Илм ва фарҳангТоҷикистон

ЛОИҚ – АБАРУСТОД ВА ШОИРИ РОСТИНИ МИЛЛӢ

Исфандиёри Назар, шоир

Ба пешвози 80-солагии шоири бузург

Устод Лоиқ Шералӣ агар ҷисман зинда мебуд, се рӯз баъд ба синни мубораки 80 мерасид. Намедонам, онгоҳ ин 80 солагиро ҳукуматдорон чи гуна таҷлил мекарданд, аммо мардум яқинан зодрӯзи ин шоири беҳамторо бо муҳаббати вижа таҳният мегуфтанд, ки акнун низ хоҳанд гуфт!

Тасаввур намекунам, ки Душанбе – пойтахти Тоҷикистон –  муҷассамаи шоироне чун устод Қаноат, устод Лоиқ, устод Бозор, устод Гулназар – сарояндаи “Суруди Миллӣ”-ро надораду надошта бошад!

Тасаввур намекунам, ки аз дирӯз, аз ҳамин имрӯз, дар фардо Душанбе муҷассамаи бузурги шоири устоду шукуҳманду тавоное чун бону Гулрухсорро надошта бошад!

Аммо боз ҳам худро бо ин баҳона таскин мебахшам, ки ҳар сахраи мармарии ин сарзамин, ҳар қуллаи он – муҷассамаи шоирони ӯянд. Муҷассамаҳе, ки ниёз ба тарошидан, ниёз ба катиба, ниёз ба миннати касе надоштаанд!

Боз ҳам худро тасаллӣ медиҳам, ки номи шоирон, китоби шоирон, шеъри худи шоирон – муҷассамаи онҳо, дар ҳар хонадони адабпарварвару аҳли шеър аст!

Худро оромиш мебахшам, ки чи бок агар ҳукуматиҳои дур аз шеъру шоирӣ ҳайкале барои ин фарзандони асили Душанбе нагзоштаанду шояд ҳам намегзоранд, дили ҳар адабдӯсте, ҳар ошиқу дилдодаи шеъре, муҷассамаву санги ёдгори ин шоирон дар меҳроби синаҳост!

Агар дар тавони ману дар ихтиёри ман буд, хиёбони Марказии Пойтахтро аз дуртарини нуқтаи Шимолии Тоҷикистон то дуртарин нуқтаи Ҷанубии он, аз дуртарин нуқтаи Ғарбии он то дуртарин нуқтаи Шарқии он пайваст мекардам ва дар ду самти ин хиёбон муҷассамаи ҳамаи шоирони тоҷикро мегузоштам, то дар марказ – ҳамин ҷой, ки истода – муҷассамаи абарустод Рӯдакӣ қарор дошта бошад!

Бегумону бе шакк, ҳар шоире барои пойдории фарҳангу забону бедории зеҳни хонандагони хеш машъале фурӯзон дорад! Метавон аз ҳар шоире шоҳбайтеро интихоб карду баҳои чанд девонро ба он шоҳбайт бахшид!

Аммо боз ҳам, бихоҳему нахоҳем, аз миёни ин шама машъаладорон, касоне қад боло кардаанд, ки дар дасти худ фақат як  фонӯс ё чароғ ё машъалро надоранд, дар дасти худ чун Данко дили хешро оташ задаву бардоштаанд, дар дасти худ худи Хуршедро машъал сохтаанд, то роҳҳои ҷаҳонро рушан бидоранд!

Абарустод Лоиқ ҳамонест, ки худи Хуршедро ба дасти хеш гирифта!

Аз ин миён касоне ҳастанд, ки дарди мардумро дарди хеш дидаанд, дарди башарро дарди мардуми хеш дидаанд, дарди ҷаҳонро дар тангнои синаи деҳкадаи хеш гунҷонидаанд!

Абарустод Лоиқ аз шумори ҳамин шоир аст!

Аз ин миён касоне будаанд, ки бо содатарину поктарин забон, бе суханбозиҳои зиёдӣ, мисли як чашмаи софи кӯҳистонӣ ташнагони роҳро об додаанд ва онҳоро ба уқёнусҳо роҳнамоӣ кардаанд!

Абарустод Лоиқ ҳамон чашмаи раҳнамо будааст!

Метавон аз ҳар рустое, аз ҳар шаҳристоне, аз ҳар шаҳре, устоне як-даҳ-сад-ҳазор гӯяндаро пайдо карду ном бурд, метавон аз дафтари гумномтарин шоир байтеро овард, ки балндии суроишаш кулоҳи ҳайратро аз сари бинанда афканад.

Метавон дар синаи кӯҳҳо хатти ҳаракати ҳазорон чашмаро, балки дарёро пайдо кард, ки кас намедонаду дар масири худ ҷӯш хӯрдаву ҷористанд…

Аммо чашмаи боландаву шукуҳманд боз ҳам ҳамонест, ки тан ба дарёи ниҳонраве дар зери замин Замин надодаву синаи сангҳоро шикофта ба берун омадааст, то дар кисаи дастҳои ташнадилу ташналабе бошад!

Боз ҳам байти мондагор он аст, ки дар дафтаре гумном намондаву ба сари забонҳо уфтода бошад ва аз ҳар диле дар ҳар қадаме танура кашидаву тӯфон кунад – мисли танура задани об аз танури пирзане, ки онро матлаъи тӯфони Нуҳи набӣ гуфтаанд…

Устод Лоиқ, ки ман беғразона, холисона, бо нигариш ба ончи сурудаанд, эшонро Абарустод хондаам, ҳамон чашмаи ҷӯшидаву тан ба дарёҳои ниҳонрави зерзаминӣ надода берун омада аст!

Устод Лоиқ ҳамон тӯфони Нуҳи баъди берун ҷастани об аз танури пирзане будааст, аммо на туфони харобкору зиндагисӯз, ки тӯфони бедоргари мағзҳо ва таконбахши шеъри карахтшудаи форсии тоҷик!

Агар қарор бошад аз бузургон нуқтаи заъфи эшонро пайдо кунем, пас аслан дар рӯи Замин ҷуз паямбарони Илоҳӣ, касеро беайб нахоҳем пайдо кард. Агар айнаки айббинро рӯи чашми дубини хеш бигзорем, метавон аз Рӯдакӣ то Айнӣ, аз Айнӣ то Лоиқ, аз Лоиқ то як ҷавонаке, ки тоза пой ба хами кӯчае аз дунёи адабиёт гузоштааст, айбу эрод пайдо кунем ва ба рӯяшон бикашем.

Метавонем инсофро болои тоат бигзорему бипурсем, ки: чиро Ҳаким Карим, Лутфулло Бузургзода, Ҳабиб Юсуфӣ, Абдушукур Пирмуҳаммадзодаҳо ба ҷанг фиристода шуданду барнагаштанд?

Метавонем пурсем, ки иллати рониши Лоҳутӣ аз Тоҷикистон чи буду кӣ буд?

Метавонем пурсем, ки Нусуратулло Махдумҳоро, Шириншоҳоро, Чинор Имомҳоро, Алӣ Хушҳоро, Аббос Алиевҳоро, Саидризо Ализода, Нисор Муҳаммад ва… садҳо тан ҷоннисорони ин миллтро киву чи касоне ба коми марг фиристоданд…

Оре, агар ҷустуҷӯ кунем, диламон аз хеле бузургону номварон сард хоҳад шуд. Ва инҷост, ки хидмати бузурги мардонро дар тарозуи адл месанҷему мебинем, ки бар нуқси эшон сангин омада, онро мепазирему нуқсро нодида мегузарем. Агар нуқсро бипазирем, пас хидмати азими эшонро, ки аз он ҳамеша мустафиз шудаем, бояд бо кӯрнамакӣ нодида бигирем.

… Басо касоне ҳастанд, ки мо надониставу наомӯхтаем, ки барои ҳамвор шудани роҳ ба устодоне чун Айнӣ пешопеш қалам фарсудаанд. Чи дар нигориши насри нави даврони шӯравии тоҷик, чи дар мақоланигорӣ – рӯзноманигорӣ, чи дар суроиши шеър бо тафаккуру баёни дигар.

Агар хонандаи мо тамоми шумораҳои “Бухорои шариф” ва “Овози Тоҷик”-ро аз он рӯзгор бо диққат бихонад, мебинад, ки барои шакл гирифтани як шеъри тоза, забоншиносии ҷадид, фарҳангнигорӣ, торихнигорӣ… касоне хишти аввалро гузоштаанд, ки акнун номашонро ҳеч кас ба ёд намеоварад!

Барои исботи андешаам, дар баёни мақолаҳои иҷтимоъӣ – рӯзноманигории нав, дар баёни дигар кардани мавзуъи шеър, нигариши дигар ба аҳкому расму ойини шаръӣ ва мардум… ба навиштаи Мирзо Ҷалол Юсуфзода дар “Бухорои шариф” таваҷҷуҳ кунед ё ҳатто барои тозакориҳо дар шеър ба ашъори ҳамон Фитрат, ки муддатеро бо хато хидмати понтурконро карду пушт бар забону миллати худ гардонид, таваҷҷуҳ кунед!

Онҷост, ки дарк мекунед, нахустин хиштҳоро барои бунёди як иморати тозаву барҳаво мардони зиёде чидаанд, то устод Айнӣ бо он роҳнамоӣ тавонад худи иморатро бисозад ва роҳи бузургеро барои ояндагон ҳамвор намояд!

Айнӣ фарзанди шаҳри Бухоро нест, фарзанди рустое аз ҳаволии Бухорост, бо тафаккури шаҳрӣ!

Ҳабиб Юсуфӣ фарзанди шаҳри Самарқанд буд, бо тафаккури олӣ!

Устод Лоҳутӣ бо тафаккуру ҷаҳонбиние ба Тоҷикистон омад, ки ҳеч шоиру қаламкаши он рӯзгор он моя таҷрибаву тафаккурро надошт! Аммо боз ҳам устод Айнӣ агарчи дар шеър ҳамсанги ӯ набуд, дар гунаҳое аз шеър ва дар анҷоми корҳои адабии дигар, ки ҳамагӣ руҳи миллатсозу тӯфони бедориро доштанд, ба устод Лоҳутӣ бартар меомад.

Агар мурод шеъре бошад, ки бо дарди ҷаҳон ҳамовозӣ кунад, ашъори шоирони даврони Шӯравӣ масоили ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро дар худ садо медоданд. Манзурам, забони баёну ҳунари шоирӣ нест, манзур гунҷоиши ҳаводиси онрӯзаи ҷаҳон аст.

Пайрав Сулаймонӣ бо шеъри устодонаи хеш масоили фаротар аз ҳаводиси Бухороро фаро гирифта буд, яъне аз Эрону Афғонистон ҳам дар баробари Давлати Бухоро ҳарф мезад, чун дар он кишварҳо буд.

Ҳабиб Юсуфии ватаниясаро чи қадр фурсат дошт, то дар саноеи шеър таҷриба андӯзад ва асли ҳунари хешро ба камол расонидаву ба хидмати адабиёт бигзорад?

Ашъори аввалияи устод Турсунзодаро бо ашъори Ҳабиб Юсуфӣ муқоиса кунед – Юсуфӣ дар ситораҳо менишинад!

Устод Турсунзода барои он, ки ба забони пӯхтае даст ёбад, аз сарсари ҷанги бунёсӯзи ҷаҳонӣ дар амон монд ва бо дидани умре тӯлонитару борифоҳу бобаракат истеъдоди худро сайқал дод ва мактаби шеъру шоириро барои насли ҷавон фароҳам овард!

Оре, мактаби Турсунзода аст, ки устодоне чун Қаноату Лоиқу Бозору Қутбиву Гулрухсору Гулназару Мастону Ҳабибулло Файзуллову Ғоиб Сафарзодаву…-ро ба адабиёти тоҷик тақдим кард.

Мушкиле, ки бархе аз бузургони шеъри тоҷикро бо он ба эроду чолиш мекашанд, “ҳисси маҳалгароӣ”-эшон аст. Ин “ҳисс”- гӯйӣ аз замони тасаллути туркон бар арикаи давлатдории эронӣ шиносоиву доман зада шуд. Метавон аз хилоли кутуби торих намунаҳоеро барои ин қавл ҷусту пеш овард.

Дар Бухорои даврони Олимхонӣ ҳам аҳли басират, аз ҷумла шоирон ҳам аз ин “ҳисс” то ҳадде барканор намондаанд. Ман намедонам чи касе ба масалан Туғрал метавонист аз рӯи маҳаллу кӯҳистонӣ будани ӯ душманӣ кунад. Афсонатарошон номи устод Айниро дар ин росто мехоҳанд бад кунанд, аммо тамоми осори Айнӣ, тамоми осори Туғрал шоҳиди ошкор аст,ки чунин даъвое пӯч аст. Устод Айнӣ он қадар бузург буд, ки на танҳо дар симои Туғрал, дар симои дилхоҳ намояндаи сабки Бедилии он рӯзгор барои худ на рақиб медиду на ҳамтое!

Агар бо чашми таҳқиқ ҷустуҷӯ шавад, садҳо шоири шаҳриро мешавад аз Бухорову Самарқанду Фарғонаву Тирмизу… ном бурд, ки зиндагонияшон тиратар аз гӯяндагони беруншаҳрӣ буд ва гоҳе ғайришаҳриҳо ба дарборҳо иртиботеро доштанд, ки шаҳриҳо онро орзу мекарданд.

Бо ин ҳама, агар зинда мемонданд, на Ҳайрату на Туғрал, аз зиндамондаҳо на Мунзиму на Фитрату на Тамҳиду на Ҷавҳаризодаву… ҳеч кудом истеъдоди устод Айниро дар адабиётсозӣ надоштанд ва наметавонистанд он ҳама корро анҷом диҳанд. Оре, метавонад ҳама шубонӣ кунад, аммо ҳар шубонеро рисолати паямбарӣ, ки надодаанд!

Ин аст, ки ин рисолат ба устод Айнӣ дода шуда буд ва табиъист яке аз он корҳои бешуморро намебинем, ки дигаре анҷом дода бошад. Дар ҳоле, ки дар нигориши наср ҳеч каш баёни ширину шевову покизаи Фитратро надорад. Ҳеч кас баёни муҳкаму клосикииШоҳину  Туғралу Тамҳиду…-ро надорад.

***

Шеъри пас аз устод Айниву Лоҳутӣ, барои се-чаҳор даҳа руҳу асолати табиъии шеъри порсиро гум карда буду он қадр камранг шуда буд, ки наметавонистӣ аз он маърифате ҷуз вожҳои кулхузу съезду Ленину замину каналу… пайдо кунӣ. Аммо он шеър шиоре барои созандагӣ, барои орзуро ба ҳақиқат табдил додан, баёни манзуми корҳои анҷомшуда, таблиғи низоми тоза буд.

Ба ҳар ҳол он шеър азимтарин нисолаташ дар ин бахши сарзаминҳои Эрони бостон, зинда нигоҳ доштани ЗАБОНИ ПОРСӢ буд!

Аз ибтидои даҳаи 60 ба баъд ин шеъри камрангу шиорӣ ҷои худро ба шеъри тозаву ботаровату зиндаву пӯё дод! Заминаҳои онро шоироне чун Шукуҳӣ ва амсоли эшон гузошта буданд.

Инҷост, ки падид омадани муъҷизае дар адабиёти шӯравии Тоҷик бо номи Лоиқ Шералӣ аз ҷониби бузургу хӯрд истиқбол шуд. Устод Турсунзода ин ҷавонро, аларрағми низомномаи он рӯзгор фақат бо як шеъри “Ба модарам” ба узвияти Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод карданду пазируфта шуд!

Чун дар симои ӯ, дар нахустин ашъораш пайғоме ниҳуфта буд, ки умеди саркорони адабиётро барои расидан ба як шеъри шукуфову пурбор бароварда месохт!

Он бузургон устод Қаноатро бо истеъдод ва руҳе ҳамосӣ пайдо кардаву шинохта буданду медонистанд, ки аз ӯ корҳои мондагоре ба вуҷуд хоҳад омад.

Лоиқро чун чашмае, ки худро ба дарёҳои бузург мерасонад, шинохтанд ва умедашон бар бод нашуд!

Инак, шумо агар шеъри дилхоҳ шоири тоҷикро бо шеъри Лоиқ Шералӣ ба муқоиса бигиред, пай хоҳед бурд, ки:

– таровати дигар дорад;

– густурдагии вожагониро дорад, ки наметавонед ними онро дар шеъри дигар ҳамасрону ҳамтоёнаш пайдо кунед;

– бозтоби масоил ва тафаккури миллиро ба таври рӯшану фарох танҳо дар ашъори ҳамин шоир пайдо мекунед;

– дар тақрибан тамоми ашъори ин шоир – пайванди масоилро бо масоили умумибашарӣ пайдо мекунед, ки дар дигарон то ҳадде маҳдуд мондааст;

– гуфтугӯ ва ёдкард аз қаҳрамонҳову чеҳраҳои торихие ҳамонанди Деваштич, Искандар, Рухшона,… ;

– нигариши дигар ба “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, пайванд додани пайкори қаҳрамонони он ҳамоса ба воқеаҳои ҷаҳони имрӯз, масалан дар “Ҷанги охирини Кова, “Гиряи Кова ба марги ҳабдаҳ писараш”…, ки нозукона ба Ҷанги ҷаҳонии дуввум иртибот пайдо мекунанд;

– нагунҷидан дар маҳаллу зодгоҳи хеш ва дар пиндору гуфтору кирдор фарзанди тамоми Тоҷикистон ва онгоҳ “Фарзанди тамоми одамизодам ман!” – гуфтани ин шоир;

– мушкили забон ва мубориза барои мақоми он – ҳам бо шеъру ҳам бо мақолаву мусоҳибаҳо ва ҳам бо амал;

– бозёфтҳои шоиронаи фаровон, баҳрабардорӣ аз шеъри даврони Рӯдакӣ то аз “Шоҳнома”, “Мааснавӣ”, “Девони кабир”, осори Соиб, рубоиёти Хайём… – ки наметавон онҳоро дар ашъори дигар ҳамтоёни ин шоир ба ин вусъату густурдагӣ ва шевоии баён пайдо кард;

– модарномаи офаридаи ӯ дар адабиёти форсии ин ҳавза – монанд надорад;

– ҷанги шаҳрвандӣ ва бозтоби он дар ҳоле, ки ба анҷом нарасида буд, дар як маҷмуаи комили ашъор, ки намунаи онро ҳеч шоири дигари тоҷик натавонист ба вуҷуд оварад ва агар ҳам дигар шоирон шеърҳое суруданд, маҳдуд буд ва натвонист тамоми фоҷиаро ба намоиш бигзорад ва садои дардҳои ниҳони мардум гардад;

– накӯҳиши маҳалгароӣ ва хатароти он ҳам дар шеъру ҳам дар амал, дар ҳоле, ки хеле аз рӯшанфикрону қаламкашону сиёсатмадорон дар ин лаҷанзор бархе то шитолангу бархе то зонуву бархе то гулу ғарқида буданд…; Лоиқ аз ин айб ба тамом барист ва содиқона дӯстдори тамоми тоҷику тоҷикистониву форсизабон ва умуми одамизод будаву мондааст!

– унвони “шоири халқӣ” ё “миллӣ”-ро метавон чун имрӯзҳо ба дилхоҳ касе аз ҳар гӯшаи Тоҷикистон дод, ҳоло гӯянда чи аз Фалғар бошаду чи аз Фархор, чи аз Хуҷанд бошаду чи аз Рашт, чи аз бағали кӯҳ бошаду чи аз домани дашт …  Аммо бо унвон, ки наметавон шахсеро шоири писандидаи мардум сохт ва бар осори он таровату рангу бӯву мондагории воқеъӣ бахшид.

Устод Лоиқ аз шумори камтарини шоиронест, ки шеъраш бе ҳеч таблиғе дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон месуруданду месароянд, мехонданду мехонанд.

Ҳоло, ки 21 сол аз даргузашти он шоири бузург сипарӣ шуда, чи касе ӯро таблиғ мекунад, ки то ҳанӯз пурхаридортарин китоби шеър – китоби шеъри Лоиқ аст ва бештарин китобҳои чопшуда – осори ӯст?

Агар ӯ бузурге модарзод набуда, агар сурудаҳои ӯ пурбору тару тоза набуда, истиқболи дигар аз осори ӯ дар миёни порсизабонони Афғонистону Эрон далели чист?

Инҷост, ки вақте устоди фақид Гулназар мегӯяд, ки “Ман ба эҷодиёти Лоиқ ба чун як мактаби адабии мустақил муносибат мекунам!” – на аз Лоиқ ба зӯр бузургтарошист ва на Лоиқ эҳтиёҷе ба чунин бузургтарошиҳо доштаву дораду хоҳад дошт.

Худи шеъри шоир аз бузургии ӯ, аз дониши ӯ, аз мавқеъи ӯ, аз то куҷо бо масоили инсониву милливу башарӣ пайванд доштани руҳу қалами ӯ ҳарф мезанад.

Лоиқ абарустод аст, чун осораш ба хонанда воқеан дарс медиҳад: дарси торих, дарси забон, дарси вожашиносӣ, дарси ҷасорат, дарси андеша, дарси бедорӣ, дарси вақтшиносӣ, дарси ишқ…

Устод Лоиқ воқеан шоири миллӣ аст, чун тамоми мушкилоту масоили миллиро бо шевотарин забону тарзи баён пешорӯи хонанда мегузорад ва ӯро водор ба миллатдӯстӣ менамояд!

***

Барои пайдо кардани далел ба ин ҳама гуфтаҳои умумии ман, метавонед шумо бори дигар ба осори ин шоири арҷманди миллӣ муроҷиат намоед. Шумо метавонед, калимаҳоро, калимасозиҳоро, ҳунари шоириро, ҳаводиси торихиро, ки маҳдуд нест ва аз дуртарин гӯшаҳои торих пайғом меоварад, бардоштҳои фалсафии шоирро, ки зоҳиран сода, вале дар воқеъ хеле амиқу то ҳол мавриди омӯзиш қарор нагирифтаанд, масоилу мушкилоти ҷаҳонӣ ва умумибашариро худ мулоҳиза фармоед!

Лоиқ – на танҳо устод тавоно, на танҳо шоире фаротар аз унвонҳои расмӣ, – абарустод аст, шоире қаҳрамон аст, шоире бо андешаҳои саршор аз  бедории миллист! Наметавон саҳлу сода бо заврақе шикаста ба ин уқёнус ба сафар баромад…

80 солагии шоири ҳамешаошиқ, ҳамешаҷавон, ҳамешапӯёро барои алоқмандони шеъру адаби сараи порсӣ шобош мегӯям. Равони тобнок ин шоири бузург бодо, ки ҷовидона дар Биҳишт бод!

Ва месазада, ки инҷо аз хидмати сангини устод Абдулризо Чароғӣ ёд кунам, ки бо ҳавсалаи тамом наздик ба як сол рӯи ашъори устод Лоиқ  кор кардаву бо диққати тамом ғазалҳоро, рубоиётро, дубайтиҳоро аз хати срилик ба порсӣ бознависӣ карданд ва бо шарҳи бархе вожагон дар маҷмуъаи зебое зери унвони “Забони модарӣ” аз тариқи интишороти “Арвона” дар Теҳрон равонаи чоп карданд.

Интихоби унвони “Забони модарӣ” тасодуфӣ нест, мураттиб нек дарёфта, ки ин шоир аз ҷоннисорони забони порсӣ, аз пуштибонҳо ва сипарҳои қавии он дар ҳавзаи Варозруд будааст.

Олмон, 17.05.2021

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *