АхборОсиёи МарказӣТоҷикистонҲамкорӣ

Лавров пойгоҳи 201-уми Русияро дар Тоҷикистон омили суботи минтақа хонд

12:18, имрӯзМуаллиф: Asia-Plus

Русия барои сохтмони дидбонгоҳи марзӣ ба Тоҷикистон ёрӣ мекунад.

 “Рафти иҷрои қарордодҳо дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаи низомӣ ва низомӣ техникӣ, аз ҷумла мусоидати Русия ба таъмини Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо силоҳу муҳимоти навро баррасӣ кардем. Тавофуқ ҳосил намудем, ки минбаъд низ нақшаҳои пешбинишударо бо риояи муҳлатҳои муқарраршуда иҷро мекунем, – гуфт вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе пас аз дидору гуфтушунид бо ҳамтои тоҷики худ Сироҷиддин Муҳриддин.

Ба гуфтаи ӯ, бо назардошти вуҷуд доштани хатар ба амнияти умумӣ, ин масъала хеле муҳим аст.

“Пеш аз ҳама, дар ҳошияи вазъ дар Афғонистон дар робита ба оғози аз ин кишвар берун бурдани неруҳои ИМА ва НАТО, ки эълон шудааст. Мо аз фаъолмандии ҷангиёни созмонҳои байнулмилалии террористӣ дар вилоятҳои шимоли Афғонистон нигаронем. Ба ин омодаем ва онро дар амал иҷро мекунем, дар кори мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, инчунин гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ба Душанбе ҳамаҷониба кумак мекунем”, – иброз дошт Лавров.

Ӯ зикр кард, ки пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон омили субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, инчунин хабар дод, ки Русия ба сохтмони дидбоноҳи сарҳадӣ дар яке аз қитъаҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон мусоидат хоҳад кард.

“Дар омили назарраси суботи минтақа будани пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон мо ҳамфикрем. Бо иштироки Қувваҳои мусаллаҳи Русия мунтазам оид ба амалҳои зиддитеррористӣ машқу тамринҳо гузаронида мешаванд. Ояндаи наздик созишномаи байниҳукуматӣ имзо карданием, ки мутобиқи он мо ба сохтмони дидбонгоҳи сарҳадӣ дар яке аз қитъаҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон аз лиҳози молиявӣ кумак мекунем”, – изҳор дошт Лавров.

Read more: https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/security/20210519/lavrov-poigoi-nizomii-201-umro-dar-toikiston-omili-subot-dar-mintaa-nomid

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *