тоҷик истодагарӣ кардаву марзи ватанро ҳимоя ва душманро саркӯб карданд, дӯстони қирғизамон аз мо агрессор сохтанд ва дар ақсои олам, кишвари моро ғосиб эълон карданд. Ин мавзуъи суҳбати дигар аст, феълан чизи дигаре гуфтан мехоҳам.

…Оташбас зуд эълон шуд. Нерӯҳои низомӣ марзро тарк карданд, вале…

Чандин нафар аз дӯстони низомии мо, ки дар миёнашон майёр, подполковник ва полквоник низ буданд, зимни суҳбатҳои бидуни сабт аз он изҳори норизоӣ карданд, ки ба онҳо иҷоза дода нашуд, ки амалиёташонро ба анҷом расонанд.

“Бе ин ҳам, қирғизҳо моро бад нишон доданд. Бояд аз боло иҷозат мешуд, ки мо ақалан дар заминҳои аҷдодиамон, ки дар замони шӯравӣ ба Қирғизистон тӯҳфа шуд, парчами Тоҷикистонро баланд мекардем” – гуфт, яке.

“Се-чор рӯзи дигар, иҷозат медоданд, мо карамонро ба сомон мерасонидем…”

“Аз боло бояд иҷозат мешуд, ки ба қирғизҳо кӣ будани тоҷикро нишон медодем, аммо…”

Ҳамин тавр, суҳбатҳо доштем бо низомиён.

Вале мо тоҷикон, расми ҳамсоягариро риоя кардем, хостем бо қирғизҳо дӯст бошем, вале афсӯс.

Қирғизҳо нисбати Тоҷикистон ва мардуми кишвари мо беэҳтиромӣ ва беэътиноӣ карданд, расми ҳамсоягариро шикастанд, марзҳоро бастанд…

Имрӯз Содир Ҷабборов дар Москва аст ва табиист, ки аз Путин мадад мехоҳад.

Аксу наворҳое, ки аз аз ҳар сӯ мерасанд, шаҳодат медиҳанд, ки қирғизҳо ба ҷанги навбатӣ омодагӣ мебинанд.

Бинобар ин, бояд мо, зуд қафо намегаштем, ба чунин ҳамсоя тараҳҳум намекардем, балки зарбаи ҷонкоҳ мезадем, ки садсолаҳо фаромӯш намекарданд…

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *