ТоҷикистонҶомеа

“Карантини ҳиндӣ”: бистарӣ шудани 15 нафар дар Хуҷанд

 Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, онҳое, ки дар Хуҷанд қарантина шудаанд, аз Ҳиндустон ворид шудаанд

ДУШАНБЕ, 19 май – Sputnik. Эмомалии Мирзо, сухангӯи ин ниҳод, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, афроде, ки дар Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд бистарӣ шудаанд, тайи як ҳафтаи ахир тариқи фурудгоҳи шаҳрҳои Истамбули Туркия ва Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб вориди Тоҷикистон шудаанд.

“Тибқи қоида, ҳар шаҳрванде, ки аз хориҷа ворид мешавад, таҳти қарантина қарор мегирад. Ин афрод дар ҷойҳои сукунати худ бистарӣ мешаванд. Он 15 нафар ҳам онҳоеанд, ки сокини шаҳри Хуҷанд буда, аксарият аз Ҳиндустон ва қисме аз Туркия вориди кишвар шудаанд”, – гуфт Эмомалии Мирзо.

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин хабарҳо паҳн шудаанд, ки дар Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд 27 нафар бо ташхиси “вируси корона” бистарӣ шудаанд.

Аммо масъулини шифохонаи мазкур ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки бархе аз онҳо гирифтори пнемония ё илтиҳоби шуши мавсимӣ буда, танҳо ба ин делел бистарӣ шудаанд, ки дар онҳо таби баланд маълум шудааст.

Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ҳафтаҳои ахир кишвари Ҳиндустон бадтарин рӯзҳои набард бо “вируси корона” – ро сипарӣ мекунад, ки рӯзи гузашта 4329 нафарро аз даст дода, гирифторӣ ба COVID-19 дар ин кишвар сайри суудӣ дорад.

Туркия низ як моҳи ахир бо мавҷи дуввуми ҳамлаи “вируси корона” дасту панҷа нарм карда, қарантина эълон карда буд.

Сухангӯи вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвари Ҳинд, ки ҳоло баландтарин нишондиҳандаҳои гирифторӣ ба маризии “вируси корона” мушоҳида мешавад, шаҳрвандони Тоҷикистон низ зиндагиву кор ё таҳсил мекунанд.

“Аз ин хотир, вазорат вуруди ҳар яки онҳо ва ҳам онҳоеро, ки аз худи Туркия ба кишвар ворид мешаванд, таҳти назорати шадид қарор додааст”, – гуфт Эмомалии Мирзо.

Аз 31 январи соли гузашта, тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон ягон мавриди гирифторӣ ба COVID-19 сабт нашудааст ва ин кишвар қаламрави бидуни “вируси корона” ба шумор меояд.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *