АхборОсиёи МарказӣҲуқуқи башар

Латукӯби мусофирони тоҷикистонӣ дар Қирғизистон

Ҳудуди бист тан мусофирони тоҷикистонӣ ҳангоми баргашт ба Ватан тавассути қаламрави Қирғизистон мавриди латукӯб ва таҳқир қарор гирифтаанд.

Дар ин бора сардабири рӯзномаи СССР Сайёф Мизроб бо истинод ба нақли як тан сокинони шаҳри Хуҷанд хабар дод.

Гуфта мешавад, ки сокини Хуҷанд Хурсандмурод Ҳомидов, ки бо  бист тан мусофири дигари тоҷик  тавассути хатсайри Санкт-Петербург-Бишкек ба Тоҷикистон бармегашт, дар фурӯдгоҳ ва роҳ чандин бор мавриди латукӯб қарор гирифтааст.

Назар ба нақли Хурсандмурод Ҳомидов дар Қирғизистон “ чи пулис, чи марзбон ва чи шаҳрвандони оддӣ танхо бо ин “иттиҳом”, ки онҳо тоҷиканд, ҳамаро таҳқиромез латукӯб кардаву боз навор ҳам мегирифтанд”.

Бар асоси маводе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешаванд, пас аз муноқишаи низомии қарибулвуқӯъ миёни марзбонони Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳодисаҳои таҳқир ва озори шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қирғизистон ба назар мерасанд.

Чанде пеш вакили дифоъи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия Валентина Чупик бо пахши як навор дар каналаш дар Ютуб дар бораи озору таҳқири муҳоҷирони тоҷикистонӣ ҳангоми убур аз ҳудуди Қирғизистон сухан ронда, аз мақомоти ҳар ду кишвар даъват кард, ки пеши роҳи ин банизомиҳо гирафта шаванд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *